Тайи чанд соли охир Тоҷикистон ба масоили рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Ду сол пайиҳам дар кишвар соли сайёҳӣ эълон мешавад.

Мо тасмим гирифтем, ки рақамҳои марбут ба сайёҳӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2018-ро бо нимсолаи якуми 2019 муқоиса карда, дигаргуниҳои ин соҳаро муайян созем.

Теъдоди сайёҳон

Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, дар нимаи аввали соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 604,1 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ворид шуданд, ки аз ин шумор 550 ҳазор нафар саёҳонанд.

Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар ин давра шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон аз ИДМ омаданд, 556,8 ҳазор нафарро ташкил дод (92,2% аз теъдоди умумӣ). Аз кишварҳои хориҷи дур 47,4 ҳазор нафар омаданд (мутақобилан 7,8% теъдоди умумӣ). Дар муқоиса бо нимсолаи аввали 2018 шумораи шаҳрвандони хориҷии воридшуда 74,8 ҳазор нафар афзудааст.

Теъдоди бештари хориҷиён ба Тоҷикистон аз кишварҳои ИДМ омаданд: Ӯзбекистон – 393,5 ҳазор нафар, Русия – 93,7 ҳазор, Қирғизистон – 55,2 ҳазор ва Қазоқистон – 9,3 ҳазор. 

Акс аз торнамои molbulak.ru

Аз дигар мамолики хориҷӣ шумораи бештари шаҳрвандон аз Афғонистон – 10,5 ҳазор нафар, Чин – 10,3 ҳазор, Туркия – 3,1 ҳазор, ИМА – 2,7 ҳазор, Эрон – 2,5 ҳазор омаданд. Ҳамчунин аз Ҳиндустон – 1,7 ҳазор нафар, Германии – 1,5 ҳазор, Бритониё – 0,9 ҳазор, Ҷопон – 0,7 ҳазор, Канада – 0,6 ҳазор ва аз кишварҳои дигар 12,9 ҳазор нафар вори шудаанд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки 1 млн. 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар соли 2018 аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки назар ба соли қаблӣ 2,6 баробар бештар аст.

Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон барои 45 ширкати нави сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолият дода шудааст. Ба ин тариқ, айни замон дар кишвар 190 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад.

Имтиёзҳо

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қарори Ҳукумати ҶТ аз 12 апрели соли 2018 таҳти №189 “Дар бораи иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мешаванд” қабул гардид. Дар давоми соли 2018 ба Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ аз ҷониби бахши хусусӣ 9 дархост ҷиҳати баҳраварӣ аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ ворид шуд.

Осоишгоҳи "Зумрад". Акс аз торнамои zumrad.tj

Барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар нимсолаи аввали 2019 муроҷиати 6 субъекти соҳибкорӣ, аз қабили ҶДММ МГТС “Нурафшон”, ҶСП “Холдинг Осиё Гуруҳ”, ҶСК “Зумрад”, ҶСП “Руҳафзо”, ҶДММ “Дарё” ва корхонаи фаръии “Алюминсохтмон” мавриди корбарӣ қарор дода шуд.

Айни замон дар Тоҷикистон 4400 нафар дар соҳаи сайёҳӣ кор мекунанд, ки 745 нафар бештар аз ҳамин давраи соли 2018 мебошад.

Меҳмонхонаҳо

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар семоҳаи якуми соли 2019 бо мақсади таъмини хизматрасонии босифат ба шаҳрвандони хориҷии воридшуда 168 меҳмонхона (бо назардошти шахсони воқеӣ), 5 меҳмонхонаи панҷситорадор, 14 меҳмонхонаи чорситорадор, 24 меҳмонхонаи сеситорадор, 7 меҳмонхонаи дуситорадор ва 1 меҳмонхонаи якситорадор, инчунин 117 меҳмонхонаи бедараҷа фаъолият кардаанд.

Ҳамчунин дар ин давра ба сайёҳон 20 адад мотелу ҳостелҳо (10 адад бештар аз ҳамин давраи соли гузашта), 42 осоишгоҳ (12 адад зиёд), 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ (1 адад зиёд) ва 3 пойгоҳи сайёҳӣ (1 адад зиёд) хизмат расониданд.

Масоҳати умумии субъектҳои хизматрасонӣ (меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо) дар давраи ҳисоботӣ 187,9 ҳазор метри мураббаъро ташкил додааст (нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 нишондоди мазкур 42,8 ҳазор метри мураббаъ афзудааст).

Меҳмонхонаи "Парламент" дар Хуҷанд. Акс аз торнамои pph.tj

Даромад

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии даромад аз соҳаи сайёҳӣ 107 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 млн. сомонӣ камтар аст. Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, дар соли 2018 ҳаҷми умумии даромад 214 млн. сомонӣ будааст.

E-VISA

Аз моҳи январи соли 2017 дар Тоҷикистон низоми пешниҳоди раводиди электронӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ роҳандозӣ шуд. Он ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои корӣ ва сайёҳӣ меоянд, имкон медиҳад, бидуни рафтан ба сафорат ё консулгарии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ дархости онлайниро пур карда, раводиди электрониро ба даст оваранд.

Ҳамчунин бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии сайёҳӣ, барои шаҳрвандони як қатор кишварҳои хориҷӣ тартиби соддакардашудаи гирифтани раводид, истиқомат ва ҳаракат пешбинӣ шудааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми январи соли 2017 таҳти №31 барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби соддакардашудаи гирифтани раводид пешбинӣ шудааст.


Саҳми “Asia-Plus”

Иловаи хурд на ба шакли рақам, балки ҳамчун саҳми “Asia-Plus” ва ширкати “МегаФон Тоҷикистон”. Мо дар давоми тобистон лоиҳаи хеле муҳими “Тоҷикистон аз ту оғоз мешавад!”-ро роҳандозӣ карда будем. Зимнан барои Шумо ва меҳмонони кишвар оид ба чӣ гуна раҳгум назадан дар кӯҳистон, аз кадом ҷойҳои беҳтарин боздид кардан, дар куҷо ғизои хушмаззаи миллӣ пухта мешавад ва чизҳои дигар нақл мешуд.

Ҳарчанд тобистон гузашт, мо ин лоиҳаро давом медиҳем. Андешаю пешниҳодоти худро ба мо фиристед ва мо ҳатман дар бораи ҳар чизе, ки барои Шумо ҷолиб аст, матолиби гуногун таҳия мекунем. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.