Қоидаҳои нави муҳоҷират танҳо ба он шаҳрвандони хориҷие дахл хоҳанд дошт, ки пас аз 27 январ ба кишвар меоянд, изҳор доштааст ба РИА Новости сардори Раёсати муҳоҷирати берунаи кумитаи Хадамоти муҳоҷирати ВКД Қазоқистон Аскар Алдонгаров.
Аз ҷумла пас аз 27 январ ҳузур дар ҷумҳурӣ ба меҳмонон ба муҳлати 90 шабонарӯз дар давоми давраи 180-рӯза маҳдуд мешавад.
“Барномаи компютерӣ дар сарҳад ҳамаи инро ҳисоб мекунад. Касоне, ки аллакай дар ин ҷо қарор доранд, ин ба онҳо дахл надорад. Агар ӯ имрӯз рафтаву 27 январ баргашта бошад, муҳлати нав 90 рӯз ҳисоб мешавад. Қонун қувваи бозгашт надорад”, - иброз доштааст Алдонгаров.
Дар ҳамин ҳол, номбурда таъкид доштааст, ки тағйироти ба қонунгузорӣ воридшуда онро ба таҷрибаи байнулмилалӣ мутобиқ мекунанд.
“Дар ҳама кишварҳо, шумо метавонед танҳо 90 рӯз бимонед, сипас бояд ҳуҷҷатҳоятон - раводид (виза) ва ғайраро ба расмият дароред”, - шарҳ додааст намояндаи ВКД.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки қоидаи “90/180” нисбати касоне мавриди амал қарор мегирад, ки ба Қазоқистон бо раводид омадааст, зеро ҳузури қонунӣ барои онҳо ҳамроҳ бо муҳлати он ба охир мерасад. Ҳамчунин ин навгонӣ ба касоне, ки бар асоси Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) дар кишвар ҳузур доранд, дахл нахоҳад дошт.
Барои дорандагони ин ҳуҷҷат давраи будубош бо муҳлати амали он, ки дар навбати худ ба анҷоми қарордоди меҳнатӣ вобаста аст, муқаррар мешавад.
"Ин навоварӣ хеле пеш таҳия шуда, ба ҳамаи хориҷиёне, ки бидуни раводид ба кишвар меоянд, дахл дорад", - афзудааст Алдонгаров.
Дар Қазоқистон аз 27 январ қоидаҳои нав дар соҳаи муҳоҷират мавриди амал қарор мегиранд. Шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) на бештар аз 90 шабонарӯз дар муддати 180 рӯз ва хориҷиёни боқимонда - на бештар аз 30 рӯз, лекин ҳади ниҳоӣ 90 рӯз дар муддати ним сол ҳузур дошта метавонанд. Дар қоидаҳои пешина маҳдудиятҳои марбут ба давраи 180-рӯза вуҷуд надошт.
Ба ин тариқ, хориҷиён имкони чандин бор дароз кардани муҳлати будубошро аз даст медиҳанд. Онҳо ин корро тариқи ба муддати кӯтоҳ ба берун аз ҳудуди кишвар рафтан ва боз баргаштан анҷом медоданд.
Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати Қазоқистон, аз оғози маъракаи қисман сафарбарӣ ба артиш дар Русия, 837 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар ба Қазоқистон омада, сипас 780 ҳазор нафар онро тарк кардаанд. Моҳи декабри соли 2022 вазорат хабар дод, ки дар кишвар 289 ҳазор нафар русиягиҳо қарор доранд, ки 30 ҳазор нафарашон қонунӣ ба кор даромада, аз ин рӯ, қайди муваққатӣ доранд.