Президенти Қирғизистон Садир Жапаров қонун дар бораи тасдиқи созишнома бо Русия дар бораи таъсиси низоми муттаҳидаи минтақавии дифои зиддиҳавоиро ба имзо расонид, хабар медиҳад Фергана.
Дар хадамоти матбуоти зикр кардаанд, ки таъсиси низоми муштараки зиддиҳавоӣ ба таъмини ҳифзи бештар эътимодноки фазои ҳавоии ҳарду кишвар имкон дода, таъмини амнияти манфиатҳои миллиро беҳтар мекунад.
"Тасдиқи ин созишнома ӯҳдадории Қирғизистонро барои таҳкими равобити стратегӣ бо Русия тасдиқд ва ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи мудофиа ва амнияти ду кишвар мусоидат мекунад", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров созишномаи мазкурро дар рӯзи сафари расмии Владимир Путин ба Қирғизистон ба имзо расонид.
Мувофиқи он, дар давраи амали санад Қирғизистон ба Русия барои ҷойгиркунии неруҳои дифои зиддиҳавоии Русия 5 гектар қитъаи замин ҷудо мекунад.
Тоҷикистон чӣ?
Созишнома дар бораи таъсиси низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро рӯзи 27 апрели соли 2021дар Душанбе вазирони мудофиаи ҳарду кишвар ба имзо расониданд.
Нимаи моҳи ноябри ҳамон сол созишномаро ҳукумати Русия ва моҳи декабр - парламенти Тоҷикистон маъқул донистанд.
Дар бораи имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ дар ин маводи мо маълумоти муфасал қобили дарёфт аст.