То 1 июли соли 2023 ҳаҷми умумии қарзи истеъмолгарон аз барқ дар Тоҷикистон 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 293 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”.
Аз ҷумла, аҳолӣ аз истифодаи барқ ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ (138 млн доллар) қарздор аст, ки қариб 47% аз ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бо назардошти болоравии арзиши барқ, қарзи аҳолӣ аз он дар нимсолаи аввал 4,2 млн сомонӣ зиёд шудааст.
Қарзи корхонаҳои зерин нисбатан зиёдтар аст:
- ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» - 276 млн сомонӣ;
- КВД «Обу корез» - 90 млн сомонӣ;
- ҶСК «НБО Роғун» - 31,7 млн сомонӣ;
- ҶСК «Тоҷик семент» - 10,7 млн сомонӣ.
Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар маҷмӯъ 84 млн сомонӣ, корхонаҳои таъмиру-истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати ҶТ - 50 млн сомонӣ, ҶСК “Помир Энержи” - 1,8 млн сомонӣ ва дигар истеъмолгарон - ҳудуди 1,7 млд сомонӣ қарздор шудаанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамеша вақти нашри чунин маълумот аҳолии ҷумҳурӣ изҳори норозигӣ мекунад. Мардум дар ҳайратанд, ки чӣ гуна ин қарзҳои ҳангуфт ҷамъ мешаванд - вақте агар дар пардохти пули барқ таъхир шавад, ба хонаводаҳо интиқоли он қатъ мешавад.
Дар ширкати “Барқи тоҷик” қаблан зикр карда буданд, ки қисми асосии қарзи аҳолӣ дар замони пеш, асосан дар солҳои 90-ум ҷамъ шудааст.
Аммо чунин иддаъо бо омори расмӣ рад мешавад: қарзи истеъмолгарони маишӣ аз 1 млрд сомонӣ дар аввали соли 2019 то ба 1,5 млрд сомонӣ дар аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ афзудааст.
Дар аввали соли равон ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ” дар бораи ошкор шудани истеъмолгарони вуҷуднадоштаи барқ хабар дод.
Дар хабар зикр мешуд, ки солҳои пешин истифодаи ҳаҷми зиёди барқро ба истеъмолгарони маишӣ нисбат медоданд, ки воқеият надорад.
“Бо мақсади коҳиши талафоти барқ истеъмолгарони вуҷуднадошта ба барнома ворид карда шуданд, ки то имрӯз барои фаъолияти дурусти он монеъа эҷод мекунад”, - зикр карда буданд дар ширкат.
ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аз соли 2021 баъди навсозии сохтори ШСХК “Барқи тоҷик” (тақсими он ба 3 ширктаи мустақил) ба фурӯши барқ дар Тоҷикистон машғул аст.
Выпускницы программы TechGirls про опыт поездки в США. Как стать участницей проекта в 2025 году?
В ООН заявили о росте производства опиума в Афганистане
Международный банк Таджикистана открыл новый Центр обслуживания в Пяндже
Туман и риск схода селей: КЧС вновь предупредил таджикистанцев
Новые горизонты для единоборств. Даврон Джураев стал главой Азиатской федерации ММА
В Таджикистане обнаружили останки динозавра, датируемые 85 миллионами лет
На АЗС «Газпромнефть» в Душанбе встретили участников международного автопробега Tro-Phy-Gital Tour
Школьники Таджикистана получили возможность участвовать в олимпиаде «Будущее большой химии»
Автозапчасти - какие из них можно купить неоригинальные, а на чем не стоит экономить?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Анор-Крафт-Маркет», акустический вечер и концерт французского пианиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста