ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИИ 5 АПРЕЛ
- Имрӯзи соати 10:00 дар китобхонаи №6-и деҳаи Зимчурӯди Варзоб ва дар мактаби №14-и ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон чорабиниҳо доир мегарданд.
- Ҳамчунин, имрӯз соати 10:00 дар Китобхонаи шӯъбаи бачагонаи ноҳияи Зафаробод маҳфили “Ҳофизхонӣ” таҳти унвони “Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон Ҳофиз” мегузарад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1930 – Экспедитсияи тоҷикӣ-помирии Академияи илмҳои СССР ташкил шуд.
Соли 1930 – Рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” таъсис ёфт, ки баъдан номи он ба “Ҷавонони Тоҷикистон” иваз шуд.
Соли 2010 – Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба шаҳри Душанбе омад.
Соли 2019 – Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар он ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад аз иғвоангезӣ пешгирӣ кунанд.
Ахиран, масоили марзӣ ҳаллӣ худро ёфт ва 31-уми март дар Хуҷанд президентони ду кишвар созишномаи ниҳоиро ба имзо расониданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1950 – Мавлуди Бекмуҳаммад Асомуддинов, ҳунарпешаи театр.
Соли 1962 – Зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Моҳрухсор Сафиева, ки соли 2023 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардид, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, фаъолияти ҳунариашро дар ансамбли фолклорӣ-этнографии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси сароянда оғоз намудааст.
Соли 1989 узви дастаи навтаъсиси “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ гардид ва соли 2004 ба ансамбли навтаъсиси дигари ҳамин кумита “Фалак” гузашт.
Ӯ дар иҷрои сурудҳои халқию фалакӣ маҳорат дорад. “Нолаи дутор”, “Модар”, “Муҳаббат”, “Садқаи номат шавам”, “Афсонаи най”, “Афсуни вафо”, “Ёри ранҷида”, “Худо ёрат бод”, “Ҷони миллат”, “Шаб мегузарад” намунаи таронаҳояш мебошанд.
Соли 1981 – Мавлуди Абдулфаттоҳ Аминзода, фолклоршинос ва фарҳангшиноси тоҷик, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг.
Соли 2003 – Гулчеҳра Сулаймонӣ, Шоири халқии Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Гулчеҳра Сулаймонӣ хонаводаи шоири шаҳиру навовар Пайрав Сулаймонӣ дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ яке аз шоирони бачагонаи тоҷик буд ва барои кӯдакон шеърҳои ҷолибу самимӣ эҷод кардааст, ки “Бибиҷонам меояд” намунаи беҳтарини онҳост.
Гулчеҳра Сулаймонӣ то соли 1988 дар маҷаллаву рӯзномаҳои гуногуни кишвар фаъоляит мекард ва машғули кори эҷодӣ буд. Ӯ муаллифи беш аз 20 маҷмӯаи ашъор мебошад.
“Чил кокули бозигар”, “Имрӯз ид”, “Ду бех олу”, “Чархофалак”, “Лолаҳои дасти ман” аз маҷмуаҳои таълифнамудаи мавсуфанд.
Соли 2021 – Иқбол Тешаев (Илёсзода), журналист, сухангӯи пешини ҳукумати шаҳри Исфара дар 51-солагӣ аз олам даргузашт.

Иқбол Тешаев солҳи ахири зиндагиаш ба унвони сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар баҳсҳои марзӣ бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле фаъол буд. Аз марҳум ба унвони яке аз дастрастарин сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешуд.
Ӯ хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва дар шаҳри Исфара ҳамчунин як маҷаллаеро бо номи “Ганҷи Исфара” таъсис дода, сардабири он буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
5 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ахлоқ таҷлил мешавад. Қарорномаи марбут ба ин сана 25 июли соли 2019 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул шудааст. Ахлоқ, ки қисман синоними этика ва маърифат аст, навъе аз меъёрҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки муносибатҳои байни одамонро дар ҷомеа танзим мекунад.

СММ таъкид мекунад, ки нақши арзишҳои ахлоқӣ дар расидан ба рушди устувори ҷаҳонӣ бузург аст ва ин мутобиқ ба барномаҳо ва вазифаҳои ин ташкилоти байналмилалист.
5 апрели соли 1722 экспедитсияи Якуб Роггевен ҷазираи Пасхаро кашф кард. Голландиҳо аз дидани сокинони ранги пӯсташон сиёҳу сурх ҳайратзада шуданд, вале беш аз он ҳайкалу бутҳои сангини то 20-метра, ки дар соҳил гузошта шуда буданд, онҳоро дар тааҷҷуб монданд.

Имрӯз ҷазираи Пасха ба Чили тааллуқ дорад ва бо ҷазираи Тристан-да-Куня яке аз ҷазираҳои аз ҳама дур аз қитъаҳои аҳолинишин ба шумор меравад. Масофа то соҳили қитъавии Чили 3703 км ва то наздиктарин маҳали зист – ҷазираи Питкерн 1819 км аст.
5 апрели соли 1955 баъди беш аз 50 соли фаъолияти сиёсӣ, Уинстон Черчилл аз мансаби сарвазири Британия истеъфо дод. Ин охирин канораҷӯии ӯ аз мансаб ва сиёсат буд.

Черчилл дар таърихи Британия ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсии асри ХХ боқӣ мондааст, ки дар давраи ҳукмронии шаш подшоҳ - аз малика Виктория то набераи ӯ Елизаветаи II фаъолият кардааст. Ӯ дипломати моҳир ва сиёсатмадори тавоно буд. Яке аз нишонаҳои иродаи қавии ӯ идомаи ҷанг то ғалаба бар фашистони Олмон новобаста аз мухолифати баъзе аъзои ҳукуматаш мебошад.
Имрӯз Рӯзи байналмилалии шӯрбо аст. Таърихи шӯрбо ҳамқадами таърихи санъати пухтупаз аст. Дар ҳар як кишвар шӯрбо бо услуби миллӣ омода мешаванд. Дар ҷаҳон тақрибан 150 намуди асосии шӯрбо вуҷуд дорад ва ҳар навъ дорои чандин вариант аст.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 5 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 11+16º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард, рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 6+8º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 23+25º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста