Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон ваъда додааст, ки тарҳи созишнома дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон то Соли нав омода ва ба парлумони ин кишвар пешниҳод мешавад, хабар медиҳад 24.kg.
«Худо хоҳад, масъалаи марз бо Тоҷикистонро ҳал мекунем. Агар монеа набошад, то Соли нав тамом мекунем. Мо бояд бо чаҳор кишваре, ки бо онҳо ҳамсарҳадем, дар ҳамфикрӣ ва дӯстӣ зиндагӣ кунем. Ягон шаҳрванд ва сарбоз набояд кушта шавад. Пеш аз ҳама, мо бояд дар ин бора андеша кунем”,-гуфтааст Содир Ҷабборов дирӯз, 17-уми ноябр, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон.
Ба гузориши манбаъ, вай таъкид кардааст, ки “агар имрӯз масоҳати кишвар 199 ҳазор километри мураббаъ бошад, пас аз ҳалли ин масъала он ба 210 ҳазор мерасад”.
“Бо Тоҷикистон ҳам ҳал хоҳем кард. Мо бояд Қирғизистони муттаҳид ва амн бошем. Ҳоло мо муттаҳид нестем. Мо ҳоло ҳама чизро барқарор мекунем. Шумо инро дидед, мо ҳуҷҷатро нишон додем. Пас аз ҳалли масъалаи сарҳад ва тасвиб, сулҳ на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ барқарор хоҳад шуд”, - афзудааст Содир Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласа Содир Ҷабборов ҳамчунин, гуфтааст, ки ба мавзеи Торт-Кочо (Зарафшони Тоҷикистон) дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақоми ҳудуди бетараф дода мешавад.
Ин мавзеъе аст, ки Қирғизистон,дар соли 2009 ба муҳлати 49 сол ба иҷора гирифта буд, ва ҳоло мегӯяд он баҳсӣ аст.
Дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир ду кишвар дар мавриди 460 километри марзи 970 километр тавофуқ надоранд, ки боиси низоъ миёни сокинони маҳаллӣ мешавад.
Хотите заняться социальным предпринимательством, но не знаете, как правильно это сделать?
В Таджикистане выросло поголовье крупного рогатого скота
Подарки от «Кока-Кола»: первых участников акции наградили призами
План весеннего призыва в Таджикистане выполнен на 70%
В Душанбе пройдёт международная выставка-ярмарка отечественных производителей
Журналисту, дипломату, ученой Халиме Хушкадамовой - 70 лет
Будущее Таджикистана: как умные города и лидерство помогут развитию страны
Центры тестирования в России перестали принимать экзамены у мигрантов. Где и как теперь их нужно сдавать?
В Казахстане начальник полиции получил 11 лет за изнасилование задержанной
AstraZeneca впервые признала, что ее вакцина может вызвать тромбоз
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста