Намояндаи Тоҷикистон Наврӯзи Каримзод дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардид.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш рӯзҳои 23-28 ноябр дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар чемпионат варзишгарон аз 60 давлат иштирок карданд. Тоҷикистонро 3 варзишгар - Муҳаммадризо Қувватов (-60кг), Наврӯзи Каримзод (-73кг) ва Фаррух Маҳмудов (-81кг) намояндагӣ карданд.

“Аз миёни онҳо Наврӯзи Каримзод дар вазни -73кг ба гирифтани медали биринҷии Чемпионат мушарраф шуд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Зикр мегардад, ки Муҳаммадризо Қувватов ва Фаррух Маҳмудов то даври чорякфинал баромада, вале дар рақобат барои роҳ ёфтан ба нимфинал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

Дар ҳисоби даставӣ Ӯзбекистон, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ се зинаи аввали чемпионатро ишғол намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.