Тоҷикистон то ҳол барои ба дарёфти воксини зиди бемории коронавирус ба Русия дархост нафиристодааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ хабар доданд. Ин дар ҳолест, ки 13-сентябр Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки як рӯз баъд барои дарёфти ин воксин ба ҷониби Русия дархост медиҳанд.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ мегӯяд, воксини Русия то ба ҳол ҳамаи марҳилаҳои озмоишҳои клиникиро нагузаштааст. Тоҷикистон танҳо баъди гузаштани ин марҳилаҳо бо ҷониби Русия барои дарёфти ин воксин вориди гуфтугӯ мешавад.

“Тавре шумо медонед, ваксинаи Русия аз тамоми марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ нагузаштааст. Вақте ки ҳамаи марҳилаҳоро мегузаранд ва самаранокии ваксина исбот мешавад, мо гуфтушунидҳо оид ба харидориро оғоз мекунем. Дар ҳоли ҳозир, ин масъала баррасӣ намешавад”, - гуфт масъули дафтари матбуоти вазорат.

13 август яке аз масъулони Хадамоти санитарию эпидемологӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки тасмим доранд барои дарёфти ин воксин дархост диҳанд.

«Мо умедворем, ки бо кӯмаки ҳукумат ва шарикони рушд ваксинае, ки Русия бар зидди коронавирус таҳия кардааст ба даст орем. Барои ин, зарур аст, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ таъсис дода, гурӯҳи одамони осебпазирро муайян кунад, ки пеш аз ҳама ба эмгузаронӣ ниёз дошта бошанд», - гуфта буд манбаъ.

Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ низ хабар дода буд, ки қарор аст, пеш аз ҳама, нафароне, ки беморони диабети қанд, диққи нафас, табибон ва марзбонон, ки дар посгоҳҳо навбатдорӣ мекунанд, бо воксини Русия алайҳи коронавирус воксингузаронӣ мешаванд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.