Раванди пайдоиш ва тарғиби ақидаҳои экстремистию террористӣ қариб дар аксари кишварҳо якранг аст, вале шеваи мубориза бо он дар ҳар кишвар дигаргуна сурат мегирад. Тоҷикистон низ дар мубориза бо терроризм ва экстримизм шеваи хоси худро дорад. Мо аз коршиносон пурсидем ин шева то куҷо самаранок аст ва чиро бояд тағйир дод?

Масъалаи ифротгароӣ давоми чанд соли ахир дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ аст, бахусус, баъди пайвастани наздик ба 2 ҳазор нафар ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (дар Тоҷикистон мамнӯъ). Дар дохили кишвар ҳам даҳҳо нафар бо ин ҷурм паси панҷара рафтанд.

Коршиносон мегӯянд, ки таҷрибаи кишварро дар пешгирӣ аз ифротгароӣ метавон ба чандин марҳала тақсим кард, ки равандҳои феълии сиёсӣ-иҷтимоии дохилӣ ва ҳамчунин тамойюлҳои байналмилалиро дар пасманзари фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва доғ шудани масъалаи экстремизм ҳамчун падидаи номатлуб инъикос менамоянд.

Чор марҳилаи мубориза

Шерали Ризоён, акс аз саҳифаи шахсии Facebook

Ба таъкиди сиёсатшинос Шералӣ Ризоён таҷрибаи Тоҷикистон дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар давраи истиқлол 4 давраро дарбар мегирад.

Давраи якум солҳои 1991-1997, замоне буд, ки давлати мо бо мушкилоти ифротгароӣ ва терроризм ба таври амалӣ рӯ ба рӯ шуд. Сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси фаъол шудани гурӯҳҳои дохилӣ ва трансмиллии террористӣ гашт.

Давраи дуюм солҳои 1998-2013, пеш аз ҳама давраи сулҳсозии баъдиҷангӣ буда, дар ин марҳила қонунгузории миллӣ нисбат ба муқовимату мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм шакл гирифт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм соли 1999 қабул гардида буд, ки заминаи ҳуқуқиро барои муқовимат бо ин падидаи номатлуб ба вуҷуд овард. Дар ин давра дар кишвар фаъол шудани таблиғгарону аъзои гурӯҳҳои хориҷии ифротӣ низ ба назар мерасид, ки онро мо дар мисоли таблиғоти васеъи “Ҳизби таҳрир” дар аввали солҳои 2000-ум метавонем зикр кунем. Дар ин марҳила фаъол гардидани ҳаракати “Салафия”, “Ансоруллоҳ” ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон низ ба назар расид. Бояд зикр кард, ки аксари гурӯҳҳои ифротию терроритие, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст, маҳз дар ҳамин марҳила аз ҷониби Суди олии мамлакат қарорҳои дахлдор қабул гардида буд.

Давраи сеюм солҳои 2014-2016, пайдоиш ва густариши таъсири ДИИШ ба афкори кишварҳои мусалмоннишин, аз он ҷумла давлатҳои пасошуравӣ ва Тоҷикистон аст, ки низоми муқовимат ва пешгирии ифрогароӣ ва терроризмро комилан дигар намуд. Дар ин марҳила, теъдоди зиёди сокинони давлатҳои мухталифи мусалмоннишин ва ҳам ғарбӣ ба сафи ин ҳаракати террористӣ шомил шуданд; муҳтаво ва тартиби ҷалбу даъвати пайравону аъзо низ такмил ёфта, васеъ истифода гардидани воситаҳои иртиботии муосир низ ба назар мерасид. Теъдоди қобили мулоҳизаи шаҳрвандон дар муҳорибаҳои ҷангии кишварҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон дар сафи ДИИШ ва гурӯҳҳои ҳаммананди онҳо иштирок мекарданд, ки таҳдиди воқеиро ба суботи амнияти давлати мо дошт ва то ҳол дорад. Дар ин марҳила “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм барои солҳои 2016-2020” қабул шуд.

Давраи чорум аз соли 2017 то ҳол. Баъди анҷоми корҳои зиёди маърифатӣ, мағлуб гардидани ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, инчунин дарки таҳдиди воқеии ифротгароӣ ва терроризм ба рушди солими инсон дар Тоҷикистон марҳилаи коҳиши шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротии ҷангӣ ба назар мерасад. Шароити имрузаро ҳамчун давраи пасоифротишавӣ ном бурдан мумкин аст. Чунки масъалаҳое пайдо шуданд, ки дар натиҷаи ифротишавии шаҳрвандон ба вуҷуд омадаанд. Бахусус, бозгардонидан ва бозгаштани шаҳрвандон (аз он ҷумла кӯдакон) аз минтақаҳое, ки онҷо террористҳо фаъол ҳастанд, зарурати таҳия ва амалисозии барномаҳои ислоҳу реинтегратсияи ифротиҳои собиқ ва кудакони онҳоро ба вуҷуд овард ва имруз дар давраи фаъоли татбиқи худ қарор дорад. Махсус бояд зикр шавад, ки имрузҳо иқдомҳо барои қабули Стратегияи миллӣ дар таҳрири нав идома дорад ва бешубҳа барои коҳиши шомилшавии шаҳрвандон ва ба сатҳи нав баровардани мубориза бо экстремизм ва терроризмро ба вуҷуд хоҳад овард.

“Роҳгумони пушаймон”

Солҳои 2014-2016 ҷалби шаҳрвандон ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДИ) афзоиш ёфт. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2018, ҷамъан ба сафи ДИ 1899 шаҳрванди кишвар пайвастаанд. Шумори бештари онҳо маҳз дар солҳои 2014-2016 ҷалб шуда, аксарашон муҳоҷирони кориянд.

Бар асоси натиҷаи пажӯҳишҳо, ба сафи созмон асосан муҳоҷирони корӣ ҷалб мешуданд ва мубаллиғон аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ истифода мекарданд. Ҳамин тариқ дар он солҳо зарурати таҳияи сиёсати фарогири давлатӣ барои мубориза бо терроризму экстремизм ва тавонбахшии шаҳрвандоне пеш омад, ки аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ пушаймон шудаанд. Дар ин солҳо дар шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое пахш мешуданд, ки дар он ҷавонони роҳгумзадае, ки ба сафи “Давлати исломӣ” пайваставу бо пушаймонӣ баргашта буданд, аз таҷрибаи талхи худ қисса мекарданд.

Яке аз санадҳое, ки заминаи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстримизмро дар Тољикистон муҳайё мекунад, ин «Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм барои солҳои 2016-2020” ва “Нақшаи иҷрои Стратегияи миллӣ” мебошад, ки бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016 ” қабул шуд. Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ нахустин кишваре шуд, ки чунин санадеро ба тасвиб расонд. (Дар пайванди мазкур ҷанбаҳои мусбату манфии стратегияи Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм муфассал шарҳ дода шудааст)

Ба таъкиди директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода «стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад».

“Рӯйхати сиёҳ”

Дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, дар Тоҷикистон рӯйхати миллии шахсони бо терроризм алоқаманд дар сомонаи расмии Бонки миллӣ ҷой дорад. Дар шарҳи рӯихати мазкур гуфта шудааст, ки рӯйхат аз ҷониби мақоми ваколатдор дар самти мубориза бо терроризм – Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва пешниҳод карда мешавад.

Моҳи майи соли равон Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ба ин, тағйирот ворид кард. Теъдоди шахсони воқеӣ, ки ба иртибот бо террористон ва ифротгароён гумонбар дониста мешаванд, тӯли соли охир қариб ду баробар зиёд шуд: то аввали моҳи май дар феҳрист 1356 нафар ва айни замон 2647 нафар зикр шудаанд.

Феҳристи миллӣ ҳамчунин номгӯйи созмонҳои террористӣ ва ифротгарои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшударо дар бар гирифта, ба он 15 созмону ташкилот шомиланд.

Панҷ самти мубориза


Ба гуфтаи сиёсатшинос Шералӣ Ризоён дар умум, таҷрибаи миллии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм баррасию таҳлили васеъро талаб мекунад, зеро дар муқоиса бо кишварҳои ҳамҷавори Осиёи Марказӣ нуктаҳои зиёди қобили таваҷҷуҳро дорад. Аз ин рӯ, муаррифии таҷрибаи миллӣ метавонад барои шинохта шудани он аз ҷониби шаҳрвандон ва кишварҳои дигар ҷиҳати такмили иқдомҳои пешгирикунанда мусоидат кунад.

Шералӣ Ризоён мегӯяд, ки Тоҷикистон тамоми имконотро барои мубориза бо экстремизм ва терроризм истифода бурд ва дар як марҳилаи кутоҳ шароит пайдо шуд, то пеши роҳи тавсеа ёфтани ақидаҳои ифротӣ гирифта шавад.

Ба таъкиду ӯ дар ин самт ҳамчун унсури натиҷабахш нуктаҳои зеринро метавон зикр кард:

Якум, баргузор намудани корҳои маърифатӣ дар тамоми қаламрави кишвар. Мутобиқи бандҳои дахлдори “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм барои солҳои 2016-2020” дар тамоми минтақаҳо, бахусус маҳаллаю деҳоти мамлакат корҳои маърифатӣ сурат гирафтанд ва мардум аз ин падидаҳои номатлуб маълумоти заруриро ба даст овард. Иқтидори мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ барои пешгирӣ ва анҷом додани корҳои маърифатӣ нигаронида шуда буд, то ҷое дар худ саволҳоеро ба миён меорад, вале барои иттилоотонии мардуми кишвар нақши калидӣ дошт.

Дуюм, ташаккули афкори зиддиэкстремистӣ. Шаҳрвандон дарк карданд, ки мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ин танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки дар ин самт бояд бетарафӣ набошад, зеро ба ҳаёти осоиштаи ҳар як фарди ҷомеа таъсири мустақим дорад. Маҳз бо шакл гирифтани чунин дидгоҳ – афкори зиддиэкстремистии шаҳрвандон низ ба вуҷуд омад, ки яке аз мувоффақияти ҷиддӣ дар ин самт ба шумор меравад.

Сеюм, баргузор намудани ҳамоишҳои илмию коршиносӣ. Нуктаи зарифи масъала дар ин аст, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҳамоишҳои илмию коршиносӣ дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуданд ва ин иқдом барои тарҳрезию шакл гирифтани иқдомҳои илман асосноки муқовимат бо ифротгароиро ба вуҷуд овард. Коршиносону олимон барои пешгирии ин падидаи номатлуб тавсияҳои зиёдеро пешкаш намуданд, ки барху аз онҳо дар ВАО низ дарҷ шудаанд.

Чорум, баргардонидани ифротиҳои собиқ ва кудакони онҳо ба ватан. Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон дар минтақаи пасошуравӣ аввалин давлате буд, ки барои бо хоҳиши худ бозгаштани шаҳрвандонаш аз минтақаҳои ҷангзада ба қонунгузории амалкунанда тағйиру иловаҳоро қабул намуд. Ҳамин тариқ, моҳи марти соли 2015 ба Кодекси ҷиноятии кишвар иловаҳо қабул шуданд ва мувофиқи он агар шаҳрванд гуноҳу хатои худро эътироф кунад ва бо хоҳиши худ аз узвияти гуруҳҳои ифротӣ берун шавад, имкони озод шуданаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба вуҷуд омад. Инчунин агар гумроҳ шуда бошаду надониста ба гуруҳҳои ифротӣ шомил гардида бошад, бо эътирофи гуноҳ низ аз ҷавобгарӣ озод мешавад (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар амалкарди вай дигар кирдорҳои ҷиноӣ набошад). Чунин чораҳо дар моддаҳои 307 (прим 2), 307 (прим 3) ва 401 (прим 1) зикр шудаанд. Гузашта аз ин, бо такмили қонунгузории миллӣ Тоҷикистон ягона давлат дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки шаҳрвандонаш довталабона худ ба ватан баргаштанд ва аввалин давлате аст, ки кудаконро аз Ироқ ба ватан бозгардонид. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ имруз таҷрибаи миллии Тоҷикистонро дар ин самт омухта истоданд, ки худ яке аз нишонаҳои пешгирии муваффақонаи ифротгароӣ ва терроризм мебошад.

Панҷум, баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт. Дар 5 соли охир якчанд чорибинии байналмилалии сатҳи баланд ва ҳамоишҳои олимону коршиносон дар пойтахти мамлакат дар масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва экстремизм гузаронида шуд. Иқдоми мазкур ба таври барҷаста омодагии кишвари моро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷониба барои муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризмро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба намоиш мегузорад.

Ба гуфтаи Ш. Ризоён муқовимат ва пешгирии ифротгароӣ ва терроризм кори содда нест, чунки роҳбарону пайравони ин гуна ҳаракатҳои тахрибкор имруз ба ҳайси абзори геополитикии қудратҳои ҷаҳонию минтақавии манфиатдор баромад мекунанд. Мисоли равшани чунин шароит – вазъи гурӯҳҳои хориҷии ҷангӣ дар шимоли Афғонистон аст, ки масъалаҳои зиёдеро барои Кобули расмӣ ба вуҷуд овардаанд.

- Мушкилоти дигар ин татбиқи сиёсати духура нисбат ба ҳаракатҳои террористӣ аст, ки аз ҷониби қудратҳо амалӣ карда мешавад. Нуктаи дигар ин заминаҳои пайдоиши ҳаракатҳои террористӣ ва ё тавсеа ёфтани таъсири онҳо мебошад. Сабабу омилҳои мухталифи мусоидаткунандаи дохилӣ низ мавҷуд ҳастанд, ки барои анҷоми муқовимати муваффақ сарфи назар намудани онҳо аз манфиат холӣ нест. Ба назари ин ҷониб, яке аз василаҳои мувофақи мубориза бо ин вабо руи даст гирифтани иқдомҳои зеҳнӣ ва илмана соснок аст, то дар марҳилаи миёнамуддат тавонад афкору хостаҳои шаҳрвандонро шаклу самт диҳад ва афкори зиддиэкстремистии онҳоро тақвият бахшад, - илова намуд ҳамсуҳбати мо Ш. Ризоён.

Ҷазои сангин барои терроризм

Шуҳрат Қудратов, акс аз саҳифаи шахсии Facebook

Ба ақидаи ҳуқуқшиноси тоҷик Шуҳрат Қудратов яке аз нишонаҳои кӯшиши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва экстримизм ин пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои характери террористӣ ва экстремистӣ дошта дар Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба эктсремизм” мебошад.

Аввали соли равон дар Тоҷикистон қонун дар бораи мубориза бо экстремизм ба иҷро даромад, ки ба гуфтаи мақомот роҳҳои нави пешгирӣ аз ифротгароиро дар назар дорад. Дар қонуни нав мақомот шарҳ додаанд, ки киро ҳамчун ифротгаро мешиносанд ва кадом амалҳо ҳамчун ифротгароӣ тавсиф мешавад.

Бино ба қонуни нав, мақомоти Тоҷикистон амалҳое, ки ба ноустувор кардани амнияти миллӣ ва қобилияти дифоии давлат; даъвати оммавӣ бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд, ҳамчун ифротгароӣ мешиносанд.

Муаллифони қонун мегӯянд, ҳадафи асосӣ ба талаботу чолишҳои замон мутобиқ кардани қонун ва ҳам мутобиқ кардани он ба санадҳои байналмилалии мубориза бо ифротгароӣ аст. Ҳотам Назарзода, муовини аввали Прократураи генералии Тоҷикистон охири моҳи ноябри соли 2019 ҳангоми шарҳи қонун дар порлумон гуфта буд, ки санад аз сӯи як гурӯҳи кории ниҳодҳои интизомӣ ва адлия таҳия шудааст.

Дар бораи таҳияи қонуни нави мубориза бо тундгароӣ президенти Тоҷикистон дар паёми соли гузаштааш ба порлумон дахл карда буд. Раисҷумҳур гуфта буд, мақомот бояд тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ифротгариро дар қонунгузорӣ пурра кунанд.

Шеваи мубориза бо ифротгароӣ дар кишвар борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Аз ҷумла, Ҳолгер Грин, сафири пешини Олмон дар Душанбе, соли 2016 аз шеваи муборизаи мақомоти тоҷик бо ифротгароӣ интиқод ва суол карда буд, ки "оё Тоҷикистон ба ҷуз аз зиндонӣ кардани гумонбарон дар ифротгароӣ роҳи дигаре надорад?"

Бархе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон интиқод мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароиву терроризм озодиҳои динии шаҳрвандонро нақз мекунад. Кумисюни Амрико оид ба озодиҳои динӣ дар гузориши соли 2019 навишт, "ҳукумати Тоҷикистон нигарониҳояшро аз ифротгароии исломӣ барои асоснок намудани амалҳои худ ба зидди шахсоне, ки дар фаъолиятҳои муайяни диниву сиёсӣ иштирок мекунанд, истифода мекунад." Мақомот ҳамвора чунин интиқодҳоро рад кардаанд.

“Ҷавонони худию бегона”

Шуҳрат Қудратов бар ин назар аст, ки яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти ифротгароӣ ва террористӣ ин дар муҳити ҷамъиятӣ пешгирии намудани онҳо мебошад.

- Гузаронидани корҳои профилактикӣ дар байни ҷавонон муҳим аст, зеро насли наврас бо як қатор омилҳои мухталиф аз таъсири манфии гурӯҳҳои мухталифи ҷамъиятӣ ва ҷиноӣ осебпазир мебошанд. Ноустувории иҷтимоӣ ва моддии ҷавонон, максимализм дар арзёбӣ ва муҳокимарониҳо, номукаммалии равонӣ, вобастагии назаррас аз афкори одамони дигар - аз сабабҳое мебошанд, ки имконият медиҳанд, ғояҳои радикалӣ дар байни ҷавонон васеъ паҳн шаванд,- гуфт Қудратов.

Мавсуф ба суоли он ки оё мешавад дар маҷмӯъ, бар муқобили терроризм ва экстримизм мубориза бурд, посух дод, ки дар мадди аввал ҳукумат бояд таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигарро, ки ба таъсири харобиовар бештар дучор меоянд, дар ақида ва эътиқодоти радикалии ҷавонон ба осонӣ шакл мегиранд, аз байн барад. Барои инро аз байн бурдан бояд сатҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар муҳити ҷавонон хубтар карда шавад. Ҷавонон ба ҷавонони «худӣ» ва «бегона» ҷудо карда нашаванд, чунки ин омилҳо асос мешаванд, то ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ пайванданд ва дар натиҷа ин созмонҳо онҳоро дар манфиатҳои сиёсии худ истифода мебаранд.

Муваффақият ва пешниҳодҳо

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, акс аз Asia-Plus

Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Ёрмуҳаммад Ниёзӣ бар ин назар аст, ки роҳҳои асосии мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон ин такмил додани қонунгузории кишвар, ки самти мазкурро ба танзим медарорад, иштирок дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии таъмини амният, тақвият додани фаъолияти сохторҳои махсуси қудратӣ бо мақсади кофтуков, боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани террористону экстремистон ва ғайра мебошад.

Ба таъкиди номбурда яке аз роҳҳои пешгирикунанда ва муқовимат ба муқобили ин падидаҳои номатлуб мамнуъ эълон кардани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

- Омилҳои асосии мамнуъ эълон гардидани ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ин дар сафи онҳо мавҷуд будани теъдоди муайяни шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ғоя ё ақидаҳои динии ба мазҳаби ҳанафия мухолифатдоштаи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ба нерӯҳои оппозитсионии зиддидавлатӣ табдил ёфтани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии аз терроризм ва экстремизм истифодабаранда, дар қаламрави Осиёи Марказӣ иқомат доштани баъзе халқиятҳои ҷудоихоҳ аз қабили курдҳо, уйғурҳо ва монанди инҳо мебошад, - гуфт Ё. Ниёзӣ.

Ба ақидаи ӯ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм Тоҷикистон солҳои охир ба муваффақиятҳо ноил шудааст. Дар самти муайян кардан ва ба ҷавобгари кашидани ҳизбу ҳаракатҳои байналмилалии террористӣ сохторҳои қудратӣ ҷаҳду талоши бепоён доранд. Барои мисол, танҳо аввали соли ҷорӣ зиёда аз 200 нафар узви пинҳонкоронаи «Ихвон – ул - муслимин» дар қаламрави Тоҷикистон муайян ва боздошт карда шуданд. Нисбати 140 нафари он парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шуданд. Дар давоми нимсоли 2020 бошад 875 амали  террористӣ  ошкор  гардид.

Ёрмаҳмад Нимёзӣ бо мақсади тақвият бахшидани мубориза бар зидди терроризму экстремизм, чанд пешниҳод намуд:

- дида баромадани масъалаи ҷалб кардани ҷумҳуриҳои ҳаммарзи Афғонистон - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба гурӯҳи кишварҳои ҳаммоҳангкунандаи сулҳи Афғонистон, ки то имрӯз таҳдиди терроризму экстремизм аз ин кишвар бармеоянд;

- аз ҳисоби сохторҳои зиддитеррористии СААД, СҲШ, ИДМ ташкил кардани системаи боэътимоди амниятӣ, ки то имрӯз ҳалли худро то охир наёфтааст;

- андешидани чорабиниҳои мушаххас барои мутобиқгардонии қонунгузории Тоҷикистон бо кишварҳои дигари дурру наздик дар мубориза бо терроризм ва экстремизм;

- аз тарафи масъулини сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар  масъалаи истирдод бо кишварҳои хориҷии дуру наздик ба имзорасида, аз нав таҳлил ва ба талаботи меъёрҳои байналмилалии имрӯза мутобиқ гардонида шаванд;

- таҳлил кардани фаъолияти тамоми ташкилотҳои байналмилалии ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон, ки бо гуруҳҳои террористию экстремистӣ робита доранд, муайян кардани характери ин муносибатҳо, маблағгузориҳои он ва ғайра;

- боз ҳам ҷоннок кардани фаъолияти сохторҳои махсус ва қудратӣ дар дохили кишвар ба мақсади муайян ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳ ё ячейкаҳои дар ҷумҳурӣ пинҳонкорона амалкунанда ташкилоту созмонҳои терроритию экстремистӣ.

Номбурда гуфт, ки ягон кишвар ба танҳоӣ ба муқобили ин падида мубориза бурда наметавонад. Аз ин лиҳоз коалитсия ва созмонҳои муштараки минтақавӣ ва байналмилалӣ ташкил гардидаанд, - илова намуд, ҳамсуҳбати мо.

Ташхиси дақиқи решаи терроризм

Саъдӣ Ворисов, акс аз саҳифаи шахсии Facebook

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон, дар сурати пушаймонӣ дар узвияти гурӯҳҳои экстремистие, ки аз нуқтаҳои доғ ба ватан баргаштанд, афв эълон мегардад. Ҳамчунин, мақомоти Тоҷикистон низ чанде пеш шумораи зиёди ҷавонон, кӯдакон ва заноне, ки дар минтақаҳои ҷангзада бо сабабҳои мухталиф қарор доштанд, ба ватан баргардонид.

Коршиноси масоили мазҳабӣ Саъдӣ Ворисов мегӯяд, дар мубориза алайҳи даҳшатгардӣ, Тоҷикистон аз маҷмуъи равишҳо ва иқдомот ба шумули иттилоърасонӣ, истифода аз минбарҳои расонаӣ, афви пушаймоншудаҳо баъди баргашт инчунин, аз буъди динӣ бо фатвои донишмандони саршинос дар номашруъ будани пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва фитна будани ҳузур дар набардҳои онҳо кор гирифтааст.

Ба гуфтаи вай ин иқдомҳо сабаб шуданд, ки майли ҷавонони тоҷик ба пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ин авохир коҳиш ёфтааст. Аммо дар умум масъалаи ифротгароӣ як масъалаи ташвишовар барои ҷомеаи башарӣ, боқӣ мемонад.

- Барои решакан кардани он бояд саъйу талошҳои бештар дар ташхиси дақиқи решаҳо ва омилҳои пайдоиши он ба харҷ дода шавад ва мутобиқи он низ дар бартарафсозияш тадбирҳои муассир рӯйи даст гирифта шаванд, - илова намуд С. Ворисов.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!