Шурӯъ аз 20 июни соли равон равуои қатораи мусофирбари №301/302 бо хатсайри “Душанбе - Тошканд - Душанбе” оғоз мегардад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати “Ӯзбекистон темир йӯлларӣ” хабар медиҳад.
Қатора аз Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе соати 18:30 ба сафар баромада, рӯзи дигар, сешанбе соати 13:43 ба Тошканд мерасад.
Аз Тошканд низ қатора ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе соати 16:15 ба роҳ баромада, рӯзи чоршанбе ба Душанбе мерасад.
Масофаи роҳ аз Тошканд то Душанбе тариқи роҳи оҳан 916 километрро ташкил медиҳад. Қатора муддати 21 соат дар роҳ хоҳад буд.
Қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе - Тошканд - Душанбе аз 10 вагон: 4 вагони купе, 5 платскарт ва вагон-тарабхона иборат аст.
Гуфта мешавад, арзиши билети қатора бо назардошти тахфиф вобаста ба муҳлати фурӯш аз 381.476 сӯм (ҳудуди 373 сомонӣ) оғоз мегардад.
Қобили зикр аст, ки ҳаракати қатораҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта қатъ шуда буд.
Тавофуқ дар бораи дубора роҳандозӣ намудани ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни пойтахти кишварҳо зимни вохӯрии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аввали моҳи июн дар шаҳри Тошканд ҳосил шуда буд.
Дар ин хусус Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО пас аз гуфтушунид бо президенти Ӯзбекистон хабар дода буд.
Бо зикри бамаротиб зиёд шудани равуои шаҳрвандон ва боркашонӣ тариқи роҳи ҳавоӣ ва нақлиёти автомобилгард сарвари давлати Тоҷикистон он замон чунин изҳор дошта буд:
“Айни замон ҳамарӯза то 20 ҳазор нафар сокинони ҳар ду кишвар бо мақсади тиҷорату сайёҳӣ, инчунин дидорбинӣ бо хешовандону дӯстон сарҳадро убур мекунанд. Ин нишондиҳандаи хеле назаррас аст”.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон санади стратегӣ - “Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ба имзо расид.