Нисбати 8 корманди Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд барои хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва ҳамшарикӣ дар ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо баъди татбиқи ҷарима аз сӯи додгоҳ аз мақомот пурра ронда шудаанд.

Дар ин бора Икром Фаёззода, сардори шӯъбаи кадрҳои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, ки ҷинояти 8 корманди ин ниҳод аз ҷониби Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд, Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилоят ва додситонии Суғд ошкор шудааст.

Ӯ гуфт, нисбати Зиёратшо Сафаров ва Бахтиёр Ҳоҷиев барои хунукназарӣ (моддаи 322 қисми 2), Эшонқулов Улуғбек, Рустамов Мирзо, Мирзоев Акрам ва Илҳом Абдумавлонов барои баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ (моддаи 316 қисми 1), Мардон Комрон барои ҳамиштирокӣ дар  ҷиноят (моддаҳои 36 ва 391) парванда ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо бо ҳукми додгоҳ ҷарима ва баъдан аз вазифа ва ҳамин тариқ аз мақомот ронда шуданд.

Икром Фаёззода мушаххас кирдори кормандони Раёсати минтақавии гумрукро шарҳ надод, ки чӣ гуна ҷиноят даст задаанд.

Икром Фаёззода
Акс аз муаллиф

Вай гуфт, соли 2024-ум 22 корманди Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд аз вазифа озод шуданд.

- 8 нафар бо ҳукми суд;

- 7 нафар бинобар расидан ба синни нафақа;

- 5 нафар бо хоҳиши худ;

- 1 нафар бинобар фавт;

- 1 нафар барои ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ.

Ёдовар мешавем, ки аз кор рафтани шумораи зиёди кормандони Раёсати минтақавии гумруки вилоят соли 2020  ҳам бесобиқа буд. Панҷ сол пеш  30 корманд, ки “таҷриба”-и  20-25-солаи  коридошта бо сабаби  нагузаштан аз  аттестатсия, эътибор пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ  ва роҳ додан  дигар камбудиҳо дар фаъолият аз кор рафта буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.