Якчанд сол пеш дар  лигаи аз ҳама пурнуфузи муҳорибаҳои омехта - UFC ягон размикори тоҷик набуд, лекин дар ҳамин ҳол, ҳар кадоме аз онҳо кӯшиш мекард, ки ба он ворид шавад. Бархе барои ба мақсад расидан хеле наздик буданд, лекин каме корашон омад накард. Баҳори соли 2023 якбора чор варзишгари тоҷик ба UFC ворид шуданд

Мавқеи размикорони тоҷик

Ҳамаи размикорон тоҷик дар лигаи асосии ҷаҳон тибқи қарордод 4 рақобат мегузаронанд ва мутаносибан барои якчанд рақобат қарордод бастаанд, ки барои онҳо як ҷанбаи мусбат дорад. Варзишгарони тоҷик имкон доранд, ки мавқеи худро дар UFC мустаҳкам кунанд.

Онҳо аз ин имконият истифода мебаранд, ҳарчанд ҳар кадоме ба тарзи худ. Муин Ғафуров ва Лоиқ Раҷабов ду муҳорибаро бохта, дар дутои дигараш дастболо шуданд. Ҳоло онҳо дар интизори шартнома барои чор муҳорибаи навбатӣ ҳастанд. Интизор меравад, ки ин ба зудӣ маълум мешавад.

Нурулло Алиев то ҳол ду муҳориба анҷом дода, дар ҳардуяш пирӯз шудааст. Аммо дар бораи чизе бештар гуфтан ҳанӯз барвақт аст, зеро муҳим он аст, ки ӯ дар ду муҳорибаи оянда чӣ гуна ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Мутахассисони UFC ин равандро бодиққат назорат мекунанд ва ба ғайр аз пирӯзиҳо, инчунин ба ҷолибияти муҳорибаҳо таваҷҷуҳ хоҳанд кард. То ҳол Алиев таассуроти хеле қавӣ нагузоштааст.

Аммо беҳтарин омори байни размкаронони тоҷикро Муҳаммад Наимов дорад, ки чор муҳорибаро бурда, танҳо як бор шикаст хӯрдааст. Бо ӯ аллакай барои чор муҳорибаи дигар шартнома баста шудааст. Ҳоло ӯ мехоҳад ба раддабандии 15 варзишгари беҳтарини дивизиони худ ворид шавад, аммо барои ин ҳанӯз вақт лозим аст.

Мақоми баландтарини ҷаҳониро дар байни варзишгарони тоҷик Муҳаммад «Hillman» Наимов соҳиб аст – ӯ дар радабандии ҷаҳонии дивизиони худ дар ҷои 26-ум қарор дорад (ду зина поёнтар аз навсозии қаблӣ). Муин «Taджик» Ғафуров дар мақоми 39-ум аст (26 зина боло рафтааст).

Нурулло Алиев дар зинаи 46-ум ҷойгир шудааст – «Уқоби тоҷик» мавқеашро даҳ зина боло бурд. «Танки тоҷик» Лоиқ Раҷабов мавқеи 58-уми худро нигоҳ доштааст (се зина боло рафт).

Мавқеи размикорон аз Тоҷикистон
Сурат: UFC

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.