"Вошингтан пост" аз як мулоқоти махфиёнаи раиси Созмони ҷосусии Амрико - CIA (ЦРУ) Вилям Бернз бо Мулло Ғанӣ Бародар муовини сиёсии Толибон ва болотарин мақоми ин гурӯҳ, дар Кобул, хабар дод. Ин хабар дар расонаҳои Афғонистон, доираҳои сиёсиву коршиносӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон вокунишбарангез шуд.
Сафари маҳрамонаи Бернз ба Кобул, рӯзи 23-юми август сурат гирифтааст.
"Вошингтан пост" ин мулоқотро болотарин сатҳи мулоқоти дипломатӣ миёни шахсе аз кобинаи Ҷо Байден ва бо роҳбари Толибон пас аз тасаллути ин гурӯҳ бар Кобул, ном бурдааст.
Ин нашрияи амрикоӣ эҳтимол додааст, ки шояд талошҳои ИМА барои берун кардани кормандони афғонистонии худ дар муҳлати эълоншудаи хуруҷи неруҳояш аз Афғонистон, мавзуъи дидори раиси CIA бо Бародар будааст.
Раҳбарии давлати ИМА ва CIA то кунун ба ин гузориши "Вошингтан пост" вокунише накардааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, имрӯз дар нишасти хабарияш дар Кобул гуфт, "мулоқоти Мулло Ғанӣ Бародарро бо раиси Созмони ҷосусии Амрико наметавонад таъйид кунад".
Мулло Абдул Ғанӣ Бародар, ки аз бунёдгузорони Толибон аст, 11 сол пеш тавассути CIA боздошт шуд ва 8 сол дар зиндон буд. Соли 2018 аз зиндон раҳо ва раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар гумошта шуд, ки ин дафтар бо ИМА як мувофиқатнома имзо кард.
Аммо бархе сиёсатмадорони Афғонистон ҳадс задаанд, ки шояд дар ин мулоқот мавзуъи тамдид кардани ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон баҳс шуда бошад. Зеро Байден гуфта буд, ки ИМА то 31-уми август тамоми неруҳояшро аз Афғонистон берун мекунад.
Аммо ҳукумати Байден аз сӯйи муттаҳидони ғарбияш, аз ҷумла Бритониёи Кабир ба шиддат таҳти фишор аст, ки ин муҳлат тамдид шавад.
Худи CIA аз шарҳи ин мулоқот барои "Вошингтан пост" худдорӣ кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста