Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Давронҷон Эргашев, ки мавсими гузашта дар ҳайати дастаи “Хуҷанд” ҳунарнамоӣ кард, минбаъд дар чемпионати Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти дастаи “Хуҷанд” хабар медиҳад.
Давронҷон Эргашеви 31-сола беҳтарин ҳимоятгари чемпионати Тоҷикистон дар мавсими соли 2019 эътироф шуда, дар бораи ҳамкорӣ бо тими “Бунёдкор”-и шаҳри Тошканд созиш ҳосил кард. Ин даста барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 талош дорад.
Дастаи футболи “Хуҷанд” ба Давронҷон Эргашев барои ҳамкорӣ ва саҳмаш дар дастовардҳо изҳори сипос намуда, дар тими нав барояш комёбӣ орзу кард.
Тӯли солҳои гуногун Давронҷон Эргашев дар ҳайати дастаҳои “Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ», «Истиқлол», «Жетису», «Тараз» (ҳар ду – Қазоқистон) ва «Габала» (Озарбойҷон) ҳунарнамоӣ кардааст. Дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон ӯ аз соли 2008 дар 50 бозӣ ширкат варзидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.