Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоии худ 12 август гуфтааст, дар кишвар қоидаҳои карантин сабуктар мегардад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон аз 15 август ба ҳаракати рӯзонаи воситаҳои нақлиёт иҷозат дода шуда, парвозҳо ва равуои дохилии қатораҳо аз сар гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, истироҳатгоҳ, меҳмонсарой, осорхона, кошонаҳои ҳусну сартарошхона ва маконҳои ғизои умумӣ дар фазои кушод боз дубора ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Ба баргузории ҷашнҳои хонаводагӣ низ бо иштироки на бештар аз 30 нафар ва бо риояи талаботи ҷорӣ иҷозат дода мешавад.

Интизор меравад, ба равуои воситаҳои нақлиёт миёни минтақаҳои Ӯзбекистон аз 17 август иҷозат шавад.

Бозорҳои либоса ва масолеҳи сохтмонӣ, марказҳои бузурги савдо, толорҳои варзишӣ ва ҳавзҳо аз 20 август дарҳои худро дубора боз мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.