Мунтахаби футболи Русия дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) иштирок намекунад. Дар ин бора котиби генералии Иттифоқи фуболи Русия Максим Митрофанов хабар додааст.
“Дастаи Русия аз иштирок дар чемпионати Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ даст кашид. Мо як қатор душвориҳои тадорукотӣ дорем: мутаассифона, маҷбур шудем, ки рад кунем. Намехоҳам масъалаҳои шахсии моро бо CAFA ин ҷо зикр кунам. Ҳоло сарбории ҷисмонии бозингарон зиёд аст, танаффус хеле кӯтоҳ аст”, - овардааст гуфтаҳои Митрофановро портали Чемпионат.ру.
Мавсим дар Премйер-лигаи футболи Русия 3 июн ба охир расида, дар ин рӯз 8 бозии даври 30-юми чемпионат гузаронида мешаванд. Рӯзи 11 июн бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Русия доир мегардад. Ба ин тариқ, оғози чемпионати CAFA ба бозии финалии ҷоми миллӣ рост омада, ба ҷамъоварии ҳайати мукаммал ва имкони баргузории ҷамъомадҳои тамрину омӯзишӣ монеъа эҷод мекунад.
Дар ҳамин ҳол, аз эҳтимол дур нест, ки ба мусобиқаи Чемпионати CAFA доварони Русия даъват карда шаванд.
“Агар дархост кунанд, албатта, мо розӣ мешавем. Барои доварони мо низ ин як таҷрибаи муҳими байнулмилалӣ хоҳад буд. Дар худи CAFA низ доварони ҷавони боистеъдод зиёданд”, - иброз доштааст Митрофанов.
Котиби матбуотии мунтахаби футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев дар мусоҳиба ба нашрияи “Спорт-Экспресс” ба ин тасмими тими милии Русия чунин изҳори назар кардааст:
“Бо Русия ё бе ин тим дар ҳама гуна ҳолат чемпионат баргузор мешавад. Барои дастаи мо чемпионати CAFA як марҳилаи омодагӣ ба даври финалии Ҷоми Осиё аст, ки моҳи январи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад”.
Ӯ ҳамчунин бар ин назар аст, ки аз иштирок дар чемпионат даст кашидани тими миллии Русия ҷолибиву шавқоварии мусобиқаро кам нахоҳад кард.
“Албатта, агар дастаи Русия иштирок мекард, таваҷҷуҳ ба он дар Русия хеле зиёд мешуд. Лекин ин маънои оно надорад, ки ҷолибияти мусобиқа кам мешавад. Ҳайати дастаҳои минтақаи мо хуб аст. Чор даста - Тоҷикистону Эрон ва Ӯзбекистону Қирғизистон дар даври финалии Ҷоми Осиё иштирок мекунанд. Ва ин мусобиқа як марҳилаи хуби омодагӣ барои онҳо ба Ҷоми Осиё, инчунин марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 хоҳад шуд, ки аллакай моҳи ноябр оғоз мешавад”, - илова кардааст Солиев.
Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аз 9 то 21 июн дар шаҳрҳои Бишкек ва Тошканд доир мегардад. Дар он тимҳои миллии футболи Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.