Муҳаммаднабӣ Бачгонови 49-сола, ки аз соли 2017 дар яке аз зиндонҳои шаҳри Иркутски Русия адои ҷазо мекард, моҳи декабри соли гузашта ба ҷанги Русия дар Украина ҷалб ва дар зодрӯзаш, 20-уми январи соли 2023 кушта шудааст.
Яке аз наздикони марҳум, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, Муҳаммаднабӣ Бачгонов моҳи декабри соли 2022 ба ҷанги Украина ҷалб шуд ва то 3 рӯз пеш аз кушта шуданаш бо бародарзодааш дар тамос буд.
Пайвандонаш мегӯянд, Муҳаммаднабӣ Бачгонов аз соли 1998-ум ба Русия рафта меомад ва ба тиҷорат машғул буд. Ӯро соли 2017 бо гумони муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва барои 12 сол равонаи зиндон карданд. Ӯ шаҳрвандии Русияро надошт ва дар яке аз маҳбасҳои Иркутск адои ҷазо мекард.
Ба қавли наздиконаш, ӯ гуфтааст, “бар ивази озодӣ аз маҳбас ва бо хоҳиши худ ба ҷанги Украина рафтааст”, вале онҳо ба ин иддао бовар надоранд ва мегӯянд, “ба эҳтимолӣ зиёд, ӯ маҷбурӣ ба ҷанг ҷалб шудааст”.
“То кушта шуданаш бо бародарзодааш дар тамос буд. Зану фарзандонаш намедонистанд, ки ӯ дар ҷанг аст. Зани ӯ рус буд. Ба бародарзодааш ҳамеша мегуфт, ки вазъаш хуб аст. Як моҳи охир тамос нагирифт ва се рӯз пеш мақомоти Русия занг зада, гуфтанд, ки рӯзи 20-уми январ Муҳаммаднабӣ Бачгонов кушта шуд. Ҷасадашро ба суроғаи писараш, ки аллакай 18-сола аст, мефиристанд”, - зикр кард яке аз наздикони Муҳаммаднабӣ Бачгонов.
Манбаъи мо гуфт, шоми имрӯз, 22-юми январ, ҷасади Муҳаммаднабӣ Бачгоновро ба Тоҷикистон меоранд ва барои ба хок супоридан, ба зодгоҳаш, деҳаи Ширговади ноҳияи Ванҷ мебаранд.
Бояд гуфт, ки бо гузаштаи қариб як сол аз оғози ҷанги Русия ва Украина, хабари ширкати даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, дар ин муноқиша расонаӣ мешавад. Дар баробари ин, расонаҳо аз кушта шудани тоҷикони дар маҳбасҳои Русия зиндонӣ хабар дода, аз қавли наздикони онҳо менависанд, маҳбусон иҷборан ба ҷанг бурда шудаанд.
Аз ҷумла, Радиои Озодӣ то ин дам дар бораи 10 нафар зиндонии тоҷик маълумот пайдо кардааст, ки ба ҷанг алайҳи Украина бурда ва кушта шудаанд. Ҷасади шаш нафари онҳоро ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Ҳоло дақиқ нест, чанд шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Русияву Украина иштирок доранд ва чӣ қадари онҳо кушта шудаанд. Мақомоти Русия ҳеч иттилоъ намедиҳанд ва мақомоти Тоҷикистон дар ин бора зиёд суҳбат намекунанд.
Омори маҳбусон нест?
Мақомоти Тоҷикистон омори маҳбусони тоҷикро дар Русия пешниҳоди омма намкунанд, ё дар ҳақиқат дар даст надоранд.
Аз ҷумла, Шуҳрат Аҳмадзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия дар нишасти матбуотии вазорат ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки дар зиндонҳои Русия чӣ қадар шаҳрвандони кишвар ҳастанд, посухи мушаххас надод ва гуфт “чунин маълумотро Вазорати корҳои дохилӣ дорад”.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар нишасти матбуотӣ гуфт, чунин оморро надоранд ва дигар кишварҳо ҳам омори шаҳрвандонашон, ки дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, надоранд.
Юсуф Раҳмон рӯзи 17-уми феврал гуфт, омори маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия маълум нест.
“Марҳамат, дар бораи гузаронидан ё овардани фарзандону хешу таборон аз маҳбасҳои Русия ба Прокуратура муроҷиат кунанд. Мо баррасӣ мекунем”, - гуфт прокурори генералӣ
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, ки Идораи зиндонҳои кишвар тобеаш аст, гуфт, “ин ваколати Прокуратура аст, суолро метавонед, ба онҳо диҳед”.
Танҳо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи Русия ва Украина хабар надоранд, бо вуҷуди ин, зидди ширкати тоҷикон дар ин муноқиша аз ҳар ду ҷониб ҳастанд.
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста