Соли 2023 аз Тоҷикистон беш аз 5 ҳазору 300 нафар ба ҳаҷҷи фарзӣ ва беш аз 13 ҳазор нафар ба умра рафтаанд. Ин рақам назар ба 4 сол пеш қариб се маротиба зиёд аст. То соли 2020 - давраи бемории ҳамагирии “COVID-19” ҳамасола 2-3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳаҷ мерафтанд. Дар 30 соли истиқлол бошад, беш аз 200 ҳазор тоҷикистонӣ ба ҳаҷҷи фарзӣ ва умра рафтаанд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон 9-уми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ гуфт, давоми 5 соли ахир теъдоди зойирон аз Тоҷикистон се баробар зиёд шудааст.
Масъулин ва аҳолӣ сабаби афоиши зоиронро гуногун арзёбӣ мекунанд. Кӯшиш кардем, 5 далели афзоиши теъдоди зоирон аз Тоҷикистонро бо истифода аз мушоҳида ва назари масъулину коршиносон маълум кунем.
Беҳтар шудани зиндагии мардум
Ҳам мақомот ва ҳам аҳолӣ яке аз сабабҳои афзоиши теъдоди ҳоҷиёнро беҳтар шудани вазъи зиндагии аҳолӣ медонанд. Онҳо мегӯянд, солҳои охир даромади аҳолӣ назар ба чанд соли пеш зиёд шудааст ва онҳо имкон ёфтанд, ки бештар ба ҳаҷ раванд.
Аз ҷумла, Сулаймон Давлатзода сабаби афзоиши теъдоди ҳоҷиён дар Тоҷикистонро беҳ шудани сатҳи некӯаҳволии аҳолии кишвар гуфт.
“Аввалан ин бармегардад ба некӯаҳволии аҳолӣ ва баъдан ба бартарии зиёрат аз сайёҳӣ. Масалан, арзиши як сафари 10-рӯза ба Дубай ҳудуди 2 ҳазор доллар аст ва арзиши сафари 10-рӯза ба ҳаҷҷи умра ҳудуди 1,5 ҳазор доллар. Албатта, зиёратро аз саёҳат бартар медонанд”, - гуфт раиси Кумитаи дин.
Сокинони нисбатан калонсол мегӯянд, фарзандонашон дар Русия кор мекунанд ва волидайни худро бо ҳар роҳе бошад, ба ҳаҷ фиристанд.
“Дар маҷмӯъ, сафари тоҷикон ба кишварҳои хориҷӣ зиёд шудааст. Мо ҳар ҳафта ба Дубай ва Истанбул даҳҳо парвоз дорем, ки садҳо нафар мераванд ва миллионҳо сомониро сарф мекунанд. Ин далели он аст, ки аҳолӣ доротар шудааст”, - мегӯяд як коршиноси тоҷик.
Ӯ ба ин назар аст, ки барои аксари тоҷикон, ки мусалмонанд, сафар ба Парижу Мадрид ҷолиб нест, чун ин маконҳо барояшон арзиш надорад. Сайёҳати дохилӣ ҳам он қадар рушд накардааст. Аз ин рӯ, бино ба эътиқоди худ ба Арабистони Саудӣ мераванд.
Содда шудани тартиби пешниҳоди раводид
Моҳи августи соли гузашта Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон ва ҳафт кишвари дигар, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон, низоми визаи электронӣ ё “e-visa” ҷорӣ кард.
Акнун тоҷикон метавонанд раводиди сайёҳӣ (бо имкони вуруди бисёркарата ва будубоши то 90-рӯза)-ро тариқи сомонаи расмии раводиди электронии Арабистони Саудӣ бо арзиши 140 доллар дастрас кунанд.
То ин замон шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо баъди дастрас кардани раводид аз сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе (барои кор ва тиҷорат ҳам) метавонистанд ба ин кишвар сафар кунанд.
Зайнаб Ҳусейнова, сӯхангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, маҳз содда шудани тартиби пешниҳоди раводиди Арабистони Саудӣ як сабаби аслии афзоиши теъдоди зоирон аз Тоҷикистон аст.
“Дар солҳои пеш танҳо баъди гирифтани раводиди умра сокинон ҳақ доштанд, ки маносики умраро адо кунанд. Ҳоло бошад, тақрибан бо тамоми намуди раводид адои умра имкон дорад. Чи раводиди саёҳатӣ бошад, чи тиҷоратӣ ва чи корӣ”, - гуфтааст Зайнаб Ҳусейнова.
Рақобат ё мӯд?
Яке аз омилҳое, ки Президенти Тоҷикистон ва масъулини Кумитаи дин аз он нигаронӣ кардаанд, рақобат ё муд шудани адои маносики ҳаҷ аст. Яъне як нафар се-чаҳор маротиба ба ҳаҷ меравад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 27-уми июни соли 2023 дар паёми табрикиаш ба муносибати Иди Қурбон афзоиши зиёрати ҳаҷ аз тарафи сокинонро танқид карда, онро худнамоӣ ва зиёдаравӣ номид.
Ӯ аз он нигаронӣ кард, ки бархе сокинон “зиёрати хонаи Худоро ба як навъ мусобиқаи оилавӣ ва авлодӣ табдил дода, чандин маротиба ба ҳаҷ, аз ҷумла ба ҳаҷҷи умра рафта истодаанд”.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, зиёрати батакрори ҳаҷ дар ҳолест, ки ҳамин зойирону оилаҳояшон шароити дурусте барои зиндагии осоиштаву муносиб ва бе камбудӣ надоранд.
Моҳи майи соли гузашта, Абдуғаффор Юсуфов, сардори шуъбаи равобити байнулмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин ҳам дар мақолае дар маҷаллаи расмии “Дин ва ҷомеа” аз сӯистифодаи унвони “ҳоҷӣ” ва ба гуфтааш, “тақлиду таассуби сокинон дар иҷрои маросими ҳаҷ” нигаронӣ карда буд.
Ӯ гуфта буд, ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки сокинон “маблағи бо сад азоб ҷамъовардаи фарзанди муҳоҷирашонро дар ин роҳ сарф мекунанд” ва пешниҳод кард, ки сокинон ба ҷойи ҳаҷи фарзию умраи такрорӣ, корҳои хайре ба мисли “обёриву таъмири роҳу бунёди пул ва иншооти маишӣ” анҷом диҳанд.
Дар ин миён, оид ба сарфи маблағи ҳаҷ барои сохтмони пул ва роҳҳо аз ҷониби сокинони алоҳида низ расонаӣ шуданд.
Мазҳабӣ шудани ҷомеа
Яке аз омилҳои дигари афзоиши теъдоди ҳоҷиёнро коршиносон ба мазҳабӣ шудани ҷомеа рабт медиҳанд. Онҳо бар ин назаранд, ки назар ба чанд соли пеш ҷомеаи Тоҷикистон бештар мазҳабӣ шудааст ва аз ин рӯ, бо ишора ба яке аз рукнҳои асосӣ будани ҳаҷ кӯшиш мекунанд, ки зиёрати хонаи худоро ба ҷой оранд.
Вале як коршиноси масоили динӣ дар суҳбат бо мо гуфт, на ҳамеша эътиқод омили аслии зиёрати ҳаҷ аст. Теъдоде аз зоирин барои саёҳат ва тиҷорат ҳам мераванд.
Нархи арзон ва шароити бештар
Солҳои охир нархи ҳаҷи умра то андозае коҳиш ёфта, имкони сафар тавассути Ӯзбекистон ва Русия низ фароҳам шудааст.
Ҳоло ширкатҳои хадамотрасони Тоҷикистон барои як нафар ҷиҳати анҷоми ҳаҷи умра аз 17 то 19 ҳазор сомонӣ талаб мекунанд. Қаблан ин маблағ аз 20 то 25 ҳазор сомониро ташкил мекард.
Ҳамчунин, солҳои охир сокинони зиёди Тоҷикистон тавассути Ӯзбекистон ва Русия низ ба ҳаҷҷи умра мераванд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки хадамоти ширкатҳои ин кишвар ба маротиб арзонтар аз Тоҷикистон будааст. Масалан, хадамоти ширкатҳои Ӯзбекистон аз 10 ҳазору 500 сомонӣ то 13 ҳазор сомонӣ (950 - 1200 доллари ИМА) барои як нафар арзиш дорад.
Нархи сафар ба ҳаҷи фарзӣ ҳам то андозае кам шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта нархи сафар ба ҳаҷҷи фарзӣ 59 ҳазор сомонӣ ё 5 ҳазор доллар буд. Ин нисбат ба нархи соли 2022 -юм 1520 сомонӣ арзонтар аст.
Чаро омори мушаххаси ҳоҷиён маълум нест?
Аслан ҳаҷ яке аз рукнҳои дини ислом буда, адои он барои ҳар мусалмони болиғ, оқил ва озод фарз аст ва он ду навъ мешавад: фарзӣ ва умра.
Ҳаҷҷи фарзӣ маросимест, ки вақти муайян дорад ва дар арафаи Иди Қурбон анҷом дода мешавад. Ва барои адои он ҳар сол аз ҷониби Арадистони Саудӣ барои ҳар кишвар квотаи муайян ҷудо мегардад. Соли равон ин кишвар барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.
Давоми 5 соли охир аз Тоҷикистон бештар аз 30 ҳазору 500 нафар ба ҳаҷҷи фарзӣ рафтаанд ва барои ин бештар аз 1 млрд 355 млн сомонӣ (123,7 млн доллари ИМА) сарф кардаанд.
Умра бошад, вақти мушаххас надорад ва давоми сол ҳар нафар метавонад адо кунад. Ҳеҷ маҳдудияте ҳам дар робита ба теъдоди зоирон вуҷуд надорад, аммо омори нафароне, ки ба умра рафтаанд, дақиқ нест.
Учёба за рубежом. Доступные программы для студентов и школьников из Таджикистана
Госдума запретила брать в школы детей мигрантов без знания русского
В России назвали три сферы, которые будут остро нуждаться в трудовых мигрантах в 2025 году
Таджикские геологи нашли 15 площадей с проявлением редких металлов
В Таджикистане в конце недели ожидается резкое понижение температуры
Казахстан и Таджикистан вышли на новый уровень сотрудничества
5 важных проектов ЮНИСЕФ, которые работают в Таджикистане
Что скрывается за кулинарными традициями регионов Китая?
В Таджикистане появится новый профессиональный праздник
На остановках в Душанбе появились электронные табло
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста