Навбатпойӣ назди нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ дар Душанбе торафт зиёд мешавад. Ҳоло ҳам садҳо нафар мехоҳанд, ки ба парвозҳои доимӣ ба Русия билет харанд.
Нархи билетҳо ба Маскав расман дар ҳудуди 350 доллар муқаррар шуда, лекин ба гуфти шоҳидон, ба онҳо нархи бамаротиб аз ин зиёдтарро мегӯянд.
Ахиран ин мушкилот дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб шуда, мардуми назди хазинаҳо аз мусоҳиба ҳарос доранд ва намехоҳанд “чизи зиёдатие аз забонашон барояд”.
Яке мегӯяд, касонеро, ки мусоҳибаи видеоӣ додаанд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор намуда, бо онҳо суҳбат гузаронидаанд. Дигаре изҳор намуд, ки аз мусоҳиба доданаш фоидае несту чизе тағйир ҳам намеёбад.
Маълумоти бештарро дар ин навор бубинед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.