“Толибон” роҳ додани шаҳрвандони Афғонистонро ба фурудгоҳи Кобул қатъ намуда, акнун аз ин ҷо танҳо ба хориҷиён иҷозаи парвоз дода мешавад.
Тавре Фергана хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон сухангӯи “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, бинобар сабаби вазъияти бесарусомонӣ дар фурудгоҳи Кобул, толибон шаҳрвандони кишварро дигар ба фурудгоҳи пойтахт роҳ нахоҳанд дод.
Муҷоҳид изҳор доштааст, ки издиҳоми афғонҳо, ки дар мавзеи назди фурудгоҳ ҷамъ омадаанд, бояд ба хонаҳояшон пароканда шаванд, зеро ба онҳо чизе таҳдид намекунад.
Қобили зикр аст, ки ахиран пас аз пурзӯр шудани посбониву назорати фурудгоҳ аз ҷониби низомиёни хориҷӣ, издиҳоми зиёди афғонҳое назди фурудгоҳ ҷамъ омаданд, бо сабаби таҳти тасарруфи ҳаракати тундгаро қарор гирифтани кишвар, ҳарчи зудтар онро тарк кардан мехоҳанд. Масофаи ин издиҳоми мардум ба якчанд километр тӯл мекашад.
Зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон Муҷоҳид зикр кардааст, ки толибон аз ИМА дархост намудаанд, ки афғонҳоро барои тарки кишвар таҳрик надиҳаду ҳавасманд насозад, зеро ҳаркати тундгаро ба “қобилияту истеъдоди онҳо ниёз дорад”.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, хуруҷи неруҳои низомии хориҷӣ аз Афғонистон бояд то 31 август пурра ба анҷом расад.
Ғайр аз ин, баъди 31 август толибон ба кӯчонидани шаҳрвандони Афғонистон тариқи фурудгоҳи Кобул иҷоза намедиҳанд.
Айни замон якчанд ҳазор низомиёни хориҷӣ, асосан амрикоӣ, кӯчонидани хориҷиён ва афғонҳоро тариқи фурудгоҳи Кобул таъмин мекунанд. Дар таъмини амнияти ҳудуди берун аз фурудгоҳ ба онҳо ҷангиёни “Толибон” кумак мекунанд.
Сухангӯи “Толибон” инчунин маълумоти қаблан нашршуда дар бораи мулоқоти махфиёнаи раиси Созмони ҷосусии Амрико - CIA (ЦРУ) Вилям Бернз бо Мулло Ғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон ва болотарин мақоми ин гурӯҳро дар Кобул рад кард.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.