Охири моҳи март дар роҳҳои пойтахти Тоҷикистон троллейбусҳои бидуни алоқа бо барқ, ки бо харҷи миллион доллар аз Беларус харидорӣ мешаванд, ба равуо оғоз мекунанд.
Нахуст мақомоти шаҳрдорӣ аз Беларус чор троллейбуси чунин навъ мехарад, ки ҳар кадоме итақрибан 250 ҳазор доллар нарх дорад. Воситаҳо барои харидории онҳо аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ҷудо карда мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Душанбе.
Троллейбусҳо дар доираи амалисозии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе”, ки аз ҷониби БАТР маблағгузорӣ мешавад, дастрас мегарданд.
“50%-и воситаҳои пулӣ грант ва 50%-и дигараш қарз мебошад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” корманди шуъбаи нақлиёти мқомоти шаҳрдории пойтахт Абдулхайр Алиев.
Троллейбусҳои истеҳсоли корхонаи «Белкоммунмаш» (модели 32100D) ҳам бо ёрии шабакаи барқ ва ҳам бидуни алоқа бо барқ (тарзи автономӣ, мустақилона) ҳаракат карда метавонанд. Энергияи (нерӯи барқи) захирашуда дар троллейбусҳои чунин навъ барои ҳаракат бидуни васл бо шабакаи барқ ба масофаи то 15 километр мерасад (кифоягӣ мекунад).
Намояндаи мақомоти шаҳрдорӣ зимнан зикр кард, ки бо ин васила мақомоти шаҳрдории пойтахт ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиётро бар асари бозистии троллейбусҳои кӯҳна, ки дар ҳолатҳои қатъи интиқоли барқ соатҳои зиёд дар роҳ таваққуф мекунанд, ҳал карданист.

Дар сомонаи корхонаи истеҳсолкунанда гуфта мешавад, шумори ғунҷоиши троллейбусҳои модели 32100D 90 нафар мусофир бо 22 ҷойи нишастро ташкил медиҳад. Дар троллейбус низомҳои оташхомӯшкунӣ, мушоҳидаи сабти видеоӣ, ҳавософкун (кондитсионер) ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ амал мекунанд.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.
Эмомалӣ Раҳмон: “Артиш бояд технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ”-ро азхуд кунад”
Сармоягузорони асосии Тоҷикистон дар соли 2024
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 феврали соли 2025
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста