Сиёсатмадори рус Сергей Миронов пешниҳод мекунад, ки маоши муҳоҷирони корӣ зиёд карда шавад, лекин дар ҳамин ҳол, пулҳое, ки аз ҷониби онҳо интиқол меёбанд, андозбандӣ карда шаванд. Шарҳ медиҳем, ки чаро ҳам пешниҳоди якуму ҳам дуюми ӯ маъние надоранд.

Роҳбари ҳизби "Справедливая Россия - За правду” (Русияи одилона - барои ҳақиқат) Сергей Миронов, ки бо изҳороти тунди худ нисбати муҳоҷирони корӣ маъруф аст, ахиран ғайричашмдошт пешниҳод намуд, ки музди меҳнати муҳоҷирони корӣ то сатҳи русҳо боло бурда шавад.

"Дар сатҳи қонунгузорӣ пешниҳод шавад, ки корфармоён ба муқаррар намудани маоши муҳоҷирони корӣ дар сатҳи на камтар аз музди меҳнате, ки шаҳрвандони Русия дар вазифаҳои шабеҳ дар субъекти дахлдори Русия мегиранд, вазифадор карда шаванд", - гуфта мешавад дар муроҷиатномаи Миронов ба сарвазири Русия Михаил Мишустин.

Дар сурати риоя нашудани ин меъёр, Миронов пешниҳод кардааст, ки корфармоён ҷарима карда шаванд.

Шояд касе инро дигаргуншавии аҷиби Миронов қабул кунад. Зеро чанд моҳ пеш, баъди изҳороти раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрыкин дар бораи афзоиши парвандаҳои ҷиноии марбут ба муҳоҷирон дар соли 2022, ин нафар аз давлат чораҳои қатъӣ талаб карда буд:

- ҷорӣ намудани низоми раводид бо он кишварҳое, ки имрӯз аз онҳо муҳоҷирон ворид мешаванд;

- қатъи оммавӣ додани шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирон ва дар ҳолатҳое, ки агар шаҳрвандӣ бархилофи қонун гирифта шуда бошад, бекор кардани он;

- ҷорӣ кардани ҷавобгарӣ ба корфармоён барои ҷиноятҳое, ки аз ҷониби муҳоҷирон содир карда мешаванд.

Аммо ин тадбирҳо, агар гуфтаҳои қаблии ӯро дар мавриди муҳоҷирон ба ёд орем, нисбатан меҳрубонона ба назар мерасанд.

Масалан, дар баҳори соли 2021 ӯ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват карда буд, ки муҳоҷиронро “аз гиребонашон гирифта” ба хориҷи кишвар “фиристанд”.

Миронов баъдан дар Twitter-и худ навишт: "Мардуми мо ҷои кор надоранд ва дар бештар маврид барои чунин ҳолат муҳоҷирон сабабгоранд".

Ва пешниҳоди охирини раиси ҳизби " Справедливая Россия - За правду  " ба ҳеҷ ваҷҳ ба тағйири муносибаташ ба муҳоҷирон иртибот надорад. Баръакс, пешниҳоди мазкур ба он нигаронида шудааст, ки корфармоён аз истифодаи меҳнати муҳоҷирон даст кашанд.

Дар ин бора навиштаи Миронов, ки дар охири моҳи январи соли ҷорӣ дар телеграмм-каналаш нашр шудааст, гувоҳӣ медиҳад:

«Мавқеи ҳизби мо хеле рӯшан аст: ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони ИДМ ва моратория ба додани шаҳрвандии Русия ба сокинони Тоҷикистон. Аммо, бешубҳа, ба чораҳои маъмурӣ бояд фишангҳои иқтисодӣ илова карда шаванд”.

Миронов пешниҳод намуд, ки ба корфармоён барои истифодаи “қувваи кории хориҷӣ” андози иловагӣ ҷорӣ карда шавад.

“Ин корфарморо маҷбур мекунад, ки бори дигар фикр кунад, ки оё ба ин теъдод муҳоҷирон ба ӯ лозиманд ё на”, - афзудааст сиёсатмадор.

Аммо бетағйир боқӣ мондани муносибати ӯ нисбат ба муҳоҷиронро бахши дуюми муроҷиати чанде пешаш ба Мишустин низ тасдиқ мекунад.

Ӯ пешниҳод мекунад, ки барои интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дар ҳаҷми 1% комиссияи давлатӣ ҷорӣ карда шавад.

"Муҳоҷирони корӣ бо интиқоли маблағ ба кишварҳои дигар ба заиф шудани иқтидори иқтисодии Русия мусоидат мекунанд", - чунин шарҳ дода буд пешниҳоди худро Миронов.

Пешниҳодҳо ба хотири ҳамту як пешниҳод

Беасосии пешниҳоди Миронов (дар омадаи гап, ҳуқуқшинос ва иқтисодчӣ аз рӯи маълумот. Ӯ 30 сол боз дар мақомоти қонунгузор кор мекунад ва тақрибан 10 сол боз раҳбарии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русияро бар ӯҳда дошт) дар бораи боло бурдани маоши муҳоҷирони корӣ то сатҳи русҳо дар он аст, ки давлат бо модели иқтисодие, ки дар Русия вуҷуд дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад таъин кардани маоши муайянро ба зиммаи корфармоёни хусусӣ бор кунад.

Муҳоҷирон бошанд, бештар дар ширкат ё назди шахсони хусусӣ кор мекунанд.

Ҳадди ақали музди меҳнат вуҷуд дорад, ки корфармо ҳақ надорад аз он камтар пардохт кунад, дар Федератсияи Русия ин сатҳи поёниро  «ҳадди ақали музди меҳнат» (ҲАММ) меноманд, ки айни замон тақрибан 17 ҳазор рубл (200 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Равшан аст, ки худи муҳоҷирон ба маоши камтар аз ин сатҳ розӣ намешаванд, зеро ин маблағ ҳатто барои эҳтиёҷоти аввалия (пардохти патент, иҷора ва ғайра) кифоят намекунад, ҳол он, ки ба хона ҳам пул фиристодан лозим аст.

Сурат аз kp.md

Пешниҳод дар бораи ҷорӣ намудани комиссияи давлатӣ ба интиқоли пули муҳоҷирон боз ҳам бемаънитар ба назар мерасад.

Гап сари он аст, ки муҳоҷирони корӣ мисли русҳо ҳангоми гирифтани маош андоз (андоз аз даромади шахсони воқеӣ) месупоранд. Маълум нест, ки аз даромаде, ки аллакай андозбандӣ шудааст, боз чӣ тавр ҳаққи иловагӣ гирифтан мумкин аст?

Ғайр аз ин, миёнарави молиявӣ (низоми пардохт) барои интиқоли пул комиссия мегирад, ки як қисми он ба сифати андоз аз даромад ба буҷети Русия ворид мегардад.

Иддаои Сергей Миронов дар бораи "заиф шудани иқтидори иқтисодии Русия" тавассути интиқоли пул ягон маъние надорад. Зеро муҳоҷирон маҳз барои саҳми воқеӣ гузоштан дар иқтисоди Русия пул мегиранд.

Миронов танҳо нест

Андозбандии пулҳои интиқолии муҳоҷиронро ҳанӯз дар соли 2013 раиси пешини Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский низ пешниҳод карда буд. Аммо ин пешниҳод танҳо як пешниҳод боқӣ монд.

Коршиносони рус он замон гуфта буданд, ки ташаббуси Жириновский сирф таблиғӣ ва авомфиребӣ (демагогия) буда, ба доираи мушаххаси мақсаднок ва интихобкунандагони ин ҳизб нигаронида шудааст, ки таваҷҷӯҳро аз мушкилоти воқеии берун рафтани захираҳо ва пул ба хориҷа, ба мушкилоти дуюмдараҷа равона мекунад.

Ҳамчунин пешниҳодҳо барои ҷамъоварии саҳм аз интиқоли маблағҳо аз ҷониби мансабдорони тоҷик низ садо дода буданд. Онҳо ин пешниҳодҳоро бо он асоснок мекарданд, ки гӯё мехоҳанд дар оянда муҳоҷиронро бо нафақа таъмин кунанд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби раҳбарияти Вазорати меҳнати Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои 2000-уми садо дода, аммо қабул нашуд.

Бояд гуфт, ки дар мавриди интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ташаббусҳои начандон фаҳмо ҳам буданд, ки амалӣ шуда, ҳоло ҳам мавриди амал қарор доранд.

Ба ин тариқ, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2016, маблағи интиқолёфтаи шахсони воқеӣ бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ бо рубл, танҳо бо пули миллӣ дода мешавад. Оддӣ карда гӯем, ин ҷо дар бораи мубодилаи маҷбурии асъор сухан меравад.

Дар баробари ин, гирандагони пул як қисми маблағҳояшонро аз даст медиҳанд, зеро қурби мубодила дар нуқтаҳои интиқоли пул аз қурби нуқтаҳои мубодилаи асъор фарқ мекард.

Масалан, дар нуқтаҳои интиқоли маблағи бонкҳо рӯзи 21 майи соли 2019 як рубл ба 0,145 сомонӣ иваз мешуд. Яъне ба гирандагони интиқол ба 1 ҳазор рубл 145 сомонӣ дода мешуд. Дар ҳамин ҳол, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҳамин бонк қурби харид барои 1 рубл 0,148 сомонӣ (148 сомонӣ барои 1 ҳазор рубл) муқаррар шуда буд. Ҳамин тавр,  аз ҳар 1 ҳазор рубли русӣ бонк беасос 3 сомониро нигоҳ медошт.

Аммо дар чанд соли ахир ин тафовут бартараф гардида, дар бархе аз бонкҳо ивази пули интицолёфта бо рубл барои муштариён бо қурби мусоидтар аз нуқтаҳои мубодилаи асъор сурат мегирад.

Сурат аз e-cis.info

Қадри муҳоҷиронро бояд донем

Бисёриҳо дар Тоҷикистон ба масъалаи интиқоли маблағ таваҷҷуҳи лозима надоранд ва танҳо зикр мекунанд, ки муҳоҷирон оилаҳои худро таъмин мекунанд.

Аммо коршиносони ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ иқтисоди Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои бештар вобаста ба интиқоли пул дар ҷаҳон унвон мекунанд.

Пеш аз ҳама, зикр мегардад, ки муҳоҷирон ба ватан асъори хориҷӣ (рубль, доллар, евро) мефиристанд, ки касри бузурги тавозуни савдои хориҷиро мепӯшонад. Гап дар сари он аст, ки иқтидори содиротии Тоҷикистон аз талаботи кишвар ба воридот се маротиба камтар аст.

Ба ибораи дигар, аз ҳисоби асъори воридшуда аз содироти маҳсулот танҳо аз се як ҳиссаи молҳои зарурии воридотӣ ба ҷумҳурӣ рӯйпӯш мешавад.

Боқимонда аз се ду ҳиссаи асъори зарурӣ барои хариди маҳсулот дар хориҷа аз ҳисоби пули фиристодаи муҳоҷирон таъмин карда мешавад. Дигар манбаъҳои назарраси воридоти асъор вуҷуд надоранд ва дар хориҷа бо пули мо ҳеҷ кас чизе намедиҳад.

Илова бар ин, таҳлилгарони ниҳодҳои молияви байнулмилалӣ аҳаммияти бузурги интиқолро барои бахши истеъмолии Тоҷикистон зикр мекунанд. Оилаҳои муҳоҷирон маблағи аз саробонашон гирифтаро барои харидани молу маҳсулот, инчунин пардохти ҳаққи хидматрасониҳо (пули барқу алоқа, нақлиёт ва ғайра) истифода мебаранд.

Сурат аз торнамои bedpathmat.live

Гузашта аз ин, маблағҳои интиқолёфта як қисми муайяни даромад аз андозро ба буҷети кишвар таъмин мекунанд.

Ин интиқолҳо, тавре ки зикр гардид, миқдори муайяни даромади нуқтаҳои интиқоли пул, фурӯшандагони мол ва хидматрасониро ташкил медиҳанд, ки дар навбати худ андоз месупоранд.

Коҳиши қобили мулоҳизаи вуруди пули муҳоҷирон ба камшавии гардиши бозори истеъмолӣ ва воридоти андоз ба буҷет боис мегардад. Ногуфта намонад, ки ҳудуди 70%-даромади буҷети давлатии Тоҷикистонро андоз ташкил медиҳад.

Бинобар ин, имкониятҳои хароҷоти буҷет маҳдуд шуда, ба коҳиши маблағгузорӣ ба ин ё он бахшу соҳа оварда расонида метавонад. Дар пайи ин метавон коҳиши муомилоти пулро бо тамоми оқибатҳояш интизор шуд.

Ва то барқарор шудани воридоти пулҳои муҳоҷирон, ин метавонад беохир идома ёбад, ба мисли занҷираи даврзананда, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар таъсир мерасонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.