Исроил раҳоии беш аз 600 зиндонии фаластиниро ба таъхир гузоштаст. Онҳо бояд рӯзи 22-юми феврал бар ивази 6 асири исроилӣ, ки гурӯҳи фаластинии “ҲАМОС” раҳо кард, озод мешуданд.
"Медуза" бо такя ба "The Times of Israel" навиштааст, ки Бенямин Нетаняҳу, нахствазири Исроил гуфт, “то замоне, ки озодии гаравгонҳои баъдӣ бидуни баргузории маросимҳои таҳқиромез кафолат дода нашавад” Исроил раҳоии гаравгонҳои фаластиниро ба таъхир мегузорад.
Ӯ аз “ҲАМОС” талаб кардааст, ба маросимҳои ба гуфтаи Исроил, “таҳқиромез”, ки ҳангоми раҳоии гаравгонҳо баргузор мешавад, хотима диҳад.
Нахуствазири Исроил “ҲАМОС”-РО ба "нақзи такрории оташбас”, аз ҷумла "истифодаи гаравгонҳо ба ҳадафҳои таблиғотӣ" муттаҳам кардааст.

Гурӯҳи фаластинии “ҲАМОС”, иттиҳомҳои Исроилро рад карда гуфтааст, далели мақомоти ин кишвар, ки гӯё “маросими озодии гаравгонҳо таҳқиромез” аст, як “иддаои беасос ва баҳонаи заифест, ки ҳадафаш фирор аз иҷрои уҳдадориҳои созишнома” аст.
Ба гуфтаи ҲАМОС, ин маросим таҳқире барои маҳбусон набуда, балки “муносибати инсондӯстона”-и онҳоро инъикос мекунад.
“ҲАМОС” дар навбати худ Исроилро ба нақзи тавофуқи оташбас муттаҳам карда, аз давлатҳои миёнарав талаб кард, ки ба ин кишваро фишор биёранд, то ба аҳди худ вафо кунад.
Ҳоло маълум нест, ки гаравгонҳои фаластиниро Исроил кай озод мекунад. Баъди ин, марҳалаи дуввуми оташбас ба куҷо мерасад, маълоум нест.
Рӯзи 22-юми феврал дар 7-умин марҳилаи ивази гаравгонҳо гурӯҳи фаластинии “ҲАМОС” 6 гаравгони дигари исроилиро раҳо кард. Онҳо ҳама мард буда, аз 22 то 40 сол доштанд. Ду нафари онҳо ҳудуди 10 сол дар асорат қарор доштанд. Чор каси дигар дар 7-уми октябри соли 2023 гаравон афтода буданд.
Ҳамчунин, ин 6 нафар охирин гурӯҳи гаравгонҳои исроилие буданд, ки дар марҳилаи аввали оташбас бояд раҳо мешуданд.
Зиндониёни фаластиние, ки қарор буд аз зиндонҳои Исроил озод шаванд, 50 нафар ба ҳукми абад ва 60 нафар ба ҳабси дарозмуддат маҳкум шуда буданд.
Ҳамчунин, дар миёни онҳо 47 касе ҳам ҳаст, ки баъди ивази гаравгонҳо дар соли 2011, дигарбора аз ҷониби Исроил боздошт шуданд. Боқимонда 445 нафари дигар сокинони Навори Ғазза ҳастанд, ки баъди моҳи октябри соли 2023 асир афтодаанд.
Ёдрас мешавем, ки Исроил ва ҲАМОС пас аз 14 моҳи ҷанг тавофуқи оташбасро имзо карданд, ки аз 19 январи соли 2025 ба иҷро даромад. Ин тавофуқ бо миёнҷигарии Қатар, Миср ва Амрико ба даст омад ва ивази гаравгонҳо яке аз шартҳои он буд.
Бояд гуфт, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли бо ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи “ҲАМОС” ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 нафар кушта ва 250 кас гаравгон афтид.
Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва Наворро бомборон кард. Масъулини беҳдошти Ғазза мегӯянд, “дар натиҷаи таҷовуз”-и Исроил ба Ғазза беш аз 47 ҳазор кас кушта шудаанд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста