Самбокори навраси тоҷик Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар вазни зиёда аз 98 кг байни ҷавонон (16-17-сола) ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон шарафёб гардид.

Фарзиншоҳ Ҳусейнов шогирди мактаби варзишии Устопириён дар Ланглифи вилояти Суғд мебошад.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо намояндагони Тоҷикистон 7 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ – ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 17 нафар дар самбои варзишӣ намояндагӣ карданд. Қувваозмоиҳо аз рӯи се синну сол баргузор шуд.

Миёни ҷавонон Субҳиддин Халилзода (-71 кг) ба гирифтани медали нуқра, Мусаниф Миробов (-58 кг) ва Анис Субадоров (-64 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Ба иттилои манӣбаъ, медали дигари нуқраро Абдуллои Ориф дар вазни -64кг миёни наврасони 16-18-сола соҳиб шуд.

Зикр мегардад, ки миёни наврасони 14-16-сола Муҳаммадамин Лоиқов (-64 кг) ва Аминҷони Абдулфайёз (-71 кг) сазвори медали биринҷӣ шуданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо рӯзҳои 14-16 октябр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор шуда, дар он варзишгарони 24 давлат иштирок карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқот дастаи Русия бо касби 51 медал зинаи 1-ум, Қазоқистон бо 42 медал - зинаи дуюм (42 медал) ва Арманистон бо 20 медал -  мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.