Дар шаҳри Екатеринбурги Русия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни мардон ҷараён дорад. Дар вазни то 81 кило муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар рақобати аввал бо ҳисоби 4 бар 1 бар намояндаи Шветсия дастболо шуд.

Рӯзи 15 сентябр Шаббос дар даври 1/16 финалӣ бо муштзани Миср  Абдураҳмон Арабӣ қувваозмоӣ мекунад.

Дар вазни то 63 кило боксчии дигари тоҷик Баҳодур Усмонов имрӯз дар даври аввал бо варзишгари Украина Александр Железняк ба рақобат пардохта, дар сурати пирӯзӣ ба даври 1/16 финалӣ роҳ меёбад.

Дигар намояндагони Тоҷикистон дар чемпионат - Бахтовар Сагизов (вазни то 57 кило) ва Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75 кило) дар даври аввал бо ҳисоби якхелаи 0 бар 5 мутаносибан аз муштазанони Марокаш ва Мексика шикаст хӯрданд.

Мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон дар Екатеринбург байни мардон бори аввал дар таърихи Русия баргузор шуда, дар он 488 нафар муштзанон аз 91 кишвари дунё иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.