ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 24 ФЕВРАЛ

Соли 2004 – Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе истирдод карда шуд. Ӯ моҳи июни соли 2003 дар Маскав боздошт шуда, то вақти истирдод дар боздоштгоҳи “Лефортово” нигоҳ дошта мешуд. 

Ӯ дар Тоҷикистон бо ҷурми "хиёнат ба ватан", "нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ" ва "сӯистифода аз мансаб"  ба 15 соли зиндон маҳкум гардид. Соли 2016 баъди татбиқи қонуни авф ва 13 соли боздошту зиндон озод гардид.

Ёқуб Салимов

Соли 2010 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи авф намудани шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба қонунигардонии баъзе маблағҳои пулӣ”-ро қабул намуд. Ин қонун ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ имконият дод, ки маблағҳои пулии қаблан пинҳонкардаашонро бидуни таҳти таъқиби ҷиноятӣ ё маъмурӣ қонунӣ гардонанд.

Соли 2012 – Дар вилояти Суғд як гурӯҳ афрод, ки бо ташкилоти мамнӯи “Ҷамоати Таблиғ” алоқаманд буданд, маҳкум шуданд. Ин афрод барои иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти ташкилоти динӣ ва паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ айбдор дониста шуданд.

Фаъолияти “Ҷамоати Таблиғ” дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ шудааст.

Соли 2017 – Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои фаъолияти бонкии “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро бозпас гирифт. Ин қарор дар асоси мушкилоти молиявии ҷиддии ин бонкҳо, аз ҷумла нокифоягии сармоя ва нотавонии иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ қабул гардид.

Соли 2020 – Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) кишварҳои ҷаҳонро даъват намуд, ки барои эҳтимоли пандемияи коронавирус омодагӣ бинанд. Дар ин замон, вируси SARS-CoV-2, ки боиси бемории COVID-19 мегардад, дар зиёда аз 30 кишвар паҳн шуда, шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда ба 80,000 наздик мешуд.

Соли 2021 – Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз сокинони вилоят барои норасоии нерӯи барқ узр пурсид. Ӯ дар муроҷиати худ изҳор дошт, ки маҳдудиятҳои барқтаъминкунӣ бо сабаби кам шудани об дар обанборҳо ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ дар фасли зимистон ба вуҷуд омадаанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1900 – Мавлуди Ҳомид Маҳмудов, нахустин коргардони касбии театри тоҷик.

Ҳомид Маҳмудов

Ҳомид Маҳмудов дар оилаи амалдори маъруфи Бухоро Сайид Маҳмуди Таракачӣ ба дунё омадааст.

Соли 1929 вақте аввалин дастаи касбии театрӣ таъсис дода шуд (ҳоло Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ) Ҳомид Маҳмудов коргардон ва сарвари он таъин шуд.

Нахустин маҳсули эҷодаш “Наврӯз ва Гулчеҳра”, вале беҳтарин намоиши мавсуф “Маликаи Турандот” буд. Сипас Ҳомид Маҳмудовро барои ташкили театри дуввум (ҳоло Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ) ба шаҳри Хуҷанд даъват карданд.

Ӯ дар саҳнаҳои теарти тоҷик даҳҳо намоишномаҳо гузоштааст.

Ҳомид Маҳмудов 12-уми марти 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Пиромуни зиндагӣ ва эҷоди коргардон дар маводи муфассали “Азия-Плюс” Ҳомид Маҳмудов – нахустин коргардони касбии театри тоҷик мутолиа кунед.

Соли 1923 – Зодрӯзи Рафаэл Толмасов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Рафаэл Толмасов

Ў бори нахуст дар 10-солагиаш дар спектакли мусиқӣ-драмавии “Наҷот” иштирок кардааст.

Оғози ҳунарнамоии касбиаш дар театр аз операи “Шӯриши Восеъ” буда, дар давоми фаъолияти эҷодиаш бештар аз 80 партияро аз операҳои машҳури рус, хориҷа ва миллии тоҷик иҷро кардааст.

Ӯ нашқи Сулаймон дар “Аршин мол-олон”, Ренато дар “Отелло”, Нозим дар “Шӯриши Восеъ”, Шаҳрубон дар “Коваи оҳангар”, Тоҳир дар “Тоҳир ва Зӯҳро”, Баҳодур дар “Лаънаткардаи халқ”, Пӯлод дар “Пӯлод ва Гулрӯ”-ро иҷро кардааст.

Соли 1952 – Мавлуди Сироҷиддин Зуҳуриддинов, Меъмори фахрии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов

Сироҷиддин Зуҳуриддинов муаллифи лоиҳаҳои бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои парлумони Тоҷикистон, Майдони “Истиқлол” дар Душанбе, хонаи истироҳати “Пугус” дар ноҳияи Варзоб, марказҳои савдои “Меҳргон” ва “Пойтахт”, биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Айнӣ, Бофанда, Бухоро ва У. Хайем, толори қабули ҳайатҳои ҳукуматӣ, толори "VIP" фурудгоҳи Душанбе, мадраса барои 1500 нафар дар Душанбе аст.

Ӯ соли 2021 дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1954 – Мавлуди Абдухолиқ Сӯфиев, овозхон ва ҳунарпешаи синамои тоҷик.

Абдухолиқ Сӯфиев

Абдухолиқ Сӯфиев аз модар нобино ба дунё омад. Ӯ соли 1983 ба Бадахшон рафт ва бо мусоидати котиби ҳизбии вилоят Муминшоҳ Абдулвосиев ба ӯ дар маркази шаҳри Хоруғ хона доданд. Ӯ ин ҷо 10 сол зиндагӣ кард ва роҳбари бадеии ансамбли нобиноёни “Панҷтанон” буд.

Абдухолиқ Сӯфиевро дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун сарояндаи таронаҳои овозхони маъруфи машриқзамин Аҳмад Зоҳир мешиносанд. Ӯ дар филмҳои “Ишқ ва фалсафа”-и Муҳсини Махмалбоф ва “Овора”-и Далер Раҳматов нақш бозидааст.

Абдухолиқ Сӯфиев 26 сентябри соли 2015 дар синни 61-солаг аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

24 феврали соли 2022 Владимир Путин, президенти Русия дар як муроҷиати телевизионӣ эълон кард, ки барои ҳимояи мардум дар Донбасс, ки ба гуфтаи ӯ “ҳашт сол таҳти таҳқир ва генотсиди режими Киев қарор доштанд”, амалиёти махсуси ҳарбиро оғоз мекунад. Ӯ ҳадафи ин амалиётро “демилитаризатсия ва денасификатсияи Украина” номид. Дар натиҷаи ин изҳорот ҳамон рӯз нерӯҳои Русия ба Украина ҳамла карданд, ки ин ба оғози ҷанги васеъмиқёс байни ду кишвар оварда расонд.


То имрӯз ин низоъ идома дорад. Тӯли се соли гузашта ҳарду ҷониб талафоти ҷиддии инсонӣ ва молӣ дид. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои хотима додан ба ҷанг кӯшишҳои гуногуни дипломатӣ анҷом доданд, аммо ҳанӯз ҳалли ниҳоӣ пайдо нашуд.

Чанде пеш, 18 феврали соли 2025, намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия зимни вохӯрие музокироти эҳтимолии сулҳ анҷом доданд, ки метавонанд ба поёни низоъ мусоидат кунанд. Бо вуҷуди ин, вазъият дар минтақа ҳанӯз ноором боқӣ мемонад.

24 феврали соли 1852 Николай Гогол дастнависи қисми дуюми “Ҷонҳои мурда”-ро сӯзонд.


Гогол дар охири умраш зери таъсири шадиди изтиробҳои динӣ қарор дошт. Ӯ дар ин давра аз мушкилоти равонӣ, эҳтимолан психоневроз, ранҷ мебурд ва таҳти таъсири машваратҳои рӯҳонии худ Матвей Константиновский қарорҳои ғайриоддӣ мегирифт. Ин рӯҳонӣ ӯро водор месохт, ки худро аз корҳои дунёӣ дур кунад ва ҳатто аз хондани китобҳои худ даст кашад.

Шоми 24 феврали соли 1852 Гогол, эҳтимолан дар ҳолати бӯҳрони шадиди рӯҳӣ, дафтареро, ки қисми дуюми “Ҷонҳои мурда” дар он нигаҳдорӣ мешуд, ба оташ партофт. Бархе муҳаққиқон бар инанд, ки ӯ онро на якбора, балки қисм-қисм сӯзонд. Гогол чанд рӯз пас аз ин ҳодиса бистарӣ шуд ва 4 март (21 феврал бо тақвими кӯҳнаи русӣ) дар синни 42-солагӣ аз олам даргузашт.

24 феврали соли 1938 аввалин чӯткаи дандон бо мўйи синтетикии сунъӣ ба истеҳсолот ворид шуд.


Ин воқеа як инқилоби воқеӣ дар саноати маҳсулоти дандонӣ буд, зеро истифодаи мўйи синтетикии найлон ба ҷои мўйи табиӣ, ки пештар дар истеҳсоли чӯткаҳо истифода мешуд, имконоти нав ва самаранокро барои беҳтар кардани сифати нигоҳубини дандонҳо ба вуҷуд овард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 24 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон, ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6º сард то 1+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5º гарм, рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22º сард, рӯзона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.