Сарвазири Покистон Имрон Хон гуфтааст, пас аз дидору гуфтушунид бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар бораи бунёди ҳукумати фарогир (инклюзивӣ) дар Афғонистон ба музокирот шурӯъ кардааст.
Вохӯрии сарвазири Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр дар Душанбе доир гардид. Хадамоти матбуоти сарвари давлат дар ин робита хабар дода буд, ки ҷонибҳо ҷиҳати ташкили гуфтушунидҳо байни намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер ва ҳаракати “Толибон” дар Душанбе ба мувофиқа расиданд.
- Пас аз вохӯрӣ бо роҳбарони ҳамсоякишварҳои Афғонистон, бахусус баъди гуфтушуниди тӯлонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ман бо “Толибон” дар бораи бунёди ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ - тоҷикону ҳазораҳо ва ӯзбекон гуфтушунид оғоз намудам”, - навиштааст Имрон Хон дар “twitter” - и худ.
Дар шарҳи навиштаи худ, ӯ илова намудааст, ки “пас аз 40 соли низоъ чунин ҳукумати фарогир сулҳу суботро дар Афғонистон таъмин мекунад ва он на танҳо ба манфиати Афғонистон, балки тамоми минтақа ҷавобгӯ аст”.
Созиши роҳбарони Тоҷикистону Покистон дар бораи ташкили гуфтугӯи намояндагони Толибон ва тоҷикони Афғонистон аз сӯи ҷомеаи Тоҷикистон истиқболи гарм ёфт. Бархе онро муваффақияти Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон маънидод карданд.
Вақт ва замони баргузории муколама ҳанӯз маълум нест. Вале коршиносон бар ин назаранд, ки дар сурати баргузор шудан гуфтушунид мавзӯи меҳварӣ бояд вазъи Панҷшер ва кӯмак ба ин дара бояд бошгад.
Ба навиштаи сомонаи президент, Тоҷикистон ва Покистон барои хатми низоъ, “ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа” ба мувофиқа расидаанд.
Дар пасманзари бидуни натиҷаи муҳим анҷом шудани нишасти сарони СААД ва СҲШ барои Афғонистон, хабари гуфтугӯи Толибон ва тоҷикони Афғонистон муҳим хонда шуд. Чун дар нишасти сарони СҲШ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд, роҳбарони кишварҳои муҳим дар минтақа бар сари масъалаи Афғонистон мавқеи гуногун доштанд ва ба як хулосаи аниқ нарасиданд.
Имрон Хон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи СҲШ гуфта буд, ки суқути режими гузашта дар Афғонистон, омадани Толибон ва хуруҷи неруҳои хориҷӣ дигар як воқеият аст. Имрон Хон дар як вақт “шукргузорӣ” кард, ки ин ҳама “бидуни хунрезӣ, ҷанги дохилӣ ва ихроҷи густурдаи оворагон” сурат гирифт.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назди роҳбарони СҲШ, аз вазъият дар дараи Панҷшер нигаронӣ кард ва гуфт, “дар ҳоли ҳозир Панҷшер дар муҳосираи комил аст.” Ӯ аз роҳбарони Созмони милал ва Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дархост кард, ки ба мардуми Афғонистон кӯмак кунанд. Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи “Толибон” - ро ба бастани роҳи кӯмакҳои башардӯстона ба дараи Панҷшер танқид кард.
- Низоми сиёсӣ дар Афғонистон бояд бар асоси майли мардум бошад, бидуни ягон дахолат аз ягон кишвар ва дикта кардани навъи сохтори сиёсӣ. Бидуни ҳузури ҳамаи гурӯҳҳо ташкил кардани ҳукумат дар Афғонистон метавонад вазъиятро бадтар кунад. Бинобар ин дар назар бигирем, ки ҳаққи мардуми Афғонистон аст, ки ҳукуматро таин кунанд, - гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамин тариқ, мавзӯи асосии суҳбати роҳбарони Тоҷикистону Эрон ҳам вазъи Афғонистон ва нигарониҳо аз ин кишвар буд. Ҳардуи онҳо ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид карданд, ки "намояндагони ҳама қавм ва гуруҳҳо дар он ҳузур дошта бошанд."
“Толибон” 15 август ҳукумати Афғонистонро тасарруф карданд. Дараи Панҷшер, ки асосан минтақаи тоҷикнишин аст, ягона минтақаи Афғонистон, ки ҳанӯз "Толибон" онро пурра тасарруф накардаанд. Ҳарчанд Толибон аз назорати пурра ба дараи Панҷшер хабар медиҳанд, вале намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯянд, даргирӣ ҳанӯз идома дорад.
Тоҷикистон дар як ҳафтаи охир мизбони се нишасти муҳими байналмилалӣ буд, ки дар он вазъи Афғонистон мавриди баҳс қарор гирифт. Дар ин нишастҳои мавқеи кишварҳои ширкаткунанда ба ҳам зид буд: Русия ва Ӯзбекистон дар ин нишаст зарурати гуфтугӯ бо “Толибон”-ро таъкид карданд, вале Тоҷикистон ва Ҳиндустон мухолифи ин амр изҳори назар карданд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи “Russian Judo Tour” бо ду медал баргаштанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Боз як бонки байналмилалӣ барои сохтмони “Роғун” $270 млн ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2024
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста