Теъдоди аҳолии Тоҷикистон босуръат зиёд мешавад. Ба ин раванд афзоиши ҳосилнокӣ дар соҳаҳое чун саноат, сохтмон ва бахши кишоварзӣ мувофиқат намекунад. Дар ҳамин ҳол, заминҳои кишт ба ҳар сари аҳолӣ то 0,5 га коҳиш ёфтаанд.

Биёед сари он андеша кунем, ки чӣ гуна дар Тоҷикистон мехоҳанд мушкилоти аз ҳад зиёди аҳолиро ба имконияти шукуфоӣ табдил диҳанд.

Афзоиши аҳолӣ - имконият барои шукуфоӣ?

Тибқи арзёбии СММ, то соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ ба зиёда аз 100 млн нафар мерасад, аз ҷумла теъдоди аҳолии Тоҷикистон 14,5 млн нафарро ташкил хоҳад дод.

Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши аҳолӣ байни кишварҳои ИДМ зинаи аввалро ишғол кард. Имрӯз дар Тоҷикистон 10,3 млн нафар зиндагӣ доранд, ки 2 баробар зиёдтар нисбат ба соли 1991 мебошад.

Дар ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди афзоиши аҳолӣ рӯҳияи хушбинона доранд ва ин падида “равзанаи демографии имкониятҳо” номида мешавад.

Дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 гуфта мешавад, афзоиши пешгӯишудаи аҳолии синни коршоям дар ҷумҳурӣ барои суръатбахшӣ ба рушди иқтисод имкониятҳо фароҳам меорад. Қисмати асосии аҳолӣ (ҳудуди 60%)-ро аҳолии синни коршоям (аз 15 то 64-сола) ташкил дода, он барои рушди иқтисод як муҳаррике хоҳад шуд.

Акси марбута
Сурат аз pressa.tj

"Равзанаи демографӣ" ҳам ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар маҷмӯъ ва ҳам ба сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири мусбат мерасонад.

Азбаски аҳолии кишвар босуръат меафзояд, афзоиши истеҳсолот низ бояд баланд бошад, то ки ба паст шудани сатҳи зиндагӣ роҳ дода нашавад.

Чунин масъаларо дар асоси усулҳои анъанавии камсамари хоҷагидорӣ ҳал кардан ғайриимкон аст. Суръат бахшидан ба шаҳрсозӣ, сохтмони васеи манзил, афзоиши босуръати сармоягузорӣ ба зерсохтори коммуналӣ, иҷтимоӣ ва роҳ зарур мешавад.

Муҳим он аст, ки суръати афзоиши истеҳсоли озуқаворӣ ё Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) пайваста аз суръати афзоиши аҳолӣ зиёд бошад.

Замини Тоҷикистон чанд нафарро хӯронида метавонад?

Захираҳои заминӣ, обӣ ва табиӣ дар Тоҷикистон маҳдуд буда, ҳаҷми шумори онҳо сол аз сол кам мешавад.

Оё дар чунин шароит иқтисод метавонад аҳолиро таъмин кунад?

Афзоиши аз ҳад зиёди аҳолӣ, ба гуфтаи баъзе коршиносони хориҷӣ, ба бекории оммавӣ, маҳдуд шудани захираҳои ғизо, замин, об ва дигар захираҳо боис мегардад.

Аммо мутахассисони ватанӣ ба ин розӣ нестанд. Ба гуфтаи онҳо, суръати афзоиши аҳолӣ худ аз худ наметавонад ба чунин хулорсабарорӣ сабаб гардад.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезия Ориф Хоҷазода қаблан изҳор дошта буд, ки замини Тоҷикистон ба таъмини 50 млн нафар бо ғизо қодир аст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз захираҳои замин барои таъмини пурраи амнияти озуқавории кишвар кофӣ мебошанд, ҳарчанд заминҳои обёрӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар кишвар тақрибан 0,6 гектар аст.

Албатта, ин танҳо бо истифодаи оқилонаи захираҳои замин ва об имконпазир аст.

Соли 1997 ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ 0,12 гектар замини кишт рост меомад. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2027 бо сабаби афзоиши аҳолӣ, заминҳои корам ба ҳар сари аҳолӣ то 0,05 га коҳиш меёбанд.

Таносуби сарбории демографӣ

Маблағи сарбории кӯдакон ва пиронсолон сарбории умумии демографиро ташкил медиҳад. Таносуб (коэффисиент)-и сарбории демографӣ мустақиман хароҷоти молиявӣ ба сиёсати иҷтимоиро дар давлат инъикос мекунад. Масалан, зимни афзоиши ин таносуб хароҷот ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, пардохти нафақа ва ғайра бояд зиёд карда шаванд.

Барои Тоҷикистон коэффисиенти сарбории умумии демографӣ ба 59,5% баробар аст.

Ин маънои онро дорад, ҷумҳурӣ сарбориии нисбатан баланди иҷтимоиро барои ҷомеа эҳсос мекунад.

Ҳар як шахси машғули кор дар ҷумҳурӣ барои чизи зарурӣ ба худаш бояд қариб 2 маротиба зиёдтар музд гирад.

Сурат: Global Look Press

Гузаштан ба марҳилаи нави демографӣ

Мувофиқи таҳқиқоти шуъбаи демографияи Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АМИТ, дар соли 2017 пурсидашудагон асосан дорои 2-4 фарзанд (64,8%) буданд, дар ҳоле ки дар соли 2012 қисми асосии пурсидашудагон 4-7 фарзанд (87,4%) доштанд.

Ба ин тариқ, солҳои охир дар Тоҷикистон раванди майл ба оилаҳои камфарзанд мушоҳида мешавад, дар ҳамин ҳол, ҳиссаи оилаҳо бо се фарзанд дар гурӯҳи таҳқиқот аз ҳама бештар буд.

Тибқи пешгӯии мутахассисони Пажуҳишгоҳ, аз лиҳози равонӣ аҳолӣ пурра ба коҳиши босуръати таваллуд омода нест. То ба ҳол таъсири омилҳои анъанавии таваллуд натанҳо дар зеҳни аҳолӣ, балки дар тарзи ҳаёти онҳо низ қавӣ аст. Аз ин рӯ, таваллуди баланд то солҳои 2035-2050 боқӣ мемонад.

Ба афзоиши босуръати аҳолии Тоҷикистон дар солҳои баъди истиқлолият он далел низ мусоидат кард, ки аксарияти аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ дошта, тарзи ҳаёти деҳотӣ доранд. Оилаҳои деҳот барои кор дар саҳро ба дасти корӣ ниёз доранд, аз ин рӯ, зарур аст, ки дар оила 4-5 фарзанд бошад.

Аммо дар солҳои минбаъда бо рушди технологияҳои нав, гузариши Тоҷикистон ба роҳи саноатӣ (индустриалӣ)-и рушд, вазъ ба таври куллӣ тағйир хоҳад ёфт.

Номзади илмҳои иқтисодӣ Акбар Субҳонов вазъи демографиро хушбин мешуморад. "Барои ҳалли мушкилот се чизро бояд назорат кард: баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақсимоти одилонаи замин байни ҳамаи корбарони он ва албатта, рушди истеҳсолот бо истифода аз технологияҳои нав", - мегӯяд ӯ.

Дар ин ҳолат, ба гуфтаи олимон, афзоиши кунунии аҳолии Тоҷикистон беназорат нахоҳад буд. Ва дар баробари рушди иқтисод ва афзоиши некӯаҳволии мардум, мушкилоти кунунии демографӣ аз байн хоҳанд рафт. Ба ҷои ин, навъи тозаи демографияи муосир меояд, ки барои кишварҳои пешрафта хос аст.

ДАР ҲАМИН ҲОЛ:

Аз афзоиши демографӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз истиқбол мешавад ва ҳеҷ кас сатҳи таваллудро назорат намекунад.

Ба ақидаи коршиносони Бонки авруосиёии рушд, афзоиши демографӣ ба рушди иқтисоди давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Аҳолии дар ҳоли афзоиш қарордоштаи минтақа бозори васеъи фурӯш ва манбаъҳои афзояндаи захираҳои меҳнатиро ташаккул медиҳад.

Демограф аз Ӯзбекистон, доктори илмҳои ҷомеашиносӣ Азамат Сеитов бар ин назар аст, ки танзими моҳирона ва таваҷҷӯҳи бештар ба сармояи инсонӣ, захираҳои инсониро ба яке аз имкониятҳои рушди минбаъдаи иқтисоди кишварҳо табдил медиҳад.

"Назорати таваллуд бемаънӣ аст. Ва ин ба давлат лозим нест", - чунин мешуморад ӯ.

Ба ақидаи раиси Сенати парлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев, барои кишвари ӯ бе афзоиши аҳолӣ то 30-40 млн нафар, рушди қаламрави бузург дар даҳсолаи оянда хеле душвор хоҳад буд. Аз ин рӯ, афзоиши шумораи аҳолии кишвар то 40 млн нафар масъалаи стратегӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.