Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 15 ноябр тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои идомаи мубориза бо пандемияи COVID-19 аз 198 900 вояи ваксинаи Pfizer 117 000 вояро ба Тоҷикистон тақдим кард.
Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, боқимонда 81 900 воя ваксина ин ҳафта интиқол дода мешавад.
Гуфта мешавад, ин тақдим илова ба 325 260 вояи ваксинаи Pfizer дар моҳи сентябр ва 1,5 млн вояи ваксинаи Moderna дар моҳи июли соли 2021 аст.
“Интиқоли имрӯзаи ваксинаи Pfizer ба Тоҷикистон як қисми ӯҳдадориҳои ҳукумати ИМА оид ба эҳдо кардани 1,1 млрд ваксинаи COVID-19 ба кишварҳои эҳтиёҷманд – ба таври бехатар, одилона ва бидуни шарт аст. Дар саросари ҷаҳон ИМА аллакай беш аз 200 млн ваксинаи зидди COVID-19 расонидааст ва дар интизор аст, ки миқдори бештари он расонида мешавад”, - омадааст дар хабар.
Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли таъкид доштааст, ки «ҳеҷ кас аз COVID-19 эмин нест, то вақте, ки ҳамагон эмин мешаванд. Ва ваксинаҳо як ҷузъи асосиву муҳим барои расидан ба ин ҳадаф мебошад».
Зикр мегардад, ки интиқоли ваксинаи мазкур як қисми кумаки ҳамоҳангшуда барои таҳкими системаи тандурустии Тоҷикистон мебошад, ки хариди лавозимоти таъҷилӣ барои пешгирӣ ва назорати касалиҳои сироятиро дастгирӣ менамояд; назорат, вокуниш ва идоракунии мубталошавӣ бо COVID-19-ро такмил медиҳад; таблиғоти саломатии аҳолӣ, иртибот бо хатарҳо ва ҷалби ҷомеаро рушд ва беҳтар мекунад ва ҷоришавии истифодаи ваксина зидди COVID-19-ро дастгирӣ менамояд.
Қаблан дар доираи татбиқи механизми глобалии COVAX ба Тоҷикистон ҳудуди 370 ҳазор вояи ваксинаи зидди коронавирус оварда шуд: 14 ноябр 192 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca, 117 ҳазор вояи ваксинаи Pfizer-BioNTech; аз Латвия ба сифати кумаки башардӯстона 60 ҳазор ваксинаи AstraZeneca ворид шуд.
Тибқи маълуомти Вазорати тандурустӣ, то 12 ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон 2 млн 758 ҳазору 384 нафар (47%) ваксина гирифтанд. Аз давраи пурраи ваксинагирӣ, яъне гирифтани ду воя (доза) 2 млн 265 ҳазору 815 нафар (38,9%) гузаштаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо), Moderna ва Pfaizer (ИМА). Ваксингузаронӣ бепул аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.