Давоми соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори чанд мақомоти баландпояи кишвар, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Додгоҳи Олӣ, Академияи илмҳо, Кумитаи дин ва Вазорати маориф ва илм интиқод кард.
“Азия-Плюс” дар матлаби зерин интиқодҳои Эмомалӣ Раҳмонро, ки давоми соли 2024 дар вохӯрӣ бо намояндагони ниҳодҳои гуногун садо дод, гирдоварӣ кард.
Аз афзоиши ҳоҷиён то даст ба ҷиноят задани рӯҳониён
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 9-уми март дар арафаи моҳи Рамазон бо фаъолон ва ходимони дин мулоқот кард. Ӯ аз таассубу зиёдаравӣ дар эътиқод, афзоиши ҳаҷи такрории сокинон ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалҳои террористӣ интиқод намуд.
Раисҷумҳур аз исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ ҳангоми ҳаҷ нигаронӣ карда, таъкид намуд, “маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст”, ки метавонист барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум ва корҳои ободонӣ истифода шавад.
Ӯ гуфт, зидди ҳаҷ нест, вале набояд он хусусияти таассубу мусобиқа касб кунад ва ёдовар шуд, ки шариати ислом ҳаҷро як маротиба воҷиб медонад.
Раисҷумҳур мисол оварда, афзуд: “Аҳмад рафт Маккаву Мадина, омад ҳамон Аҳмади порина! Шох набаровардааст.” Раисҷумҳур ба мақомоти масъул, аз ҷумла Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дастур дод, то дар ду моҳ тартиби адои ҳаҷро таҳия кунанд.
Аммо бо гузашти қариб 10 моҳ аз ин дастур, то ҳол норӯшан аст, ки тартиби адои ҳаҷ таҳия шудааст ё дар ин самт дигаргуние рух додааст ё не.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз фаъолияти равияи “Салафия” ва мубаллиғони созмони “Бародарони мусулмон” нигаронӣ карда, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академия илмҳо интиқод намуд, ки пайравони “Бародарони мусулмон” ба ин ду муассисаи илмӣ ҳамчун омӯзгор ва корманд ворид шуда, бо баҳонаи таълими динӣ 124 нафарро ба сафи худ ҷалб кардаанд.
Аз асардуздӣ то бемасъулиятии роҳбарони илмӣ
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30-юми май баргузор шуда буд, аз фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ эрод гирифта гуфт, ки ҳарчанд асардуздии олимони тоҷик аз сӯи ин пойгоҳ фош шудааст, аммо аз ҷонибии КОА барои ислоҳи вазъ ва пешгирии чунин амалҳои номатлуб чораҳои зарурӣ андешида намешаванд.
Раисҷумҳури кишвар зимни мулоқоти мазкур, ҳамчунин асардуздии олимони тоҷик, вазъи кунунии рушди илм, сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ инчунин, сифати тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҷониби олимони тоҷикро интиқод кард.
Ӯ гуфт, ки то имрӯз аз сӯи пойгоҳи “Диссернет” асардуздии 150 олими тоҷик (номзадҳо ва докторҳои илм) фош ва дипломи 7 нафари онҳо беэътибор шудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ин вохӯрӣ инчунин аз фаъолияти якчанд пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳо эрод гирифта гуфта буд, ки бештари хатмкунандагон рисолаи илмии худро ҳимоя накардаанд.
Ӯ ҳамчунин аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъӣ талаб кард, ки “ба фориғболиву бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар ҳарчи зудтар хотима бахшанд”.
Ҳоло маълум нест, ки Академияи илмҳои кишвар барои беҳбуди вазъият ва ислоҳи камбудиҳо ягон чора андешидааст ё не. Ҳамчунин, номаълум аст, ки КОА барои ислоҳи вазъ ва пешгирии чунин амалҳои номатлуб чӣ чораҳо андешидааст.
Интиқоди шадид аз соҳаи маориф
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Рӯзи дониш аз камбудиҳои соҳаи маориф интиқод кард ва ба масъулин, аз ҷумла вазири маориф ва илм барои бартараф кардани он ду сол мӯҳлат дод.
Норасоии омӯзгорон, таъмирталаб будани мактабҳо, рақамикунонии соҳаи маориф, норасоии китобҳои дарсӣ, таъмин набудани мактабҳо бо синфхонаҳои фаннӣ, ҷамъоварии маблағ аз хонандагон, ҷалби хонандагон ба истиқболи мансабдорони давлатӣ аз муҳимтарин масоиле буд, ки раисҷумҳур зимни суханрониаш изҳори нигаронӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз таҷрибаи ҷалби мактаббачагон ба истиқболи мансабдорони давлатӣ шадидан танқид намуд. Ӯ гуфт, “ҳатто барои сафарҳои президент ин корҳоро накунед”.
“Кӯдакҳоро бурда дар қади роҳҳо рост мегузоред. Чӣ гуноҳ доранд бечораҳо? Соатҳои дароз дар шамол, хунук, барф ва борон рост меистанд. Чӣ, президент хонандаро надидааст? Кӯдакро надидааст?!”, - пурсид Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ илова кард, ки ин корро манъ кардааст аз он худдорӣ кардан лозим аст, чунки ба қавли раисҷумҳур ин кор ҳатто ҷазоро низ пешбинӣ намудааст. Раисҷумҳур афзуд, ки мансабдорон меҳмон нестанд, ки пешвозашон бигиранд.
“Омадаст, хуш омада! Ватанаш аст. Биёяд, бинад ва камбудиҳои соҳаашро ислоҳ кунад. Меҳмон нест вай. Меҳмон аз давлати хориҷӣ меояд”, - хитоб кард Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, ки баҳси ҷалби мактаббачагон ва донишҷӯён ба тамринҳои идона ё “маршировка” ва пешвозгирии раисҷумҳур, вазирону раисон чандин сол аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ мегардад ва то имрӯз ҳалли худро наёфтааст.
“Азия‑Плюс” баъди интиқоди Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти асосии соҳаи маорифро, ки бидуни ҳалли он намешавад пешравиеро дар ин самт интизор буд, гирдоварӣ намуд, ки метавонед дар матлаби “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа” мутолиа кунед.
Аз оғози парванда барои “лайк” то фаъолияти сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар Русия
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро низ барои “беасос боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” дар Интернет ва ҳамчун “далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида” интиқод карда, гуфт, “ба ин амал бояд хотима дода шавад”. Ӯ ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр, дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилии кишвар таъкид кард.
Омили аслии интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз “беасос боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” ва “далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида” чӣ метавонад бошад? Дастури раиси ҷумҳурро чӣ гуна метавон иҷро ва вазъи интиқодшударо чӣ тавр метавон ислоҳ кард, дар матлаби зерини “Азия-Плюс” хонед.
Раисҷумҳур зимни ин мулоқот ҳамчунин аз фаъолияти ба гуфтааш, “сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон” дар қаламрави Русия танқид карда гуфт, ки “гурӯҳи корӣ рафта, вазифаҳои онҳоро иҷро карда истодааст”.
Эмомалӣ Раҳмон аз хатари қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор нигаронӣ карда гуфт, ки воридшавии он “нисбат ба соли гузашта зиёд шуда истодааст ва вазъият дар ин самт ташвишовар боқӣ мемонад”.
“То ҳол дар ҷойҳои дилхушӣ ва ҷамъиятӣ фурӯши маводи мухаддири синтетикӣ ҷой дорад ва шумораи нашъамандон ҳанӯз зиёд мебошад”, - таъкид кард ӯ.
Ӯ аз мақомоти дахлдор қатъӣ талаб кард, ки фаъолияти худро вобаста ба пешгирии гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор “куллан тағйир диҳанд”.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз тартиби ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон ба мактаб бори дигар интиқод карда гуфт, ки “гарчанде дар суханронии худ рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ таъкид карда будам, ки тартибу низоми ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат қарор дода шавад, лекин то ҳанӯз ин камбудиҳо ҷой доранд”.
Интиқод аз фаъолият то ришвахории додрасҳо
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр дар пайи ифтитоҳи бинои нави Додгоҳи Олӣ бо додрасҳои тоҷик мулоқот кард ва аз фаъолияти онҳо сахт интиқод карда гуфт, ки аз ҳама бештар аз кори онҳо шикоят дастрас мекунанд.
Ӯ афзуд, ки аз соли 2020 то 10 моҳи соли 2024 аз кори додрасҳои тоҷик ба дастгоҳи президент 4 ҳазору 332 муроҷиат ворид гардидааст, ки бархеи онҳо “бинобар яктарафа баррасӣ гардидани даъвоҳо такрор ба такрор муроҷиат” кардаанд.
Раисҷумҳур аз ҷиноятҳои додрасҳо, махсусан фасодкорӣ нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, дар 10 соли охир, (2014-2024) нисбати 45 додрас, муовин ва раиси додгоҳ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ ва онҳо зиндонӣ ё аз сафи додгоҳ ронда шудаанд. Ба таъкиди ӯ, дар ин давра дар маҷмуъ, 107 корманди мақомоти додгоҳӣ даст ба ҷиноят задаанд, ки асосан фасодкорӣ будааст.
“Ҷиноятҳои содиршуда, асосан, дорои хусусияти коррупсионӣ, аз ҷумла қаллобӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, ришвагирӣ, баровардани ҳукми ноодилона аз ҷониби судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ мебошанд”, - изҳор дошт раисҷумҳури кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон нигаронӣ кард, ки сол аз сол ҷиноятҳо аз сӯи додрасро зиёд мешавад ва танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ “16 корманди ин ниҳод 26 ҷиноят содир кардаанд”.
Бояд гуфт, бори аввал нест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳо интиқод ва аз фасодкорӣ дар ин соҳа нигаронӣ мекунад. Ӯ 5 сол пеш низ дар суҳбат бо додрасҳо гуфта буд, ки “амали коррупсионӣ на танҳо обрӯ ва нуфузи мақомоти судиро паст мекунад, балки эътимоди мардум ва эътибору эҳтироми давлатро коста мегардонад”.
Дар хусуси сабабҳои даст ба фасод задани додрасҳои тоҷик дар матлаби “Барои паст задани шаъну эътибор”. Чаро вақти барканорӣ гуноҳи додрасҳоро мушаххас намегӯянд?”, метавонед мутолиа кунед.
Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни вохӯрӣ бо масъулини ниҳодҳои гуногуни кишвар, олимону аҳли зиё ва дигар намояндагони ҷомеаи кишвар вазъи соҳа ва фаъолияти онҳоро баррасӣ карда, аз норасоиву камбуди соҳа интиқод мекунад ва барои бартараф кардани он дастур медиҳад.
Ҳамчунин, зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон низ ӯ ҳар як соҳаро муфассал мавриди таҳлил қарор дода, барои рушди он супориш медиҳад.
Аммо, то куҷо интиқоди раисҷумҳур ба ислоҳу беҳбуди вазъ мусоидат мекунад ва масъулин то куҷо супоришҳоро пурра иҷро мекунанд, дар бештар маврид барои ҷомеа норӯшан боқӣ мемонад.
Соли гузашта Тоҷикистон ба куҷо, чӣ қадар ва бо кадом нарх барқ фурӯхт?
Дар Чувашистони Русия ҳам кор барои муҳоҷирон дар чандин соҳаро манъ мекунанд
Қариб 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати муҳоҷироне, ки Амрико мехоҳад онҳоро ихроҷ кунад
Беш аз 10 қонуни нав. Акнун муҳоҷирони тоҷикро дар Русия чӣ интизор аст?
Чаро “Почтаи тоҷик” ба Русия нома ва баста ирсол намекунад? Раиси нави Хадамоти алоқа шарҳ дод
Тоҷикистону Русия масоили муҳими муҳоҷиратро баррасӣ карданд
Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ гуфт, ихроҷи муҳоҷири тоҷик аз Русия “кам шуд ва ҳоло ҳар рӯз 12 кас “депорт” мешаванд”
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби манъи воридоти чорво ва баъзе маҳсулоти чорводориро аз Тоҷикистон ба Русия шарҳ дод
“Иқлими номусоид ва фиреби соҳибкорон”: Раиси Мастчоҳ ду сабаби иҷро нашуднии нақшаи ҷамъоварии пахтаро гуфт
Бонки олмонӣ ба Тоҷикистон дар таъмиру навсозии беморхонаҳо кумак мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста