Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия Русия ахиран гуфт, ки роҳбарияти Русия шадидтар кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро пас аз ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" дар нақша надорад. Ӯ таъкид кард, ки Русия дар ҳоли рушд қарор дошта, бинобар ин, дар асри XXI дар чунин кишвар ҳеҷ гоҳ давлати тоталитарӣ вуҷуд дошта наметавонад.
Ин нукта дар ҷараёни ҳисоботи додситони кулли Русия ба Шӯрои Федератсия зикр гардид. Додситони кулли Русия Игор Краснов гуфт, тақвияти пешгирии қонуншиканиҳо аз ҷониби муҳоҷирон зарур аст. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Краснов гуфтааст, муқовимат ба ҷинояткории муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ ҳоло масъалаи хеле муҳим аст. Дар ҳамин ҳол, на танҳо таъмини ногузирии ҷазо, балки тақвияти кор оид ба пешгирии рафтори ғайриқонунӣ низ муҳим аст.
Додситони кулли Русия изҳор доштааст, ки илова бар ин, нисбат ба мансабдороне, ки ба муҳоҷирон ғайриқонунӣ патент, Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ва гувоҳномаҳо (сертификатҳо)-и донистани забонро ғайриқонунӣ медиҳанд, чораҳои шадидтар андешидан лозим аст.
Игор Краснов хабар додааст, ки дар ин самт аллакай ба додситонҳо супоришҳои дахлдор додааст.
Ба иттилои ӯ, дар соли 2023 шумори амалҳои террористӣ дар Русия қариб 3,5 баробар афзудааст. Дар давоми соли 2023 қариб 2,5 ҳазор чунин ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Краснов, аксари амалҳои террористӣ аз ҷониби аъзои ташкилотҳои тундгарои украинӣ ва ҷонибдорони онҳо, инчунин шахсони мухолифи баргузории амалиёти махсуси ҳарбӣ содир шудааст.
Дар навбати худ, раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко дар посух ба саволи муносибати ӯ ба пешниҳодҳо ҷиҳати шадидтар кардани қонунгузории Русия дар соҳаҳои гуногун пас аз ҳамлаи террористӣ, иброз доштааст, ки роҳбарияти Русия шадидтар кардани қонунгузориро пас аз ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" дар нақша надорад.
"Кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад, аз ин рӯ, бозгашт ба тоталитаризм (назорати мутлақи давлат) ғайриимкон аст", - таъкид кардааст ӯ.
Матвиенко илова намудааст, ки кишвар аллакай таҷрибаи таърихӣ дорад ва ҳама медонанд, ки рафъи оқибатҳо чӣ қадар давом карданд.
Ба гуфтаи Матвиенко, Русия дар ҳоли рушд қарор дошта, бинобар ин, дар асри XXI дар чунин кишвар ҳеҷ гоҳ давлати тоталитарӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ӯ инчунин гуфтугузорҳоро дар бораи "шадидтар кардани чораҳо" тахминҳои беасос номида, зикр намудааст, ки аксар вақт чунин масъалаҳо махсус ба ҷомеа пешниҳод карда мешаванд.
Оё ба Русия муҳоҷирон лозиманд?
Тавре ки РИА Новости менависад, Матвиенко ҳамчнуин ба масъалаи ҳамоҳангсозии корҳо дар соҳаи муҳоҷират таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
“Пеш аз ҳама, бояд сиёсати давлатии фаҳмо ва мутаносиби муҳоҷират амал кунад. Ва он албатта, бояд таҳти назорати давлат бошад. Мехоҳам ба таври возеҳ бигӯям, ки имрӯз ҳоло аз бисёр ҷиҳат чунин нест. Ва ин воқеист", - гуфтааст сиёсатмадор.
Ба ақидаи раиси Шӯрои Федератсия, бояд ду савол ба миён гузошт. Аввал, оё муҳоҷирони корӣ ба мо лозиманд?
“Фикр мекунам, ки посух маълум аст. Зимни вохӯриҳо бо волиҳо (губернаторон) ба онҳо савол медиҳам, ки "ба ман се мушкилоти душвортарини минтақаатонро бигӯед”. Ҳама аз он оғоз мекунанд, ки ин норасоии кадрҳо дар маҷмӯъ ва махсусан кадрҳои корӣ мебошад. Пас, барои пешбурди иқтисоди худ мо ҳоло бе муҳоҷирати корӣ наметавонем", - гуфтааст ӯ.
Саволи дуюм ин аст, ки оё метавон кишварро баст ва вуруди ҳамаро манъ кард. "Аммо ин ҳам ғайриимкон аст ва мо ҳеҷ гоҳ ба чунин худро ҷудо кардан даст намезанем. Аз ин рӯ, дар сиёсати муҳоҷират бисёр чизҳоро тағйир додан зарур аст", - иброз доштааст Матвиенко.
Ба гуфтаи сенатор, имрӯз, мутаассифона, дар ин соҳа бисёр миёнаравҳо, сохторҳои ғайриқонунӣ ва нимҷиноятӣ ҳастанд, ки коргаронро аз дигар кишварҳо киро карда, ба ин ҷо меоранд ва "рости гап, хуб ғорат мекунанд" ва дар ин робита ба коррупсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан лозим аст.
"Агар баростӣ бигӯем, таҷрибаи татбиқи қонунҳо, назорати иҷрои қонунҳо низ дар мо начандон хуб аст", - изҳор доштааст сиёсатмадор.
"Аз ин рӯ, ба назари ман, муҳоҷират бояд ба сатҳи байнидавлатӣ гузаронида шавад, зеро мо бо кишварҳои дӯсти худ, ки бузургтарин таъминкунандагони захираҳои меҳнатӣ мебошанд, дар ин самт созишномаи дахлдор дорем", - зикр кардааст Матвиенко.
Ӯ бар ин назар аст, ки бояд маҳз дар ҳамон кишварҳо марказҳои омодасозии муҳоҷирон таъсис ёфта, омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шавад.
"Ба онҳо бояд қонунгузорӣ, анъана ва арзишҳои мо таълим дода шавад. Табиист, ки ҳолномаи онҳоро мебояд санҷид, то ки баъзе унсурҳои тундгаро (радикалӣ) зери ниқоби муҳоҷират наоянд", - гуфтааст ӯ.
Ба ақидаи Матвиенко, нисбат ба корфармоён - онҳое, ки муҳоҷиронро ба кор даъват мекунанд, бештар серталаб будан лозим аст.
"Ҳоло онҳо чунин масъулият ҳис намекунанд. Онҳо бояд шароити муносиби зист, маоши хуби кофӣ барои зиндагии муҳоҷиронро таъмин карда, ба ҳаёти рӯмарраи онҳо таваҷҷуҳ дошта бошанд ва ҷиҳати ба ҷомеа мутобиқ кардани онҳо ва ғайра кӯшиш ба харҷ диҳанд. Бовар дорам, ки муҳоҷират бояд муосиру мутамаддин бошад", - афзудааст ӯ.