Имконияти ҷойгир кардани паноҳандагони афғон дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсадҳои башардӯстона истисно намешавад, аммо ин тасмим дар ихтиёри кишварҳои минтақа аст. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко чунин изҳори назар кардааст.
Ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфтааст: "Ҳуқуқи чӣ гуна кор гирифтан бо гурезаҳо аз Афғонистон дар навбати аввал ба худи кишварҳои минтақа вобаста аст".
"Дарвоқеъ ҳам, онҳо изҳори нигаронӣ карданд, ки воридшавии гурезаҳо метавонад боиси афзоиши хатари таҳдидҳои террористӣ гардад", - гуфтааст муовини вазир. - Аз ин рӯ, онҳо ба ин масъала хеле эҳтиёткорона муносибат мекунанд.
Аммо, бо вуҷуди ин, то ҷое ки ман огаҳам, ҳолатҳои ҷойгиркунии баъзе категорияҳои гурезаҳои афғон бо мақсадҳои башардӯстона истисно карда намешавад. Аммо, бори дигар мегӯям, ки ин салоҳияти худи кишварҳои Осиёи Марказист ".
Ёдрас мекунем, ки қаблан ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон бо ёрии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, барои паноҳандагони афғон як урдугоҳ месозад.
Пеш аз ин Иттиҳоди Аврупо эълон карда буд, ки барои кумак ба паноҳҷӯёни Афғонистон дар хоки Тоҷикистон 160 ҳазор евро ҷудо мекунад. Дар баёнияи ин ниҳод аз 14-уми сентябр гуфта шуда буд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ВМКБ, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, эҳтимол то 5 ҳазор фирориён паноҳ баранд.
Эҳтимоли иштирокчии гуфтушунидҳо шудани Русия
Андрей Руденко ҳамчунин зикр кардааст, ки эҳтимол дорад Русия дар музокироти аъзои ҳаракати тундгарои “Толибон” ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳузур дошта бошад.
Ба гуфтаи ӯ, Русия ташаббуси Тоҷикистону Покистонро дар бораи ташкили музокироти ҷонибҳои мухолифи афғон дар Душанбе мусбат қабул кард.
"Мо ҳама гуна муколамаро, ки метавонад ба сулҳу субот дар Афғонистон оварда расонад, дастгирӣ мекунем. Агар Русия даъват шавад, мо ин даъватро бодиққат баррасӣ хоҳем кард", - илова намудааст Руденко.
Қобили зикр аст, ки зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Имрон Хон дар Душанбе ҷонибҳо ҷиҳати ташкили гуфтушунидҳо байни намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер ва ҳаракати “Толибон” дар Душанбе ба мувофиқа расиданд.
Намояндагони ҳукумати ҳар ду кишвар муҳимияти сулҳу субот дар Афғонистонро барои минтақаҳои ҳамсоя таъкид доштанд.
Ба гуфтаи Имрон Хон, “пас аз вохӯрӣ бо роҳбарони ҳамсоякишварҳои Афғонистон, бахусус баъди гуфтушуниди тӯлонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ман бо “Толибон” дар бораи бунёди ҳукумати фарогир дар Афғонистон гуфтушунид оғоз намудам”.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Транспортно-логистический центр в Термезе получил статус склада Глобальной сети ООН
В Верховном суде назвали имена осужденных за нападение на муфтия Таджикистана
Россиянка с четырьмя детьми приехала к мужу в Таджикистан. Но оказалось, что у него есть другая семья
Список лучших. Какие позиции занимают таджикские бойцы в мировом рейтинге UFC?
Кто является крупнейшими должниками за электроэнергию в Таджикистане?
Число поездок граждан Таджикистана в Россию в 2024 году сократилось на 21% – данные ФСБ
Рособрнадзор определил процент баллов, требуемых для зачисления в школу детей мигрантов
Трамп объявил о начале переговоров по завершению российско-украинской войны
Сенсации не случилось. Таджикистанцы остались без наград на Азиатских играх-2025 в Китае
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 февраля 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста