Директори намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”-и Русия дар Тоҷикистон Умед Лолаев дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар мавриди овозаҳои барқарор шудани парвозҳои доимӣ, баргардонида шудани билетҳо, нархҳои баланд ва чӣ гуна ба Русия сафар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон бо хатсайрҳои ин ширкат изҳори назар кард.
- Ширкати “Уральские авиалинии” аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳои доимӣ анҷом медиҳад?
- Не. Айни замон анҷом намедиҳад. Танҳо парвозҳои чартерӣ иҷро мекунад. Ҳавопаймоҳои мо аз шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Душанбе ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвоз мекунанд.
- Маълумоте буд, ки дар хазинаҳо ба хатсайрҳои ширкат аз Тоҷикистон ҳатто ба касоне ҳам билет фурӯхта мешавад, ки барои ворид шудан ба Русия асос надоранд. Ин дуруст аст?
- Не, мо бе асос билет намефурӯшем. Муссофироне, ки аз Тоҷикистон ба Русия азми сафар доранд, пеш аз харидани билет бояд бо қоидаҳои вуруд ба Русия шинос шаванд. Агентиҳои фурӯш уҳдадоранд, ки мусофиронро дар бораи қоидаҳои гузаштани сарҳади Русия ва зарурати доштани асос барои вуруд ба Русия мувофиқи Фармоиши№635-и ҳукумати Русия огоҳ кунанд.
Асосҳо барои вуруд:
1) доштани шаҳрвандии Русия ё доштани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ);
2) доштани хешовандони насли якум, ки шаҳрвандии Русияро доранд;
3) табобат дар қаламрави Русия;
4) даъватнома ба кор;
5) ва дигар асосҳое, ки дар замима ба мактуби мазкур зикр шудааст.
“Пулҳоро бармегардонем”
- Ҳозир одамон бештар мехоҳанд бифаҳманд, ки акнун билетҳояшонро чӣ кор кунанд. Ба касоне, ки то пандемия билет харидаанд, пулҳояшонро бармегардонед ё ба билетҳои нав иваз мекунед?
- Ба ҳамаи касоне, ки ба мо муроҷиат карданд, пулҳояшонро баргардонидем. Касе, ки то ҳол муроҷиат накардааст, бигзор муроҷиат намоянд, бе ҳеҷ ҷарима 100% пули ба харидории билет сарфкардаашонро бармегардонем.
Боз як варианти дигар ҳаст: онҳо метавонанд то барқарор шудани хатсайрҳои доимӣ интизор шаванд, сипас бар асоси билетҳои доштаашон мо билети дигар медиҳем.
Тавре мебинед, айни замон нарх баланд аст, агар хатсайрҳои доимӣ боз шаванд ва дар дасти мусофир билет бошад, сарфи назар аз кай харидани он, мо онро нав мекунем ва мусофир парвоз карда метавонад. Барои билет ягон маблағи иловагӣ пардохт кардан лозим намеояд, бигзор билет ҳатто миллион сомонӣ ҳам нарх дошта бошад.
Бори дигар такрор мекунам, ки билетҳое иваз мешаванд, ки ба хатсайрҳои доимӣ харида шудаанд.
- Агар мусофир барои вуруд ба Русия асос дошта бошаду билетро ба хатсайри доимӣ харидааст, ӯ бояд чӣ кор кунад?
- Агар одамон билетҳои пештар харидаву барои вуруд ба Русия асос дошта бошанд, мо ба онҳо ба парвозҳои чартерӣ бо пардохти маблағи иловагӣ билет медиҳем. Масалан, агар ҳозир билетҳо 6 ҳазор сомонӣ нарх дошта бошанду мусофир билетро бо 3 ҳазор сомонӣ харидааст, ба ӯ пешниҳод мекунем, ки боз 3 ҳазор сомонӣ пардохт кунаду ба парвози чартерӣ билети нав гирад.
Агар розӣ нест, пас бигзор ифтитоҳи хатсайрҳои доимиро интизор шавад. Бо боз шудани онҳо мо аввал касонеро раҳсипор мекунем, ки бо билетҳои ҳавопаймоии мо дар ин ҷо дармондаанду парвоз карда наметавонанд.
“Зиндагии мо аз пушти ҳамин мардум аст”
- Шахсоне ҳам ҳастанд, ки барои вуруд ба Русия асос надошта, дар пасманзари овозаҳои пайдошуда дар бораи роҳ додани шаҳрвандон ба Русия (бе асос) ба хатсайрҳои ширкати шумо билет харидаанд. Онҳо акнун бояд чӣ кор кунанд?
- Дар ҳар як хатсайри мо 2-4 нафаре ёфт мешаванд, ки барои вуруд ба Русия асос надоранд. Дар даромадгоҳ ба фурудгоҳ намояндагони мо кор мекунанд, ки аз сарҳадбонон дар бораи роҳ дода нашудани чунин шахс ба Русия маълумот мегиранд, чунки асос надорад ва агар ӯ роҳ дода шавад, ӯро бозпас бармегардонанд.
Кӯшиш мекунем, ки онҳоро аз ҳамин ҷо ба парвоз роҳ надиҳем, дар билетҳои онҳо менависем, ки “бозпас баргардонидан 100%, мусофир ба парвоз роҳ дода нашуд”. Зеро агар ӯ ба парвоз роҳ дода шавад, бозпас бармегардад ва билеташ бекор мешавад (месӯзад). Ва илова бар ин, ӯ боз муҳлати 5 соли ихроҷ мегирад. Ин ба кӣ лозим аст. Табиист, ки барои мо лозим нест, инҳо мусофирони мо мебошанду ҳар сол аз хатсайрҳои ширкати мо истифода мебаранд ва аз онҳо даромад мегирем.
Мо кӯшиш мекунем, ки бе ягон ҷарима 100% пули харҷшударо ба чунин билетҳо баргардонем.
Бо мардум кор бурдан лозим аст, онҳоро дӯст мебояд дошт, канораҷӯйву ранҷондани онҳо лозим нест. Зиндагии мо аз пушти ҳамин мардум аст. Агар ман хоҳиши мусофирро иҷро накунам, ӯ меравад ва маротибаи дигар бо хатсайри мо парвоз намекунад ва боз ба 10 нафар дӯстони худ мегӯяд, ки “бо хатсайрҳои ин ширкат парвоз накунед, он хуб нест” ва баъди ин ба ширкати мо зарар мерасад.
- Чаро нархҳои шумо ин қадр баланд аст?
- Ҳозир ширкати мо на парвозҳои мунтазам, балки парвозҳои чартерӣ иҷро мекунад. Нисбат ба парвозҳои доимӣ нархи билет ба парвозҳои чартерӣ 40% баландтар аст.
- Саволи охирин, парвозҳои доимии ширкати шумо кай барқарор мешаванд?
- Баростӣ, дар ин бора чизи мушаххасе гуфта наметавонам.
Дафтари кории намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар Тоҷикистон дар Душанбе бо суроғаи кӯчаи Айнӣ, 48 - ошёнаи 1-ум ва 9-уми бинои маркази тиҷорати “Созидание” воқеъ аст. Телефон: +992 372214520.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.