Чанде пеш Ёддошти тафоҳум оид ба фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид, ки ба шаҳрвандони мо имкон медиҳад, ба Корея барои кор (муҳоҷират) раванд. Пас аз тасдиқи созишнома аз ҷониби ҳукуматҳои ин ду кишвар, дар назар аст, ки гурӯҳи аввали муҳоҷирони меҳнатӣ соли 2025 ба Корея сафар кунанд. Вале барои кор дар Корея донистани забони кореягӣ ва соҳиби касб будан зарур аст.

Қаблан “Азия-Плюс” дар бораи марказҳои омӯзишии забони кореягӣ ва маҳорати касбӣ, ки дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон фаъол аст, маълумот дода буд. Ҳоло суроға ва рақами телефони ин марказҳоро дастрас кардем, инчунин дар бораи курсҳои мустақили омӯзиши забони кореягӣ, ки дар кишвар амал мекунад, иттилоъ ҷамъоварӣ намудем.

Ёдрас мешавем, ки дар марказҳои омӯзишии Вазорати меҳнату муҳоҷират, ки дар тамоми кишвар фаъолият доранд, метавон забони кореягиро омӯхта ва малакаҳои касбиро аз худ кард. Хоҳишмандон метавонанд ба вазорат ё намояндагиҳои он дар минтақаҳои худ муроҷиат кунанд.

“Вазорат бо назардошти талаботи мазкур омӯзиши забони кореягӣ ва касбу ихтисосҳои мавриди талаботи бозори меҳнати Кореяро дар заминаи муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии системаи вазорат ба роҳ мондааст”,-гуфтааст ин ниҳод.

 

Марказҳое, ки метавонанд омӯзишро пешниҳод кунанд:

- “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва филиалҳои он дар ҳама шаҳру навоҳӣ.

Суроға: ш. Душанбе, кӯч. А. Навоӣ, 5/1 (дар наздикии «Барқи тоҷик»)

Телефон: +992 37-250-35-44

Сомона: https://kasb.tj/ru

- Марказҳи муосири хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, ноҳияи Восеъ; 

- Марказҳои рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Данғара

Барои гирифтани маълумот дар бораи курсҳо ва сабти ном шудан ба онҳо, бояд ба маркази наздиктарин муроҷиат кард.

Суроға: ш. Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад 48/1

Телефон: +992 44-620-08-02

Сомона: https://seep.tj/ru

Дар “Facebook” ҳам саҳифа доранд.

 

Шароити омӯзиш

Курсҳо аз 1 то 3 моҳ давом мекунанд ва барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба Корея мераванд, пешбинӣ шудаанд. Баъд аз анҷоми курс, марказҳо ба донишҷӯён шаҳодатномаи тасдиқкунандаи давлатӣ медиҳанд.

Барои бекорони расман сабтиномшуда дар Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ омӯзиш ройгон аст. Барои онҳое, ки сабти ном нашудаанд, омӯзиш пулакӣ буда, арзиши он беш аз 100 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ муқаррар шудааст.

Боз дар куҷо метавон забони кореягӣ омӯхт?

Ба ғайр аз марказҳои давлатӣ, ҳамчунин дар кишвар курсҳои алоҳидаи омӯзиши забонҳо, аз ҷумла забони кореягӣ мавҷуд аст, ки хоҳишмандон метавонанд, ки дар ин курсҳо забонро омӯзанд ва барои сафар ба Корея омода шаванд. “Азия-Плюс” чанде аз ин курсҳоро ҷамъоварӣ кард:

- “MBO Professional & На-Учись!”

Дар Душанбе идораи марказӣ ва чанд филиали ин марказ мавҷуд аст. Давомнокии курси забони кореягӣ 3-3,5 моҳ аст. Бо ҷадвали дарсҳо дар сомонаи Марказ шинос шудан мумкин аст.

Арзиши дарсҳо муқаррарӣ – 199 сомонӣ дар як моҳ. Маводҳои таълимӣ ба таври алоҳида ва бо маблағи иловагӣ – 50 сомонӣ харида мешаванд.

Телефон: +992 446-01-12-21

Суроға: кӯч. Бухоро 25 (нишона: мағозаи ALFEMO)

- Мактаби забони кореягӣ​​​​​​​“Korean school”

Дар “Korean school” имконии рушди малакаи гуфтор ва навишт бо сатҳи ибтидоӣ дар давоми 3 моҳ пешниҳод шудааст. Ҷадвали дарсҳоро дар мактаб муайян кардан мумкин аст.

Арзиши дарсҳо дар гурӯҳ 300 сомонӣ дар як моҳ аст, инчунин дарсҳои инфиродӣ ҳар рӯз ё рӯз дар миён мавҷуд аст. Арзиши дарсҳои инфиродӣ аз 1000 сомонӣ дар як моҳ аст.

Телефон: +992 553-09-01-00

Суроға: кӯч. С. Айнӣ, 46 (нишона: БШ «Созидание»)

- Маркази таълимии забони кореягии​​​​​​​“Институти подшоҳи Седжонг 1” дар Душанбе

“Институти подшоҳи Седжонг 1” курсҳои забони кореягиро дар ду формат пешниҳод мекунад: дарсҳои гурӯҳӣ ва омодагӣ барои имтиҳони TOPIK, ки сатҳи донистани забонро нигоҳ медорад.

Графики дарсҳо метавонад ба ниёзҳои шахсии донишҷӯён мутобиқ карда шавад.

Арзиши дарсҳо 95 сомонӣ барои донишҷӯёни Институти давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва 130 сомонӣ барои дигарон аст.

Пас аз анҷоми курс сертификат дода мешавад.

Телефонҳо: +992 931-77-01-77, 918-61-63-38, 008-99-99-41

Суроға: кӯч. Муҳаммадиева 17/6 (Институти давлатии забонҳои Тоҷикистон).

 

Касбҳои афзалиятнок

Ҳоло рӯйхати касбҳои серталаб тасдиқ нашудааст. Аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфтанд, ҳоло ҷониби Корея барои ихтисосу касбҳо муроҷиат накардааст ва дар оянда корфамрои кореягӣ рӯйхати ихтисосу касбҳое, ки онҳо ниёз доранд, пешниҳод мекунанд ва Тоҷикистон аз рӯи он шаҳрвандонро сафарбар мекунад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Корея расман кор мекард, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” нақл карда буд, ки мардони тоҷик дар ин кишвар асосан дар заминҳо, сохтмон ва ё заводҳо, ки дар он ҷойҳо қувваи корӣ намерасад, кор мекунанд ва занҳо ба рӯбучин бештар машғуланд.

Ӯ низ таъкид карда буд, ки барои пайдо кардани кор дар Корея донистани забони кореягӣ муҳим аст.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бовар дорад, ки бо мавриди амал қарор гирифтани ин Ёддошт байни Тоҷикистону Корея шиддати бекорӣ дар кишвар паст карда шуда, бозори нави меҳнатӣ пайдо мешавад.

Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабар ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Бори аввал соли 2022 дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва минтақаи Хампиёнги музофоти Ҷола-Намдои Корея 58 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар гармхонаҳои Корея ба корҳои мавсимӣ сафарбар карда шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.