Ба Душанбе аз Беларус 60 троллейбусҳои бидуни алоқа бо барқ, ки дар корхонаи «Белкоммунмаш» (модели 32100D) истеҳсол шудааст, оварда шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, ояндаи наздик боз 40 адад чунин троллейбусҳо оварда мешаванд.

Ин троллейбусҳо ҳам бо ёрии шабакаи барқ ва ҳам бидуни алоқа бо барқ (тарзи автономӣ, мустақилона) ҳаракат карда метавонанд. Энергияи (нерӯи барқи) захирашуда дар троллейбусҳои чунин навъ барои ҳаракат бидуни васл бо шабакаи барқ ба масофаи то 15 километр мерасад (кифоягӣ мекунад).

Таъкид шуд, ки ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудааст.

Ғайр аз ин, шаҳрдории пойтахт боз 30 автобусҳои нави мусофирбар, аз ҷумла дуқабата харидорӣ намуда, ояндаи наздик онҳо ба роҳҳои шаҳр мебароянд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Душанбе ба мушкилоти норасоии ронандагон барои автобус ва троллейбусҳои нав дучор шудааст.

Айни замон соҳаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт таъҷилан ба наздики 200 нафар ронандагони автобусу троллейбусҳо ниёз дорад, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии категорияи “Д” ва на камтар аз се сол собиқаи корӣ доранд.

Аз шаҳрдорӣ хабар медиҳанд, ки танҳо сокинони пойтахт ба ин кор қабул шуда, музди меҳнат сар аз 1,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Троллейбусҳои бидуни алоқа бо барқ аз моҳи майи соли 2019 дар роҳҳои Душанбе ба равуо оғоз карданд. Ғунҷоиши онҳо 90 нафар бо 22 ҷойи нишаст, дарозиаш - 11,93 метр ва бараш - 2,55 метрро ташкил медиҳад. Дар троллейбус низомҳои оташхомӯшкунӣ, мушоҳидаи сабти видеоӣ, ҳавософкун (кондитсионер) ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ амал мекунанд.

Ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.

Барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд дар даромадгоҳи мобайн таҷҳизоти «аппарел» насб гардидаст, ки тавассути он даромадгоҳ то сатҳи лозима поёну боло карда мешавад.

Нимаи моҳи январи соли гузашта дар бораи харидории 4 адад чунин навъи троллейбусҳо хабар дода шуда буд.

Зикр гардида буд, ки троллейбусҳо дар доираи амалисозии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе”, ки аз ҷониби БАТР маблағгузорӣ мешавад, дастрас мегарданд: 50%-и маблағ - грант ва 50%-и дигараш қарз.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.