Дар мактабҳои Тоҷикистон аз моҳи сентябр пули иҷораи китобҳои дарсӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт мешавад. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз соли нави хониш - сентябри соли 2024 дар ҳама мактабҳои кишвар пули иҷораи китобҳои дарсӣ ба таври ғайринақдӣ супорида мешавад ва вазорат барои ин замина фароҳам овардааст.
“Вазорати маориф ва илм бо бонки “Амонатбонк” дар ин робита ҳамкорӣ карда истодааст ва ба наздикӣ дар дохили барномаи мобилии “Амонат мобайл” қисмати пардохтҳои ғайринақдии иҷораи китобҳои дарсӣ дар он илова карда мешавад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ӯ афзуд, ки пас аз таҳияи ин барнома волидон метавонанд бо истифода аз телефони мобилӣ пули иҷораи китобҳои дарсии фарзандони худро пардохт кунанд.
Ба гуфтаи Наврӯзи Мирзо, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба василаи ин барнома низоми иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, аз ҷумла даромад, хароҷот, пардохтҳои ғайринақдиро назорат мекунад ва маблағ ба суратҳисоби махсуси Вазорат ворид карда мешавад.
Сухангӯи Вазорат таъкид кард, ки то оғози соли нави хониш ин барнома дар ҳама мактабҳои миёнаи кишвар ҷорӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳи августи соли 2023 Тоҷикистон ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузашт.
Ба гуфтаи кошиносон чанд омил, аз ҷумла омода набудани сокинон, мушкилоти барқ ва интернет боиси пурра ҷорӣ нашудани низоми мазкур мегардад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста