Як тадқиқоти ҷомеашиносӣ дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки сатҳи фасод дар соҳаи тандурустӣ дар ҳоли афзоиш буда, аксаран он “бо дастури мақомоти болоӣ рух медиҳад”. Ин омил боиси тарки соҳа намудан ё ба муҳоҷират рафтани табибон мегардад. Вале вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, баръакс сатҳи фасод дар соҳа коҳиш ёфтааст.

Тадқиқоти сатҳи фасод дар соҳаи маориф ва тандурустӣ аз сӯи як гурӯҳи калони кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон (МТС) моҳҳои октябр ва ноябри соли 2023 дар 80 муассисаи тандурустии кишвар гузаронида шудааст. Дар он 800 табибу бемор (400 табиб ва 400 бемор) тавассути анкетаву суҳбатҳои инфиродӣ пурсида шудаанд.

Муаллифони тадқиқот гуфтаанд, сатҳи фасод дар соҳаи тандурустӣ нигаронкунанда буда, сабаби асосии он маоши кам мебошад.

Пурсидашудагон гуфтаанд, ба мақомот чандон эътимод надоранд, аз ин рӯ, аз ҳамкорӣ ва ҳатто муроҷиат ба онҳо дар робита ба фасод худдорӣ мекунанд.

Бо дастури мақомоти болоӣ “пул мегирем”

Роҳбарони муассисаҳои тиббӣ маблағситонӣ аз беморонро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки “дар бештари мавридҳо ин амал бо дастури мақомоти болоӣ рух медиҳад”.

Онҳо гуфтаанд, ки “ин маблағҳо барои баргузории чорабиниҳо, қабули меҳмонон, санҷишгарон аз вазорати тандурустӣ ва сохторҳои гуногуни он сарф мешавад ва дар баъзе ҳолатҳо аз маоши кормандони муассисаҳои тиббӣ низ пардохта мешавад”.

Ба гуфтаи муаллифон, кор то ҷое расидааст, ки бо ин сабаб баъзе роҳбарони муассисаҳои тиббӣ аз кор даст мекашанд ва тарки соҳа мекунанд.

“Зеро на ҳамаи духтурон имконияти ҷамъоварии маблағро доранд ва қисми дигарашон имконият бошад ҳам, виҷдонашон намебардорад ва ноилоҷ маблағи заруриро аз маоши худ пардохт мекунанд, ки ин бевосита ба таъмини рӯзгори худи ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамаи ин омилҳо табибонро дилмонда ва рӯҳафтода намуда, боиси тарки соҳа намудан ё муҳоҷиратро интихоб намудани онҳо мегардад”, - омадааст дар тадқиқоти сатҳи фасод дар соҳаи маориф ва тандурустӣ.

Ҳамчунин, сардухтуру мудирони шуъбаҳои беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ доир ба санҷишҳои бемаврид ва ғаразнок аз ҷониби Хадамоти назорати давлатию санитарии эпидемиологӣ, ки ҳатман бо ситонидани маблағи муайян анҷом меёбанд, изҳори нигаронӣ намуданд.

“Аз суҳбати табибон бармеояд, ки дар фаъолияти ин сохтор ҳамеша амалҳои коррупсионӣ мушоҳида мешавад”, - омадааст дар хулосаи тадқиқот.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар шарҳи ин масъала посухи рӯшан надод ва танҳо гуфт, “хадамоти зертобеи вазоратро барои саҷишҳои методӣ мефиристанд ва онҳо вазъро санҷида, танҳо тавсия медиҳанд”.

“Дар оянда вақти гардиш агар камбудиҳои ошкоршуда ислоҳ нашаванд, нисбати роҳбари муассиса ҷораҷӯӣ мешавад”, - афзуд вазири тандурустӣ.

Абдуллозода гуфт, дар робита ба тарки соҳа кардани табибон дар пайи санҷишҳои беасоси вазорат оморе надорад ва шикоят ҳам дар ин робата ба онҳо нарасидааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода
Акс аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Фасоди бештар дар таваллудхонаҳо

Муаллифони тадқиқот бо такя ба ҷавобҳои табибону беморон навиштаанд, ки сатҳи фасод дар соҳаи тандурустӣ дар муқоиса ба дигар сохторҳои давлатӣ бештар аст.

Аз ҷумла, ба таъкиди беморон сатҳи фасод дар беморхонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ (28,0 фоиз), беморхонаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ (23,7 фоиз) ва марказҳои саломатӣ (17,1 фоиз) зиёдтар ба чашм мерасад.

Худи табибон гуфтаанд, ки дар сохторҳои соҳаи тандурустӣ сатҳи аз ҳама баланди фасод дар таваллудхонаҳо (17,3 фоиз), дар Хадамоти назорати давлатию санитарии эпидемиологӣ (14,5 фоиз) ва дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ (13,3 фоиз) ҷой дорад.

Ҳамчунин, сатҳи фасод дар миёни муассисаҳои таълимии соҳа дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон (11 фоиз) ва дар коллеҷҳои тиббӣ (10,2 дарсад) зиёд будааст.

Вале Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, чунин баҳогузорӣ чандон дуруст нест, чунки дар аксари маврид донишҷӯёне, ки аз имтиҳонҳо меафтанд, маблағи кредитро пардохт мекунанд. “Вале аз падару модарашон на барои супоридани кредит, балки бо баҳонаи донишгоҳ пул мепурсанд. Аз ин рӯ, волайдан, ки аз вазъи воқеӣ огоҳ нестанд, фикр мекунанд, ки фарзандашон барои пора маблағ гирифтааст”.

“Дар тамоми соҳа камбудӣ ҳаст. Вазифаи мо як чиз аст. Коҳиш додани сатҳи фасод ”,- афзуд Абдуллозода.

Ӯ дар шарҳи баланд будани сатҳи фасод дар таваллудхонаҳо гуфт, маблағе, ки масалан, барои бурриши қайсарӣ, ки тибқи қонунгузорӣ иҷозат аст, дар таваллудхонаҳо аҳолӣ дар хазинаҳо пардохт мекунанд, ҳамчун пора шарҳ медиҳанд ва ин нодуруст аст.

Вай афзуд, агар жарф таҳлил кунем, фасод дар соҳа як миқдор коҳиш ёфтааст.

Ба ҳамааш маоши паст гунаҳкор аст

Яке аз бахшҳои тадқиқот сабаби рушди фасод дар соҳа аст, ки ба гуфтаи табибону беморон сатҳи пасти маош боис гардидааст. Аз ҷумла, 35,1 фоизи беморон ва 42,7 фоизи табибони пурсидашуда “сатҳи пасти музди меҳнат ё шароити зиндагӣ”-ро омили аслии афзоиши фасод дар ин соҳа гуфтаанд.

Ҳамчунин, теъдоди зиёди пурсидашудагон ҷой доштани зуҳуроти мазкурро ба сатҳи пасти маънавиёти кормандони соҳа рабт дода, 17,3 фоизи умумии пурсидашудагон (19,4 фоизи беморон ва 14,9 фоизи табибон) сабаби дар соҳаи мазкур ҷой доштани коррупсияро дар “кӯшиши ба даст овардани даромади иловагӣ” аз ҷониби баъзе табибон ва 11,7 фоизи дигар (12,8 фоизи беморон ва 10,5 фоизи табибон) “бемасъулиятӣ ва бевиҷдонӣ аз тарафи мутахассисони соҳа” гуфтаанд.


Дар муассисаҳои тиббӣ барои чӣ пора мегиранд?

Ҳам табибону ҳам беморон гуфтаанд, ки фасод бештар дар вақти бистаринамоӣ дар беморхонаҳо (14,7 фоиз), дар вақти харидани маводи тиббӣ (доруворӣ ва ғайра) (13,8 фоиз), ҳангоми ҷарроҳӣ (15,5 фоиз) ва ҳангоми гирифтани маълумотномаи тиббӣ (шакли 038) (11,7 фоиз) ба чашм мерасад.

Зимнан, 30 дарсади табибону баморони пурсидашуда гуфтаанд, ки дар минтақаашон ҳолати фасодро мушоҳида мекунанд.

“Ин ҷо хулосаи тааҷҷубоваре пайдо мешавад, ки агар 28,3 фоизи худи табибон барои ҳалли мушкилоташон дар соҳаи тандурустӣ маблағ ё туҳфае пешниҳод мекарда бошанд, пас ин далели мавҷудияти низоми қавии коррупсия дар соҳаи мазкур мебошад”, - омадааст дар тадқиқот.

Гуфта мешавад, ки беморон (50,7 фоиз) барои саривақт ва босифат нигоҳубин намудани бемор ва қисми дигар барои гирифтани маълумотномаи тиббӣ (33,1 фоиз) ба табибон пора медиҳанд.

Аммо духтурон барои санҷишгарон (38 фоиз), супоридани нақша (13,6 фоиз), ба вазифа қабул кардан ва рӯйпуш кардани камбудӣ (10,9 фоиз) ба санҷишгарон маблағ медиҳанд.

Маблағ аз бемор барои таъмири беморхона

Маълум шудааст, ки барои таъмири муассисаҳои тиббӣ (25,9 фоиз),  хидматрасонии тиббӣ (31,3 фоиз) ва барои гузаронидани чорабиниҳо (16,9 фоиз) аз табибону беморон маблағ ҷамъоварӣ мекунанд.

Онҳо барои пора, ки аз маблағ ва гоҳо аз туҳфа низ иборат аст, то 200 сомонӣ маблағ сарф мекардаанд.

“Таҷриба ва мушоҳидаҳо собит месозанд, ки аз ҷониби беморон пешниҳод намудани маблағи муайян ва ё туҳфае ба табибон барои хизматҳояшон ба як ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Вале ҳолатҳое мешаванд, ки чунин муносибат хусусияти маҷбурӣ мегирад, ки ин, алабатта, на барои ҳама қобили қабул аст”, - омадааст дар тадқиқот.

Фасод дар соҳаи тандурустӣ як чизи муқарарӣ

42 дарсад гуфтаанд, ки “фасод ҳолати муқаррарии ҳаёти ҳаррӯза” мебошад, 40,6 фоиз бошад, таъкид кардаанд, ки фасон “ҳолате, ки кам ба назар мерасад”.

Ҳарчанд қариб 70 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки огоҳанд дар сурати пеш омадани ҳолати коррупсионӣ ба куҷо муроҷиат кунанд, вале 95,1 фоиз гуфтанад, ки боре ба мақомот дар ҳолати дучор шудани фасод муроҷиат накардаанд.

Ба мақомот бовар надоранд

Ба хулосаи муллифон, сабаби муроҷиат накардани табибону аҳолӣ ба ниҳодҳои марбут пеш аз ҳама бовар надоштан ба  мақомоти давлатӣ (18,5 фоиз), бефоида будани муроҷиат ба онҳо (27,8 фоиз) ва чора наандешидани масъулони муассисаҳои тандурустӣ аз амалҳои коррупсионии кормандонашон (24,9 фоиз) мебошад.

Дар бахши муқоисаи сатҳи фасод дар се соли охир дар соҳаи тандурустӣ табибон гуфтаанд, ки он афзоиш ёфтааст (22,8 фоиз). Танҳо 21 дарсад гуфтаанд, ки он кам шудааст.

“Ин ҷо хулосае бармеояд, ки беморон дар ҳаёти ҳаррӯзаашон нисбат ба табибон ба ҳолатҳои коррупсионӣ бештар дучор мешаванд ва арзёбии онҳоро мантиқан воқеӣ шуморидан мумкин аст”, - омадааст дар тадқиқот.

Маошро бояд баланд бардошт!

Табибону беморон гуфтаанд, барои бартараф намудани ин ҳолат бояд шароити зиндагиву маош (39,1 фоиз) ва фаҳмиши аҳолиро оиди мубориза бар зидди коррупсия баланд бардоранд (16,1 фоиз).

Муаллифони тадқиқот хулоса кардаанд, ки “фасод чун зуҳуроте, ки дар рушди бомароми кишвар, аз ҷумла рӯзгори мардум зарари ҷидии моддию маънавӣ мерасонад, бояд пешгирӣ карда шавад”.

Онҳо бо ишора ба он ки теъдоди муайяни мардум ба мақомот чандон эътимод надоранд ва бо ин сабаб, аз ҳамкорӣ ва ҳатто муроҷиат ба он худдорӣ мекунанд, пешниҳод кардаанд, ки барои ҳалли масъала “худи мақомотро зарур аст, ки бо мардум ҳамкории зич дошта, ба арзу шикоят ва дигар шаклҳои муроҷиати онҳо сари вақт ҷавоб гуфта, муносибати воқеъбинона дошта бошад”.

Ҷамолиддин Абудуллозода дар шарҳи ин тадқиқот гуфт, аз он огоҳ аст ва баръакс, сатҳи фасод дар соҳа нисбатан коҳиш ёфтааст.

“Дар ҳақиқат камбудӣ дар соҳа ҳаст. Имрӯз, дар назди роҳбарияти вазорат масъалаи актуалӣ пешгирии фасод аст. Барои ин, ду рӯз пеш дар баъзе муассисаҳои тиббӣ гардиш кардам, касе муроҷиат намекунад”.

Мавқеи пасти Тоҷикистон дар раддабандӣ оид ба фасод

Нигаронии пажӯҳишгарони МТС дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар индекси нави дарки (қабули) фасоди Созмони байнулмилалии шаффофияти байнулмилал (Transparency International) дар соли 2023  бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кард. Он 4 имтиёз камтар нисбат ба солҳои 2021-2022 ва 5 имтиёз камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Сатҳи қабули коррупсия дар Тоҷикистони ҳамсон бо Афғонистон буда, ин кишвар ҳам 20 имтиёз гирифтааст: онҳо ҳамроҳи давлатҳое чун Бурунди, Чад, Ҷазираҳои Комор, Конго, Мянма ва Судон дар ҷойи 162-юм қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.