Дар Тоҷикистон мушкили ивази 100-доллариҳои намунаи кӯҳна ба миён омад. Ахиран сокинони кишвар шикоят мекунанд, ки нуқтаҳои мубодилаи асъор бо кадом сабабе пулҳои коғазии 100-доллари ИМА-ро, ки аз соли 1996 то 2006 ба муомилот бароварда шудаанд, барои мубодила қабул намекунанд. Дар байни мардум чунин пулҳи коғазӣ (купюраҳо)-ро «долларҳои сафед» меноманд, зеро онҳо бо ранги равшантар фарқ мекунанд.
Барои итминон ҳосил кардан аз мавҷуд будани ин мушкилот, «Азия-Плюс» ба чанд нуқтаи мубодилаи асъор муроҷиат кард, то онҳоро ба сомонӣ иваз кунад, вале ҷавоби рад шунид. Кормандони нуқтаҳои мубодила тавсия доданд, ки ба дафтари кории марказии бонк муроҷиат кунем.
Роҳбарияти «Амонатбонк» ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки барои қабули пулҳои коғазии доллар ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Вале на ҳамаи филиалҳои бонк бо таҷҳизоти махсус барои санҷиши аслӣ будани онҳо (детекторҳои асъор) таъминанд.
Дар бонк таъкид карданд, ки солҳои охир дар муомилот пулҳои қалбакии 100-долларии нашри солҳои зикргардида пайдо шудаанд. Бинобар ин, чунин пулҳо танҳо дар дафтари кории марказӣ қабул мешаванд, ки дар он ҷо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст.
«Амонатбонк» аллакай ба маблағи умумии 730 ҳазор доллар «долларҳои сафед»-ро қабул кардааст, ки дар оянда ба ИМА фиристода хоҳанд шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор дошт, ки Бонки миллӣ ба роҳандозии системаи қабули бемамониати чунин пулҳои коғазӣ дар низоми бонкӣ, ки зимни ивази онҳо мушкилот ба миён меояд, омода аст.
Ӯ тасдиқ намуд, ки мушкилот ба набудани таҷҳизоти зарурӣ дар баъзе филиалҳои бонкҳо вобаста аст.
Толибзода ба кормандони масъул супориш додааст, ки дар ин бора як навор омода кунанд, ки дар он бо чунин пулҳо ба куҷо ва чӣ гуна муроҷиат кардан шарҳ дода шавад.
Натанҳо дар Тоҷикистон
Мушкили мубодилаи “долларҳои сафед” на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ вуҷуд дорад.
Нашрияи KUN.UZ-и Ӯзбекистон ҳанӯз аввали моҳи январи соли равон бо истинод ба шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, ки бисёре аз кишварҳо қабули пулҳои коғазии 100-доллариро тадриҷан кам мекунанд.
Дар мавод зикр шуда буд, ки Бонки марказии Ӯзбекистон ин маълумотро рад карда, изҳор дошт, ки пулҳои 100-долларӣ мақоми воситаи қонунии пардохтро нигоҳ медоранд.
Бо вуҷуди ин, таъкид мекунад нашрия, миёни аҳолӣ нигаронӣ меафзояд. Аксари мизоҷон қабули ин пулҳоро дар бонкҳои тиҷоратӣ рад мекунанд, фурӯшандагони техникаи маишӣ, электроника ва телефонҳо (ки дар онҳо нарх бисёр вақт бо доллар нишон дода мешавад) бошанд, ба қабули онҳо чандон майл надоранд ва зимни қабули онҳо тахфиф талаб мекунанд.
Дар Қазоқистон ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта аз қабули пулҳои коғазии кӯҳнаи доллар дар бонкҳо танҳо бо комиссия шикоят оғоз шуд.
ВАО-и Қирғизистон аввали моҳи декабри соли гузашта дар бораи ҷой доштани мушвилоти марбут ба ивази долларҳое, ки то соли 2013 нашр шудаанд, матлаб менавиштанд.
“Қабули онҳоро дар нуқтаҳои мубодила ва бонкҳои тиҷоратӣ ғайрирасмӣ рад мекунанд. Дар ҳамин ҳол ин навъи асъор дар кишвар кам нест”, - зикр шуда буд дар маводи Кактус.медиа.
Долларҳои қалбакӣ
Ба навиштаи нашрияи KUN.UZ, охири моҳи ноябр дар Туркия тафтиши далели паҳнкунии долларҳои қалбакӣ оғоз шуд. Зикр шуда буд, ки ба кишвар тариқи қочоқ ба маблағи 600 млн доллар пулҳои қалбакӣ оварда шудааст.
Дар натиҷа нуқтаҳои мубодилаи асъор ва бонкҳо амалиёт бо пулҳои коғазии 50 ва 100-долларии намунаи кӯҳнаро муваққатан қатъ карданд.
Гуфта мешуд, қисми асосии долларҳои қалбакӣ ба Туркия аз Сурия, Эрон ва кишварҳои Балкан ворид шудааст. Амалиёти аввал бо пулҳои қалбакӣ дар шаҳри Ғозиантеппа дар марз бо Сурия ба қайд гирифта шуд. Пулҳои қалбакӣ дар марказҳои сайёҳие чун Анталия, Измир, Истанбул ва Анқара ҳам ошкор шуданд.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи нашрияи “Акчабар”-и Қирғизистон, “долларҳои сафед” босуръат бозори асъори Осиёи Марказиро фаро гирифтанд” ва зикр карданд, ки гӯиё дигар онҳоро қабул намекунанд. Аммо ба иттилоии нашрияҳои пурнуфузи Русия, ин маълумот асоси воқеӣ надорад.
Долларҳои намунаи кӯҳнаро қариб ҳамаи муассисаҳо қабул мекунанд, ба истиснои якчанд муассисаҳои алоҳидаи молиявӣ.
Алайҳи нафаре, ки бо гумони кордзании духтарчаи 7 сола дар Панҷакент боздошт шуд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст
Раиси нави ҲСТ: “Мехоҳем тавассути парлумон соҳиби қудрат шавем”
Ҳашт корманди Раёсати минтақавии гумрук дар Суғд аз мақомот пурра ронда шудаанд
"Истиқлол" пас аз се сол боз Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард
Исроил раҳоии беш аз 600 зиндонии фаластиниро ба таъхир гузоштааст
Эмомалӣ Раҳмон: “Артиш бояд технологияҳои нав, аз ҷумла “зеҳни сунъӣ”-ро азхуд кунад”
Сармоягузорони асосии Тоҷикистон дар соли 2024
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 феврали соли 2025
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста