Чемпиони Осиё-2019 оид ба бокс - намояндаи Тоҷикистон Баҳодур Усмонов ғолиби Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи 11-умибайналмилалӣ ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов аз 4 то 8 июн дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор гашт.

Гуфта мешавад, дар мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Руссия ширкат карданд.

Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кг дар даври муқаддамотӣ ҳарифонашро аз Қазоқистон (2 нафар) ва Озарбойҷон мағлуб кард. Дар марҳилаи ниҳоӣ муштзани маъруфи қазоқро шикаст дод ва сазовори медали тилло гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки ин сеюмин медали тиллои Баҳодур дар соли равон мебошад. Ӯ моҳи феврал дар Мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Д. Шопоков дар Қирғизистон ва моҳи апрел дар Чемпионати Осиё дар Тайланд медали тилло ба гардан овехта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.