Соли 2022 теъдоди рекордии шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтанд – 173 ҳазору 634 нафар. Мо тасмим гирифтем, ки ин маълумотро тайи ҳафт соли ахир таҳлил карда, бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муқоиса намоем ва ҳамчунин, сабабҳои майли зиёди шаҳрвандони Тоҷикистонро барои гирифтани шаҳрвандии Русия пайдо кунем.

Таҳлили маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба дарёфти шаҳрвандии Русия нишон медиҳад, ки давоми 7 соли ахир теъдоди тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд 6,5 баробар афзоиш ёфтааст. Агар тамоми маълумоти дастрас ҳисоб карда шавад, то охири соли 2022 теъдоди тоҷикони шаҳрвандии Русияро гирифта беш аз 830 ҳазор нафар хоҳад буд.

 


Пешсафони Осиёи Марказӣ

Тоҷикон дар гирифтани шаҳрвандии Русия миёни шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсафанд. Давоми ҳафт сол (2016-2022) 1 миллиону 56 ҳазору 432 нафар шаҳрвандони давлатҳои Осиёи Марказӣ соҳиби шаҳрвандӣ шуданд.

Аз ин теъдод ҳиссаи шаҳрвандони Тоҷикистон тақрибан нисфи он– 45%, шаҳрвандони Қазоқистон – 30%, Ӯзбекистон – 16%, Қирғизистон – 9% ва Туркманистон – 1% мебошад.



Кӣ ва чӣ тавр шаҳрвандии Русияро мегирад?

Тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия аз мақоми муроҷиаткунанда дар қаламрави Русия, иҷозатномаҳо ва мавҷудияти асосҳо барои гирифтани шаҳрвандӣ вобаста аст. Мувофиқи категорияи интихобшуда, бояд бастаи мувофиқи ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ гардад.

Шаҳрвандии Русияро метавон бо асосҳои зерин дарёфт кард:

- дар асоси ҳуқуқи таваллуд;

- дар асоси бо шаҳрванди Русия;

- донандаи забони русӣ;

- шаҳрвандони хориҷие, ки мақоми “гуреза” доранд;

- мутахассисони баландихтисос;

- шахсоне, ки дар барномаи кӯчонидан иштирок мекунанд;

- шаҳрвандони кишварҳои ИДМ;

- шахсоне, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ таваллуд шудаанд;

- шахсоне, ки дар Русия ё собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил кардаанд.

Бо асосҳои зикргардида шаҳрвандӣ дар шакли соддакардашуда дода мешавад, аммо дар ин ҳол ҳам бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шавад: ҳуҷҷат оид ба иҷозати истиқомати муваққатӣ, иҷозатномаи иқомат, шаҳодатномаи оид ба пешниҳоди паноҳандагии муваққатӣ, шаҳодатномаи гуреза ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истиқомат дар Русия.

Агар шаҳрванди хориҷӣ ба ҳеҷ кадоме аз ин гуруҳ дохил нашавад, пас ӯ метавонад шаҳрвандиро танҳо тибқи тартиби умумӣ гирад.

Тартиби умумӣ маънои онро дорад, ки ӯ бояд иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП), иҷозатномаи иқомат (ВНЖ) гирад ва на камтар аз 5 сол дар Русия зиндагӣ кунад. Танҳо пас он ӯ метавонад барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунад.

Чаро Русия дарёфти шаҳрвандиро осон мекунад?

Русия соли 2022 ба қонунгузорӣ дар бораи шаҳрвандӣ тағйирот ворид кард ва тибқи он ба хориҷиёне, ки барои хидмат дар артиши Русия ба мӯҳлати на камтар аз як сол шартнома мебанданд, ба таври содда шаҳрвандӣ дода мешавад.

Дар асоси ин тағйирот, барои онҳое, ки хоҳиши дарёфти шаҳрвандиро доранд, гирифтани иҷозатномаи иқомат (ВНЖ) шарт нест.

Сабаби ҷорӣ шудани тартиби нав ҷанг дар Украина буд. Ба ин васила, Русия хост шаҳрвандони хориҷиро, асосан аз кишварҳои ИДМ, барои пайвастан ба сафи сафарбаршудагон ташвиқ кунад.

Агар теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба як соли тақвимӣ тақсим кунем, маълум мешавад, ки ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 476 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд.
Акс аз youpassport.ru

Чаро тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандии Русия майли зиёд доранд?

Тоҷикон шаҳрвандии Русияро барои он интихоб мекунанд, ки бовар доранд, он зиндагии беҳтареро фароҳам меорад.

Пеш аз ҳама, дастрасӣ ба кор, ки тоҷикон ба хотири он ҳатто бидуни шаҳрвандӣ ба Русия мераванд. Мавҷудияти шиноснома мушкили бақайдгузорӣ, гирифтани патент ва дигар масъалаҳои бюрократиро, ки бар иловаи вақт хароҷотро талаб мекунад, аз байн мебарад.

Шаҳрвандӣ инчунин ба онҳо дастрасӣ ба таҳсилоти босифат барои кӯдакон, тибби ройгон ва босифатро фароҳам меорад.

Ҳамчунин, дар Русия дастгирии давлатии оилаҳо низ вуҷуд дорад.

Шаҳрвандии Русия имкон медиҳад, ки нафақаи бештар аз Тоҷикистонро гиранд.

Дуруст аст, ки шурӯъ аз соли равон Русия аз созишномаи кафолати нафақа барои шаҳрвандони ИДМ хориҷ шуд. Акнун танҳо онҳое, ки дар Русия зиндагии доимӣ мекунанд ва фаъолияти меҳнатии худро дар он ҷо анҷом медиҳанд, нафақа мегиранд.

Шиноснома метавонист бештар бошад

Бояд гуфт, чунин нишондоди баланд дар ҳоле ба қайд гирифта мешавад, ки бо оғози ҷанг дар Украина бисёриҳо раванди дарёфти шиносномаи Русияро мутаваққиф карданд.

Дар ин бора тирамоҳи соли гузашта раиси Маркази тадқиқоти таҳлилӣ ва амалии равандҳои муҳоҷират Вячеслав Поставнин хабар дод.

Ӯ гуфт, шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия қарор доранд, бо дарёфти ҳуҷҷати иҷозаи иқомати муваққатӣ ё иҷозаи иқомат, раванди гирифтани шиносномаро мутаваққиф мекунанд.

“Шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳоло ҳам талош доранд, ки дар Русия кору зиндагӣ кунанд, чунон ки пештар буд. Кор дар он ҷо, махсусан дар Тоҷикистону Ӯзбекистон зиёд нашуд, зиндагиашон низ беҳтар нагашт. Дар Русия ҳам шуғл ва ҳам сатҳи баланди маош ҳаст”, - гуфт ӯ.

Ба ақидаи ӯ, дар робита ба сафарбаркунии ҷузъӣ дар Русия танҳо рафтори афроде, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандиро доранд, тағйир ёфтааст.

“Пеш аз ҳама, сухан дар бораи шаҳрвандони он кишварҳое меравад, ки роҳбарияти онҳо шаҳрвандони худро аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина, то ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан, манъ кардааст. Бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташвиш буданд”, - изҳор дошт коршинос.

“Бо иҷозаи иқомати муваққатӣ ё иҷозати иқомат метавон зист, кор кард. Занони хориҷӣ, ки ба сафарбаркунии ҷузъӣ шомил намешаванд, мисли пештара гирифтани шиносномаи Русияро идома медиҳанд”, - хулоса кард Поставнин.

Яъне, агар ҷанд дар Украина оғоз намешуд, теъдоди тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро гирифтанд, метавонист боз ҳам бештар бошад...

Дар пайванд ба мавзӯъ:

Чӣ гуна муҳоҷиронро дар Русия ба ҷанг ҷалб мекунанд?

Мақомоти Русия пинҳон намекунанд, ки қасд доранд муҳоҷиронро аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба сафи артиш ҷалб кунанд.

Миёнаҳои соли гузашта Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тартиби соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандиро барои хориҷиёне, ки тибқи шартнома як сол дар артиш хидмат кардаанд, ба тасвиб расонид. Моҳи январ раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин таъкид кард, ки “ҳимояи кишвар” барои шахсоне, ки шаҳрвандии Русия гирифтаанд “вазифаи конститутсионӣ” мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки бо оғози сафарбаркунӣ дар Русия чандин нафар аз сокинони Тоҷикистон дар хусуси нопадид шудани наздиконашон, ки барои кор рафта буданд, хабар доданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, иддае аз муҳоҷирон довталабона ва ё ба тариқи дигар дар сафи воҳидҳои Русия, ки дар Украина меҷанганд, қарор доранд.

Тибқи маълумоти созмони ҳуқуқи башари Tong Jahoni (дар ихтиёри “Настоящее время”), давоми шаш моҳи ҷанг дар Украина ҳудуди 1300 нафар барои кӯмак ба он муроҷиат кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.