Сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов бар ин назар аст, ки пас аз CОVID-19 ҷаҳон ҷиддан тағйир меёбад. Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ӯ изҳор дошт, ки пандемияи коронавирус ҳамаи одатҳои иҷтимоии одамонро сар аз риояи истеъмоли ғизои парҳезӣ то парвозҳои байнулмилалӣ тағйир медиҳад.

Сиёсатшинос мутмаин аст, ки мафҳуми нави “масофагирии иҷтимоӣ” тадриҷан аз муносибатҳои шахсӣ ба робитаҳои байнидавлатӣ мегузарад.

“Рӯйдодҳои воқеӣ гувоҳи онанд, ки давлатҳои як иттиҳоди минтақавӣ ба кумаки саривақтӣ ба ҳамсояҳои осебдида шитоб надошта, абарқудратони ҷаҳон – ИМА ва Чин ба ҷойи муттаҳидсозии талошҳо баҳри муборизаи глобалӣ бо ин пандемия, ба гунаҳкор кардани ҳамдигар машғуланд. Дар ҷараёни конфронсҳои видеоӣ заифии сохторҳои СММ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ошкор шуд, ки дар мубориза бо ин мушкили сартосарӣ ба фаъолият дар ҷаҳони виртуалӣ маҷбуранд”, - таъкид дошт ӯ.

Коршинос мутмаин аст, нишондиҳандаҳои манфии афзоиши ММД дар саросари дунё, ки талафоти имконпазир бо рақамҳои ҳангуфт арзёбӣ мешаванд, имкони хушбиниро нисбат ба  давраи баъди пандемия коҳиш медиҳанд, зеро “кӯрпакашӣ” ба ҷониби худ таҷрибаи маъмулӣ мешавад.

Мадазимов қайд кард, ки “агар дар моҳҳои гарми тобистон хуруҷи беморӣ хотима наёбад, тирамоҳи имсол моро мавҷи дуюми оммавии пандемия мунтазир аст”.

“Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сарони кишварҳо барои дар ниҳояти кор роҳандозӣ кардани муборизаи муштарак бар зидди ин “вабои асри XXI”, аз ҷумла таҳияи ваксина, истеҳсоли оммавӣ, ба ҳамаи гӯшаву канори дунё расонидани он ва эмгузаронии сартосарӣ ҳамагӣ 100-150 рӯз вақт доранд”, - иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, “пандемия возеҳу аён нишон дод, ки сарфи назар аз дастовардҳои гуногуни илмиву техникӣ бо шумули зеҳни сунъӣ, инсон то ҳол як қисми ҷудонашавандаи табиат боқӣ мемонад, ки набояд нисбат ба он озмоишҳои бераҳмона гузаронад, балки қонунҳояшро риоя бикунад”.

“Ҷаҳонишавии минбаъда пеш аз ҳама, ба дастоварду нокомиҳои мубориза бо пандемия вобаста аст. Ҳамоҳангсозии талошҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зери сарварии як ё гурӯҳи кишварҳои абарқудрат ё созмонҳо (СММ, СҶТ ва ғайра) оид ба рафъи пандемия ва оқибатҳои он ба идомаи муваффақонаи ҷаҳонишавӣ имкон медиҳад. Дар акси ҳол, ҳар кадоме аз кишварҳо дар “гӯшаҳои миллии худ пинҳон шуда”, иқтидори пурра ва гаронии зарбаҳои “тақдиру табиат”-ро ҳис ҳоҳад кард”, - афзуд сиёсатшинос.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.