- “Ҷинояткоронро зинда дастгир кардан ё аз байн бурдан” – ҳамааш маҳз ба чӣ гуна фармон содир шудан вобаста аст, - гуфт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” собиқадори Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон дар посух ба саволи бо чӣ сабаб безарар гардонида шудани ҷинояткорони дастдошта дар куштори сайёҳони хориҷӣ.

Номбурда замоне дар якчанд амалиёти махсуси дастгир ё безарар гардонидани аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ иштирок кардааст.

Полковники мустаъфии милитсия бидуни ифшои ному насаб изҳор намуд, ки маъмулан ба ин гуна амалиёт ҷангиёни ОМОН, ВКД ва гурӯҳи “Алфа”-и КДАМ Тоҷикистон сафарбар мешаванд.

“Пас аз ошкор шудани макони пинҳоншавии ҷинояткорон, аз ҳисоби ҷангиёни воҳидҳои махсус гурӯҳҳои иҳотаи гирду атрофи пинҳонгоҳ, мерганҳо (снайперҳо), мушоҳидон, боздошт ва ҳамла таъсис дода шуда, аҳолии иқоматдошта дар наздикии маҳалли баргузории амалиёт бояд ба ҷойи бехавф кӯчонида шавад”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи мерганҳо ва ҳамлагарон зимни гумони камтарини истифодаи ҳама гуна навъи аслиҳа аз ҷониби ҷинояткорон ё эҷоди хатар ба ҳаёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, метавонанд барои куштани онҳо оташ кушоянд.

“Лекин баъзан фармонҳое чун “ба ҳар қимат зинда дастгир кардан” содир мешавад. Дар ин ҳолатҳо ҷангиён ҳатто ба ивази ҷони худ ба иҷрои фармон уҳдадор мешаванд. Дар таҷрибаи кори ман чунин фармонҳо содир нашуда буданд”, - илова кард коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.