Шоми дирӯз, 6-уми июн, футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии панҷуми марҳилаи дуюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0 бар 3 мағлуб шуданд.
Нимаи якуми ин рақобат бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 анҷом ёфт. Урдуниҳо ҳар се голи худро дар қисми дуюми бозӣ ба ҳадаф расониданд.
Баъди ин бохт сарфи назар аз бозии охири Тоҷикистон, ки бар муқобили Покистон дар Душанбе баргузор мегардад, футболбозони тоҷик имконияти роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдии бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонро аз даст доданд.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, лоиҳаи стратегияи рушди футбол дар Тоҷикистон - “Орзу-2026”, ки солҳо қабл барои рушди футболи кишвар ва роҳхат гирифтани тими миллӣ ба Ҷоми Ҷаҳон-2026 татбиқ шуда буд, ноком шуд.
Тими миллии Тоҷикистон якҷо бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Урдун ва Покистон дар гурӯҳи “G”-и мусобиқот ҷой гирифта буд.
Баъди бозиҳои даври панҷум аз ин гурӯҳ ду даста, Арабистони Саудӣ ва Урдун зинаҳои якум ва дуюми гурӯҳро ишғол карда, ба марҳилаи сеюми рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 роҳи худро ҳамвор сохтанд. Дар баробари ин, ин дастаҳо роҳхати Ҷоми Осиё-2026-ро ҳам ба даст оварданд.
Тоҷикистон дар панҷ бозии худ бо як ғалаба, ду мусовӣ ва ду бохт соҳиби 5 имтиёз гардида, дар зинаи сеюми гурӯҳ мавқеъ касб кардааст.
Бояд гуфт, ки дар таърихи футболи тоҷик ягон маротиба дастаи мунтахаби футболи кишвар ба марҳилаи сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон роҳ наёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон аз 11 июн то 19 июли соли 2026 баргузор мегардад ва бори нахуст се кишвар - Канада, Мексика ва ИМА ин мусобиқаро мизбонӣ мекунанд. Ҳамчунин бори аввал дар ин мусобиқот 48 даста иштирок мекунанд.