Дар шабонарӯзи гузашта бинобар риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар Тоҷикистон ду навраси дигар дар об ғарқ шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фақулода (КҲФ) хабар медиҳад.

Ба ититилои манбаъ, ҳарду ҳодиса соати 14:10 рӯзи 6-уми июни соли 2024 дар Сирдарё рух додааст. Ҳарду сокини 16-солаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд буда, дар ҷои манъшудаи дарё ба шиноварӣ машғул шудаанд.

“Чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ роҳандозӣ шуданд ва соати 15:30 ҷасади наврасон пайдо ва ба мақомотҳои дахлдор супорида шуд”,- гуфтааст КҲФ.

Ин ниҳод гуфтааст, ки сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш, шиноварӣ дар ҷойҳои номувофиқ, надонистани шиноварӣ ва бепарвоии волидон мебошанд, ки кӯдаконро дар назди обанборҳо бе назорат мегузоранд.

КҲФ ба наздикону хешовандони ноболиғон ҳамдардӣ крада, аз  дигар сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки худро эҳтиёт ва қоидаҳои рафтор дар обро риоя кунанд.

Бино ба омори ахир аз аввали сол дар обҳои кишвар 52 нафар ғарқ шудаанд, ки тахминан ниме аз онҳо бачаҳои синну соли томактабиву мактабианд.

Мутахассисон ба ин назаранд, ки сабаби аслии ғарқ шудани тифлону ноболиғоз беназорати аз ҷониби волидайн ва оббозӣ дар манотиқест, ки шиноварӣ манъ шудааст.

 

Чӣ бояд кард ҳам оббозӣ кунем ва ҳам ғарқ нашавем?  Тавсияҳои КҲФ 

Дар ҳамин ҳол, бо оғоз шудани мавсими оббозӣ дар саросари кишвар КҲФ ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон якқатор тавсияҳо манзур кардааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз он ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт.

Тавсияҳои дигар чунинанд:

- Аввалин бор бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа гарм  ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст. Вақти хубтар барои шино дар давоми шабонарўз соати 8-10-и субҳ ва 17-19-и бегоҳ, на барвақттар аз якуним соат пас аз истеъмоли ғизо мебошад.

- Оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси марг гардад!

- Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд дам гирифт. Шиновари хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.

Акс аз сомонаи КҲФ

- Дар ҳоли ғазаб ва асабоният набояд нияти оббозӣ кард.

- Шумо набояд аз ҷову маконҳои нишонагузоришуда дуртар равед.

- Ба об оҳиста дохил шавед, дар ҳолате, ки об то миён расид, истед ва зуд ғӯта занед. Агар ба қувваи худ боварӣ надошта бошед, танҳо шиноварӣ накунед.

- Дар дарёчаҳо, кўлҳо ва наҳрҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёҳои қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан, азҳушравӣ ва фавт шуда метавонанд.

- Ба қаиқҳо, заврақҳо ва киштиҳои бузург наздик шудан мумкин нест.

- Ҳангоми шиноварӣ бо шӯхиву бозӣ аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад.

- Аз ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда берун баромадан низ мумкин нест.

- Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонидашуда оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.