Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 250 мавриди хушунати занон алайҳи мардон сабт шудааст. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотӣ Хилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Номбурда зикр кард, ки тибқи омори Вазорати корҳои дохилӣ, шумораи умумии муроҷиати шаҳрвандон оид ба зӯроварӣ ё хушунат 1 ҳазору 523 нафарро ташкил медиҳад. Бештари шикоятҳо (1273) аз заноне будааст, ки нисбати онҳо аз ҷониби мардон зӯроварии оилавӣ истифода шудааст.
Далелҳои шикоят дар бораи зӯроварӣ дар оила нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳамагӣ 9 ҳолат кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, дар марказҳои иттилоотии ноҳияҳои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр 478 мавриди зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст.
«Бо мақсади ҳалли ин мушкил аз ҷониби кумита як қатор чорабиниҳои пешгирикунанда ва сӯҳбатҳо бо оилаҳо ва ҳамсоягони онҳо гузаронида мешавад, то ҳамаҷониба омӯхтани мушкилот ва мусоидат ба наҷоти оилаҳо мусоидат намояд», - гуфт раиси кумита.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон 548 далели хушунати занон нисбат ба мардон сабт шудааст.
Кто больше всех помогал Таджикистану в 2024 году?
Bloomberg: Евросоюз намерен пересмотреть выделение многомиллиардной внешней помощи
Ювелирный дом «АКИКА»: история любви к искусству и совершенству
ХАМАС приостановил обмен заложниками, обвинив Израиль в нарушении соглашения о прекращении огня
В Азербайджане объявили персоной нон грата депутата Госдумы РФ Николая Валуева
Когда появятся новые паркинги в Душанбе?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 февраля 2025 года
Рост насилия и ранних браков. О чем рассказали в Комитете по делам женщин и семьи Таджикистана?
В Душанбе появится первая велосипедная дорожка
Глава Минздрава: «Оспы обезьян и метапневмовируса в Таджикистане нет»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста