Сафорати Русия дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук тартиби роҳ додани мусофиронро ба парвозҳои доимӣ ва чартерӣ, ки аз Тоҷикистон ба Русия анҷом дода мешаванд, шарҳу тавзеҳ дод.
Дар маълумот изҳор мешавад, ки айни замон алоқаи ҳавоии мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон миёни пойтахтҳои ду кишвар ҳафтае ду парвоз (як парвозӣ аз ҷониби ширкатҳои «ЮТэйр» ва «Сомон Эйр») ба роҳ монда шудааст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба парвоз тариқи ин хатсайрҳо озодона роҳ дода шуда, бояд хулосаи муассисаи тиббиро (бо забони русӣ) дар бораи сироят надоштан аз коронавирус тибқи натиҷаҳои ПСР-тест пешниҳод кунанд, ки на пештар аз се рӯз то расидан ба Маскав дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳамаи боқимонда хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, ки ҳозир аз Тоҷикистон ба ин кишвар анҷом дода мешаванд, бо шумули “Уральские авиалинии”, мақоми чартерӣ (бору мусофиркашонӣ) доранд.
Бо ин хатсайрҳо шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шарти доштани асосҳои иловагии дар фармоиши ҳукумати Русия аз 16 марти соли 2020 №635-р зикршуда парвоз карда метавонанд.
Тавре намояндагии дипломатӣ зикр мекунад, тартиби мазкур аз ҷониби сохторҳои дахлдори ҳар ду кишвар тасдиқ шудааст.
Бо ин назардошт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки асосҳои зикршуда надоранд, ба парвоз тариқи хатсайрҳои чартерӣ роҳ дода намешаванд.
Қобили зикр аст, ки дарёфти билет ба парвозҳои доимӣ ба Маскав (ҳоло танҳо бо ҳамин шаҳр алоқаи доимӣ барқарор шуд) барои сокинони Тоҷикистон хеле мушкил аст.
Дар нуқтаҳои билетфурӯшии Душанбе издиҳоми мардум шабонарӯзӣ навбатпойӣ мекунанд, то ки билет харанд, лекин тибқи баъзе маълумот, билетҳо аллакай то тобистон фурӯхта шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.