Айни замон 5 ширкати ҳавопаймоии Русия барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷозатномаи ҳукумати Тоҷикистонро доранд.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод.
“Панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия - «Уральские авиалинии», UTair, «Сибирь», «Nordwind airlines» ва «Икар» барои иҷрои парвозҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия иҷозатнома доранд”, - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз парвозҳои мунтазам, “ҳамарӯза аз 4 фурудгоҳи кишвар ба Русия ба ҳисоби миёна аз 8 то 10 парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд”.
Тавре Субҳонзода иброз дошт, бо ин хатсайрҳо ширкатҳои Русия зиёда аз 2500 нафар мусофиронро ба хориҷи кишвар мебаранд.
Ба савол дар бораи зиёд кардани шумори парвозҳои доимӣ бо Русия Субҳонзода посух дод, ки “ин ҳамааш ба Русия вобаста аст”.
“Ҷониби Тоҷикистон ба ифтитоҳ кардани ҳамаи хатсайрҳои мунтазам омода аст”, - илова кард роҳбари Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ.
Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз шаҳрвандони кишвар аз баланд будани нархи билетҳои ҳавопаймоӣ шикоят мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки 22 апрел мақомоти масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия талаб карданд, ки дар зарфи ду рӯз нархи билетҳои ҳавопаймоиро поин баранд, вагарна Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати манъ намудани парвозҳои чартерӣ аз ҷониби онҳо чораҳои дахлдор меандешад.
Пас аз ин ширкатҳои ҳавопаймоии Русия нархи ҳадди ақалл ва ниҳоии билетҳоро ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия пешниҳод карданд. Нархи ҳадди ақалл аз 3 ҳазор сомонӣ сар шуда, вобаста ба минтақа ва самти хатсайрҳо то 8 ҳазору 500 сомонӣ то ҳадди ниҳоӣ мерасад. Нархи ин билетҳо ба ҳисоби миёна 6-6,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Русия аз 1 апрел алоқаи ҳавоиро бо Тоҷикистон боз кард. Ба ғайр аз парвозҳои чартерӣ, дар як ҳафта танҳо ду парвоз тариқи хатсайрҳои доимӣ сурат мегирад, ки то тобистон билет ба онҳо пурра фурӯхта шудааст. Агентии авиатсияи гражданӣ дар мувофиқа бо ширкатҳои «Сомон Эйр» ва Utair, ки тариқи хатсайрҳои доимӣ парвозҳо анҷом медиҳанд, арзиши билетро ба самти рафтану бозгашт дар хатсайри Душанбе-Маскав 500 доллар муқаррар карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.