Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе ба муносибати иди Рӯзи Ғалаба ба ҳар яке аз иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин бора дар Телеграм-канали шаҳрдории Душанбе хабар дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Душанбе ҳамагӣ 3 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати назди ҳукумати вилояти Суғд Шавкат Алиев хабар дод, дар ин вилоят ба ҳар кадоме аз иштирокчии ҷанг ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ дода мешавад. Ғайр аз ин, коргарони ақибгоҳ ҳар кадоме 4 ҳазор сомонӣ мегиранд.
Ба сурати умум то 30 апрел дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ монда буданд. Рӯзи 20 апрел собиқадори ҷанг Саид Раҷабов аз олам даргузашт, ки рӯзи 20 май 98-сола мешуд.
Бино ба маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ, соли гузашта собиқадорон 43 нафар буданд, лекин ба иттилои ВАО, теъдоди онҳо 37 нафар зикр мешуд.
Соли 2005 теъдоди собиқадорони ҶБВ 9 ҳазору 900 нафар, соли 2020 - 168 нафар, соли 2021 - 98 нафар ва соли 2022 - 59 нафарро ташкил медод.
“Дар зарфи 19 сол 9 ҳазору 875 собиқадори ҷанг вафот карданд”, - хабар дода будан қаблан дар Шӯро.
Ёдрас мекунем, ки имсол дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба 9 май гузашти ҳарбӣ дар назар нест.
Дар ин бора Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ хабар дод. Ӯ сабаби баргузор нашудани ин чорабиниро шарҳ надод. Ҳамчунин баргузории раҳпаймоии “Ҳанг (полк)-и ҷовидонӣ” низ ҳоло маълум нест.
“Санаи баргузории раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидонӣ” имсол ҳоло маълум нест. То ҳол дар ин бора ба мо супорише нашудааст, агар давоми ҳафта баргузор шудани раҳпаймоӣ муайян шавад, иттилоъ хоҳем дод”, - изҳор доштанд дар шаҳрдории пойтахт.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста