Дар ноҳияи Фархор аз истеъмоли рустании номуайян ду кӯдаки 6 ва 8-сола фавтиданд. Боз чаҳор нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Онҳоро бо чархбол ба Душанбе интиқол доданд.

Кӯдакони заҳролудшуда айни замон дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” (Қарияи боло) бистариянд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ доданд.

“Ҳамаи кӯдакон аз як оила мебошанд. Аҳли ин хонавода сокини ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор буда, кӯдакон дар пахтазор рустании заҳрогинро истеъмоли кардаанд. Ду фарзанди ин оила – Азизуллои 6-сола ва Сумайяи 8-сола ҷон бохтанд. Айни ҳол Маҳмадуллои 4-сола, Мадинаи 9-сола, Умедаи 5-сола ва  Мунира Сафароваи 3-сола дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ буда, ба онҳо пизишкони ботаҷриба кумаки тиббӣ мерасонанд”, - иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ.

Дар маркази матбуот ҳамчунин гуфтанд, ки намунаи рустании заҳрогин барои таҳқиқот ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ оварда шудааст.  Зимнан таркиби он ва сабаби заҳролудшавӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.