Мақомоти шаҳрдории Душанбе то охири соли ҷорӣ аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Тоҷикистон 100 адад автобуси тамғаи «AKIA» мехарад. Ин автобусҳо ба меъёрҳои байнулмилалии “Евро-5” мутобиқ буда, бо муҳаррикҳои ширкатҳои маъруфи «Мерседес Бенс», ширкати олмонии «Zahnrad Fabrik» муҷаҳҳаз мебошанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ.
Ғайр аз ин, дар доираи маблағҳои грантии ҷудонамудаи Ҷумҳурии Халқии Хитой воридоти 464 адад техникаи гуногуни коммуналӣ, инчунин 2 адад нақлиёти махсуси телевизионии сайёр ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин то охири соли ҷорӣ сохтмони 25 адад истгоҳҳои нақлиётии мусофирбарии замонавӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев дар назар аст.
Қаблан чунин истгоҳҳо танҳо дар кӯчаву хиёбонҳои асосии шаҳри Душанбе сохта шуда буданд.
Моҳи феврали соли гузашта дар Душанбе 36 истгоҳи муосири нақлиёти ҷамъиятӣ ба истифода дода шуд. Барои сохтмони он 1 млн. доллар маблағ харҷ шуд.
Ҳамаи истгоҳҳо мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва бо назардошти тарзу услуби меъмории миллӣ сохта шудааст: дар ҳар кадоме аз истгоҳҳо ҷойи интизории мусофирон, нуқтаи фурӯши матбуот, билетҳои электронии нақлиёти ҷамъиятӣ, таблои электронӣ ва рекламавӣ мавҷуд аст, ки тариқи он метавон бо вақту самтҳои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд.
Истгоҳҳои муосир дар кӯчаҳои асосии шаҳр - аз майдони назди Фурудгоҳи байнулмилалӣ то қисмати шимолии пойтахт - майдони Сарҳадчиён сохта шудаанд.
Бо назардошти макони ҷойгиршавӣ ва шумори мусофирони нақлиёти ҷамъмиятӣ дар 18 истгоҳ фурӯшгоҳҳои газета ва журналҳо кор мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.